Равандҳои пурпечу тоби ҷаҳони муосир ва рушди бемайлони технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар асри ҷадид мушкилиҳо ва масъалаҳои нави замониро ба миён овардаанд. Тағйиротҳои бемисле, ки дар ҷаҳони муосир ба вуҷуд омада истодаанд, на танҳо манфиат балки хавфу хатар низ бо худ доранд. Дар натиҷаи ташаккулёбии технологияву коммуникатсия ва оммавишавии иттилоот, бешубҳа проблема ва таҳдидҳои нав ба вуҷуд меоянд. Яке аз чунин мушкилиҳо таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ аст, ки то ҳол ҳалли пурраи худро наёфта, кишварҳо ҷаҳду талош барои расидан ба тавоффуқи умумиро карда истодаанд.
Рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ боис гашт, ки таҳаввули ҷиддӣ дар ҳаёти инсонҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, пайдо шудани дипломатияи иттилоотӣ ва онлайнӣ гардад. Ташаккули технология ҳамкории мутақобила ва расонидани хабарро дар сатҳи байналмилалӣ беҳтар намуд.
Имрӯз технологияи рақамӣ дар муносибати байниҳамдигарии давлатҳо аз афзалияти хос бархӯрдор аст. Зеро технологияи рақамӣ тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро фаро гирифтааст. Вобаста ба ин, кишварҳо рақамикунонӣ ва иттилоърасониро тавсеа бахшиданд, ки ба рушди технологияи иттилоотӣ ва оммавишавии иттилоот кӯмак кард.
Бо оммавӣ гардидани шабакаи интернет аз як тараф кор осон гардида бошад, аз самти дигар мушкилиҳои гуногунро дар самтҳои мухталиф ба миён овард. Ворид гардидани ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва сепаратистӣ ба фазои беҳудуди иттилоотӣ, ташаккулёбии кибертерроризм, ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ҷинояткории иттилоотии байналмилалӣ ва истифодабарии ғайриқонунии системаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ ва сарчашмаҳои иттилоотӣ боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои алоҳида гардида истодааст.
Бинобар ин, зарурати коркарди меъёрӣ – ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти байналмилалӣ дар фазои интернет пеш омад. Агарчанде давлатҳо дар алоҳидагӣ ва дар доираи ҳамкорҳои минтақавӣ барномаҳо, консепсияҳо, протоколҳо, созишномаҳо ва стратегияҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ тарҳрезӣ карда бошанд ҳам, вале дар сатҳи байналмилалӣ натавонистанд чаҳорчӯби муайянро ба вуҷуд биёранд. Баъзе кишварҳои абарқудрат хостори ба танзимдарории шабакаи интернет шуданд ва чандин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро пешниҳод намуданд, вале баъзеи дигар қобили қабул надонистанд. Зеро ҳар як кишвари неруманд дар аввал аз диди манфиатҳои миллии худ ба масъала назар меандозад, на аз дидгоҳи манофеъи умум.
Аз лиҳози он, ки давлатҳои абарқудрат дар самти технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ пешрафтҳои назаррас доранд ва хостори истифодаи он барои расидан ба ҳадафҳои геополитикӣ ва геостратегии худ ҳастанд. Чандон майли ҳамкорӣ дар масъалаи болозикр бо кишварҳои рӯ ба рушд надоранд. Айни ҳол ҷорӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалиро дар самти амнияти иттилоотӣ маҳдудкунии хеш медонанд. Ҳамин духурагӣ ва бологузории манфиати “худӣ” миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ боис гардида, ки терроризми иттилоотӣ, кибернизоъҳо, киберинқилобҳо ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромиллӣ дар шабакаи интернет ба таври густурда тавсеа ёбанд.
Ҳамчунон, авҷ гирифтани муқовимати байни давлатҳо дар фазои иттилоотӣ, фишороварӣ, талоши зери назорат гирифтани фазои интернетии дигар кишварҳо, тавсеаи ҷангҳои иттилоотию психологӣ муқобили якдигар, эҷод намудани мушкилот дар кори инфраструктураҳои энергетикӣ ва коммуникатсия, додани паногоҳ ва имконият ба хаккерҳо ва истифодаи онҳо аз ҷониби давлатҳои манфитхоҳ вазъияти фазои иттилоотии байналмилалиро бениҳоят мураккаб гардонидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи мураккаб, печида ва пешгӯинашавандаи ҷаҳониро ба инобат гирифта, дар баробари дигар кишварҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ иқдом намуда, як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ Стратегияи “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, қарори ҳукумат “Дар бораи барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин ҳуҷҷати дигар оид ба истифодаи технологияи иттилоотиро қабул кардааст. Санадҳои меъёрии қабулшуда, замина барои рушди дипломатияи иттилоотӣ дар самти робитаҳои минтақавӣ – байналмилалӣ ва дар пешбурди ҳамкории фаъоли сиёсати хориҷӣ кӯмак мекунанд.
Зарур ба таъкид аст, ки Тоҷикистон воқеиятҳои замониро сари вақт дарк намуда, барои таъмини амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи минтақавӣ– байналмилалӣ ҳамкориҳои созандаро бо давлатҳо ва созмонҳо дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба роҳ мондааст. Илова бар ин яке аз бахшҳои Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дипломатияи иттилоотӣ” дар бар мегирад, ки дар пешбурди ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат намуда, мавқеи кишвари моро дар ин соҳа муайян месозад.
Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ дар самти иттилоотро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода, бо шарикии кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои СААД, ИДМ ва СҲШ як қатор протоколҳо ва созишномаҳоро доир ба таҳдидҳои амнияти иттилоотии минтақавӣ-байналмилалӣ ба имзо расонидааст. Зеро воқеияти нави минтақа нишон медиҳад, ки ҳамагуна давлат дар танҳоӣ наметавонад бар зидди ҳуҷумҳои иттилоотӣ, терроризми иттилоотӣ ва киберҷиноятҳо мубориза барад ва ягона воситаи самаранок иттиҳод аст. Дар чаҳорчӯби созмонҳои мазкур барои рафъи мушкилоти муштарак ва ҳамкории зич барои таъмини амнияти дастаҷамъӣ ба тавофуқ расида, ҳамкориҳои густурдаро идома дода истодаанд.
Хулоса, таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ масъалаи доғе миёни кишварҳо боқӣ мондааст. Агарчанде, стратегияҳо, консепсияҳо, эъломияҳо, протоколҳо, созишномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул шуда бошад, вале бештари онҳо хусусияти минтақавӣ доранд ва аз ҷониби ин ё он кишвари абарқудрат бо назардошти омилҳои гуногун қобили қабул дониста намешаванд. Баъзе давлатҳо мехоҳанд барномаҳои амнияти иттилоотии онҳо ҳамчун “модели ягона” дар сатҳи байналмилалӣ қабул шавад ва мавқеи кишвари роҳбарро дошта бошанд, ки аз ҷониби кишварҳои дигар рад мегардад. Ин гуна муқобилгузориҳо боиси ба тавофуқ нарасидан мегардад то ҷомеаи байналмилалӣ дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ ба қисмҳо ҷудо гардида, имконият барои рушди терроризми иттилоотӣ, киберҷинояткорони фаромиллӣ, ташаккули ҳамлаҳои сайберӣ фароҳам оварда, натиҷаи амалиётҳо барои рафъи таҳдидҳои иттилоотӣ ноком ва вазъи сиёсии байналмилалиро мураккабу ҳассос боқӣ мегузоранд.
Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон