Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои гуногунҷанба ва бисёрҷанбаро бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба роҳ мондааст, ки бевосита дар баланд бардоштан ва густариши равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ ва ҷаҳони ислом нақши муассир дорад. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба роҳ монда шуд. Санаи 22 феврали соли 1992 Подшоҳии Арабстони Суадӣ истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кард ва худи ҳамон сол шоҳзода Сауд Ал – Файсал, вазири корҳои хориҷии вақти Саудӣ бо як ҳайати баландмартаба ба Душанбе ташриф овард.
Дар ҷараёни ин сафари таърихии вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ шоҳзода Сауд Ал – Файсал Созишнома ва Ёддошти тафоҳум дар хусуси барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид, ки заминаи тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро байни ду кишвар фароҳам овард. Ҳамчунин, дар доираи ин сафар мулоқоту вохӯриҳои судманде байни ҳайатҳои ду кишвар доир гардид.
Аз соли 2008 то ба ҳол сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Саудӣ фаъолият мекунад. Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар соли 2010 сафоратхонаи худ дар Душанберо боз намуд, ки барои боло бурдани ҳаҷми тиҷорат ва танзими рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар бисёр қадами муҳим буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар заминаҳои гуногун бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад, ва Арабистони Саудиро яке аз шарикони муҳими худ дар байни кишварҳои арабӣ медонад.
Подшоҳии Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои пешрафта ва муассир дар ҷаҳони Араб мебошад. Нақши он дар минтақа ва ҷаҳон бисёр назарас аст. Ин кишвар яке аз таъминкунандаи аслии нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ буда, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ ва иқтидори бузургӣ иқтисодӣ дорад.
Нахустин сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 30 – июни соли 1997 анҷом ёфт, ки дар ин сафар Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳи Арабистони Саудӣ Фаҳд ибни Абдулазиз Оли Сауд дидор ва гуфтугӯ намуданд. Зимни мулоқоти расмии роҳбарони ду кишвар маҷмуи васеи ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Саудӣ баррасӣ шуда, барои тақвият ва густариши робитаҳои ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Баъд аз мулоқоти сатҳи олӣ бо подшоҳи ин кишвар валиаҳди Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳузур пазируфт ва барои анҷоми чунин як сафари таърихӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ миннатдории хешро баён намуда, таъкид доштанд ки рушд ва тавсеаи ҳамкориҳо байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаҳои гуногун барои ҳар ду кишвари бо ҳам дусту бародар хеле муҳим аст. Нақши Пешвои муаазами миллат дар густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ хеле бузург аст.
То имрӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба, ба ин кишвар сафар намуда, ҳамеша талош намудааст, ки тамоми зарфиятҳои мавҷуда барои таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, илмию техникӣ ва сайёҳӣ истифода шаванд. Яке аз чунин сафарҳои пурбарор ва таърихӣ сафари давлатии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар санаи 2 январи соли 2016 буд, ки саҳифаи наве дар муносибати ду кишвар боз гардид. Сарвари давлатро бо як тантанаи хос дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Риёз мақомоти баландпояи Шоҳигарии Саудӣ пешвоз гирифтанд. Маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди девони подшоҳии қасри Ямома доир гардида, ба ифтихори ташрифи меҳмони олимақом горди фахрии шоҳӣ саф ороста буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шахсан шоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ, ходими ҳарамайни шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд самимона истиқбол гирифт. Шоҳӣ Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд аввалан ташрифи Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Саудиро хайрамақдам гуфта, аз имкони муҳокимаи бевоситаи масоили вобаста ба густариши робитаҳои ду кишвари дӯст дар заминаҳои мухталиф изҳори хушнудӣ намуд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин имкони дидори худ бо Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд изҳори хушҳолӣ намуда, таъкид дошт мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳимми худ дар ҷаҳони Арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷуҳи доимӣ дорем. Мардумони моро муштаракоти зиёди таърихӣ, тамаддунӣ ва маънавӣ ба ҳам мепайвандад.
Зимни музокироти созанда доир ба роҳҳои таҳким ва густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷорати, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва ҳамгироии муштарак дар таъмини амну суботи минтақавӣ гуфтугуи судманд миёни сарони кишварҳо сурат гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ роҷеъ ба масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ба ҳам наздик ё монанд доранд. Барои дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамкории созандаро ба роҳ мондаанд. Ҳар ду кишвар аз ташаббусҳо ва иқдомҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ мудом дастгирӣ менамоянд. Барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани муносибатҳои ду кишвар кори Комиссияи муштараки Ҷумҳури Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ, ки ҷаласаи нахустини он соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зарур дониста шуд.
Дар доираи ин сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо валиаҳд ва вазири дифои Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дидор ва мулоқот намуд. Дар ин мулоқот валиаҳди Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бин Салмон Оли Сауд бо ёдоварӣ аз ҳаҷми нокифояи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорати байни ду кишвар таъкид дошт. Баъд аз анҷоми вохӯриҳои сатҳи олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёрат ба шаҳри Макка сафар намуданд. Бо дастури вижаи шоҳи Арабистони Саудӣ ходими ҳарамайни шарифайн Салмон бин Абдулазиз Оли Сауд, ки бозгуи таваҷҷуҳи хос ва эҳтироми баланди уст, бар рӯи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дари хонаи Каъба боз шуд, ва ба ӯ муяссар шуд, ки бори дувум вориди хонаи Худо, яъне Каъба шавад ва ду ракъат намоз гузошта, барои Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дуову фотеҳаи нек кунад. Ба чунин шарафи баланд ноил шудани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар ҷаҳони ислом аст.
Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини Ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чандин дафъа нашру дастрас кардани Қуръони карим ба забони тоҷикӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310 солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоён ва таърихии Пешвои миллати тоҷик дар ҷаҳони ислом аст, ки ӯро ба чунин шаъну эътибори баланд расондаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Мутаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамкории зичро ба роҳ монда аст.
Бояд қайд намуд, ки дар соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай расман Арабистони Саудӣ ба ҳайси шарики муколама дар ин созмон қабул шуд, ки саҳми кишвари мо дар ин раванд назаррас буд. Соли гузашта аз барқарории робитаҳои дипломатӣ байни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳури Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат мо шоҳиди сафарҳои кории ҳайатҳои ду кишвар барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои судманд дар тамоми заминаҳо ва баргузории нишасту вохӯриҳо ва форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Риёз будем. Аз ҷумла метавон ба ташрифи вазири корҳои хориҷаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал бин Фарҳон Оли Сауд, ки 3 – октябри соли гузашта доир гардид, ишора намуд.
Ҳамчунин, вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Фаллоҳ моҳи декабри соли 2022 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмуи васеи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистон Саудӣ, ки дар шаҳри Душанбе бо мувафаққият баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин мулоқот вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ аз тавҷҷуҳи кишвараш барои тақвияти ҳамкориҳо ва бештар намудани ҳаҷми сармоягузориҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, нақлиёт, кишоварзӣ, дорусозӣ, хӯрокворӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак таъкид намуд.
Ҳамчунин шуруъ аз соли 2002 Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ, ба маблағи 84 миллион доллар созишномаҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо расонидааст. Бонки Исломии Рушд бошад 92 лоиҳаи хурду бузургро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 620 миллион доллар дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт ва обёрии заминҳо амалӣ намудааст.
Тибқи суханони Мухтор Мансур, роҳбари ҳайати Бонки Исломии Рушд, ки санаи 6 феврали соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, ин муассисаи молиявӣ раванди маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон идома медиҳад. Барои амалӣ намудани чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон Бонки Исломии Рушд дар солои равон 250 миллион доллар ҷудо намудааст. Баъд аз анҷоми мулоқоти ҳайати Бонки Исломии Рушд бо роҳбарии Мухтор Мансур бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти татбиқи Стратегияи шарикӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд, зарурати маблағгузории чорабиниҳои барқарорсозӣ пас аз буҳрони пандемия, коҳиш додани омилҳои таъсири беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Ҳаҷми содироти кишвар ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ назар ба имкониятҳои содиротии Тоҷикистон хеле кам аст, ки он дар соли 2022 танҳо 276 ҳазор долларро ташкил дод.
Таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии Подшоҳии Арабистони Саудӣ барои ҷалб намудани сайёҳон ба Тоҷикистон ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва осоишгоҳҳои кишварро метавон намунаи аз тақвияти ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ унвон кард. Соли сипаришуда чандин ҳайати бахши сайёҳии Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз Тоҷикистон дидан намуда, бо иқтидор ва табиати биҳиштосои кишвари азизамон ошно шуданд. Дар ояндаи наздик ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сайёҳӣ вориди марҳалаи наве аз ҳамкориҳои фарогир мешаванд.
Бешубҳа, сафари кунунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ такони ҷиддие дар муносибатҳои ҳар ду кишвар ба вуҷуд меорад.
Бо баҳрабардори аз тамоми имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ метавон дар ояндаи наздик шоҳиди рушди босуръати муносибатҳои ду кишвар дар ин бахшҳои муҳим шуд. Ҷалби сармоягузории мустақим аз муассисаҳои молиявӣ ва ширкатҳои бузурги Шоҳигарии Саудӣ барои рушди иқтидори истеҳсолӣ ва ҷори намудани технологияи муосир дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, масолеҳи сохтмони, нассоҷӣ, коркарди сангҳои қимматбаҳо, дорусозӣ, маводи хӯрокворӣ, сохтани маҷмааҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳои замонавӣ хеле муҳим аст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар бо ҷалби сармояи ширкатҳои Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва муарифии тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои Тоҷикистон дар ин бахш, метавонад дар ояндаи наздик яке аз бахшҳои сердаромад ва тараққикардаи иқтисодиёти мамлакат гардад. Бештар намудани хатсайрҳои ҳавои байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳам аз мафиат холӣ нест. Вобаста ба ин, рақобатпазирии хизматрасонӣ дар бахши сайёҳӣ бояд яке аз авлавиятҳои ширкатҳои ватанӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ бошад.
Қутбидинов Неъматулло
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС – и назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон