Ба ифтихори ҷашнҳои мубораки 30-солагии Иҷлосияи 16-умпи Шӯрои Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи 16-уми Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, намояндагони комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, мудирону масъулони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан ҳам, дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб мешавад. Заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд. Зикр гардид, ки бо қабули қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.
Таъкид гардид, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар зарфи понздаҳ соли амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони кишварамон ҳифз ва ҳимоя карда шаванд.
Дар конфронс директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ роҳнамои рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон” суханронӣ намуд. Ӯ зимнан қайд кард, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии сиёсиро дар симои яке аз намояндагони халқ Эмомалӣ Раҳмон дақиқан шинохту рӯйи кор овард, ки минбаъд таҳкими асосҳои сулҳу ваҳдат, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди давлатдории навини тоҷик бо фаъолияти созандаи ӯ робитаи ногусастанӣ пайдо карданд. Чунин интихоби вакилони мардумӣ асосҳои воқеӣ дошт, зеро ҳанӯз дар оғози нооромиҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи онҳо дар ҷаласаҳои пештараи Шӯрои Олӣ баромадҳои ҷасуронаи вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои волоият ва ҳимояи қонунҳои амалкунанда равона гардида буданд. Ин суханрониҳо аз он шаҳодат медоданд, ки ӯ дорои хислатҳои дурандешӣ, роҳбарӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҷасорати хосса буда, ҳамчун сиёсатмадори варзида маҳз дар ҳамон солҳои муқовимати шаҳрвандӣ ташаккул ва такомул ёфт.
Ба ҳайси роҳбари сиёсии мамлакат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонро мардуми дар он вазъ ташнаи сулҳу оромии Тоҷикистон фоли нек ҳисобида, дар симои ӯ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро диданд. Иқдоми аввалини ӯ дар ин вазифа аз эҷод кардани сохторҳои нави давлатӣ чи дар сатҳи марказӣ ва чи маҳаллӣ ибтидо гирифт. Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ дар қаламрави тамоми ҷумҳурӣ давлатро ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу амният эътироф намоянд. То Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ риояи ин рукни муҳимми давлатдорӣ амал намекард ва ҳаёти ҷомеа худсарона, бо роҳи истифодаи қувваи фишору зӯрӣ аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадаст ба роҳ андохта мешуд. Мавҷудияти ин падида пояи ҳокимияти қонунии давлатиро суст сохта, хатари парокандашавии воҳидҳои маъмурии ҷумҳуриямонро рӯз то рӯз зиёдтар мекард. Бартараф намудани ин гуна хатарҳои марбут ба фалаҷшавии фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ минбаъд барои татбиқи идораи сиёсии ҳокимияти конститутсионӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон заминаи боэътимоду ҳуқуқӣ омода кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ аз ҷониби бисёр мамлакатҳо ба расмият шинохта шуд. Ин имкон дод, ки байни Тоҷикистон ва мамолики гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстонаи дипломатӣ барқарор гардид ва он ба узвияти як қатор ташкилоту созмонҳои пурнуфузи байналмилалӣ пазируфта шавад. Стратегияи сиёсати байналмилалие, ки дар Иҷлосияи XVI тарҳрезӣ шуда буд, ба Тоҷикистон имкон дод, ки дар давраҳои ниҳоят мураккаб ва ҳассос дар муносибаҳои байналмилалӣ ҳамеша манфиатҳои миллӣ худро пайгирона дифоъ намояд. Интихоби чунин стратегия нишон дод, ки Тоҷикистон минбаъд метавонад шарики боэътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар кишварҳои ҳамҷавори худ дар таъмини амнияти қитъаи Авроосиё гардад. Тоҷикистон имрӯз аз он вазъе, ки миёни солҳои 90-ум қарор дошт, на танҳо бомуваффақият баромад, балки тавонист ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кори таъмини сулҳи минтақавӣ ва мусоидат ба рушди хоҷагии халқи он фаъолона иштирок намояд.
Ҳамин тавр, стратегияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ тарҳрезӣ шуда буд, тайи 30 сол бемайлон ба густариши равобит ва ҳамкориҳои васеъ бо ҳамаи кишварҳои олам мусоидати ҷиддӣ намуд. Дар ин росто равобити васеъ бо кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, давлатҳои босуръат инкишофёбандаи ҷаҳон натиҷаҳои босамару боровар доштааст. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ин ва дигар самтҳои татбиқи сиёсати давлатиамон исбот намуд ва минбаъд ҳам дар сатҳи нав давом додани ин стратегия вазифаи пуршарафи ҳар нафари тоҷикистонӣ аст. Имрӯзҳо низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯёрӯйи зиддиятҳои гуногуни марбут ба диди пешрафту амнияти минтақа ва хатари заиф гаштани суботи байналмиллалӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки дар роҳи таъмини амнияти глобалӣ ва минтақавӣ саҳми босазо дошта бошад.
Ҳамин тавр, ислоҳоти лозим дар соҳаҳои гуногун оғоз гардида, иқтисоди кишвар ба ҳаракат дароварда шуд, ҳимоят аз фаъолияти иқтисодӣ ва ташаббусу иқдомоти сармоягузориҳо роҳандозӣ гардид. Новобаста аз зарбаҳои шадиди буҳронҳои солҳои охир ин сатҳи рушд нигоҳ дошта шудааст. Ҳадафҳои калидии миллии Ҷумҳурии Тоҷисистон таҳкими истиқлол, амният, ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагонии шоистаи мардум мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ин солҳо ба ҷомеаи байналмилалӣ собит намуд, ки арзишҳои шинохташудаи башариро, ба монанди риояи ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ, оини мадоро нисба ба кулли ақаллиятҳои қавмию мазҳабӣ эҳтиром мегузорад.
Дар маҷмуъ, тамоми масъалаҳое, ки дар рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, омили асосии рушду инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз қабили сиёсат, иҷтимоиёт оину фарҳанг ва ғайраҳо гардидаанд. Умедворем, ки бо азму талошҳои минбаъда ва ҷонибдори аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар оянда ба натиҷаҳои аз ин ҳам зиёдтар ноил гардида, рушди устувори мамлакатамонро таъмин менамоем, –гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хайриддин Усмонзода.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи иқтисодиёт ва сиёсати ДДТТ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон: эҳёи худшиносӣ ва эъмори давлатдорӣ» низ Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир гардид. Ҳамоишро директори донишкада дотсент Ҳ.Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмонон ва маърузачиёнро ба иштирокчиён муаррифӣ кард. Конфронс бо иштироки ҳайати васеи меҳмонон, профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада баргузор карда шуда, дар кори он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Усмонзода Х.У., мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои фалсафа профессор Т.С. Султонзода иштирок ва маърузаҳои пурмуҳтавои илмӣ намуданд.
Дар конфронси мазкур деректори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон– сарчашмаи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” суханронӣ кард, ки аз ҷониби ҳозирин мавриди истиқбол қарор гирифт.
Ба ҳамин муносибат дар Донишгоҳи аграрии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур низ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷлосияи таърихии ва Иҷлосияи 16-уми Шурои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Дар ин ҳамоиш дар қатори ходимони сиёсӣ, донишмандону муҳаққиқон, коршиносону омӯзгорон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода дар мавзуи “Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллии тоҷикон” маъруза кард, ки ба иштирокчиёни Конфронси илмию амалӣ писанд омад.
Ширкаткунандагони нишастҳои илмиву амалӣ пиромуни маърузаҳои ироашуда фикру андешаҳои ҷолиб ва арзишманд иброз намуданд.
Ҳамоишҳои мазкур дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардиданд.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон