Муносибати дипломатии Тоҷикистону Туркманистон соли 1993 барқарор гардид, ки зиёда аз 30 сол боз ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар тақвият ёфта истодаанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими робитаҳои дипломатӣ бо ҳамсоякишварҳо, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дорои авлавияти хос мебошанд, ки дар ин радиф Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ҳамсоядории нек, ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дахолат накардан ба корҳои дохилии давлати дигарро усули асосӣ ва меъёр қарор додааст.

Вобаста ба ин, Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаро бо Туркманистон тули солҳо бо дарназардошти риштаҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамсоядории нек, баробарӣ, эҳтироми якдигар, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дар фазои якдигарфаҳмӣ роҳандозӣ карда, пайваста ҷонибдори рушди равобит бо кишвари мазкур мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон равобитро дар самтҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маорифу илм, амният ва хоҷагидорӣ тақвият бахшида истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки байни ду кишвари дӯсту бародар аз соли 2017 то ба ҳол созишномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расид, ки шароити мусоид барои ба сатҳи комилан нав баровардани равобити тарафайн мебошад. Сатҳи шарикии стратегӣ имкон медиҳад, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар самти амният ва иқтисод боз ҳам бештару бештар тақвият диҳанд. Дар маҷмӯъ, муносибатҳои дуҷонибаро беш аз 110 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар самтҳои афзалиятноки иқтисодию тиҷоратӣ ва боркашонии транзитӣ на танҳо дар самти дуҷониба, балки дар самти бисёрҷониба низ тақвият бахшида истодаанд. Аз ҷумла, дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро муҳим арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, Тоҷикистону Туркманистон харитаи роҳ доир  ба афзоиши гардиши савдо ва боркашонии транзитӣ барои солҳои 2022-2023 тартиб доданд. Дар соли 2022 гардиши мол миёни ду кишвар 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.  Нишондодҳои охир аз он шаҳодат медиҳанд, ки заминаҳои боэътимоди ҳамкорӣ дар самти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни ду давлат тақвият ёфта, ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои иқтисодӣ пайваста дар комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар баррасӣ гардида, барои беҳтар намудани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Асосан аз Туркманистон ба Тоҷикистон гази моеъ, қисман бензин, маводи сӯзишворӣ барои чархболҳову ҳавопаймоҳо ва равған барои муҳаррикҳои техникӣ, аз Тоҷикистон ба Туркманистон бошад, алюминӣ, симҳои алюминӣ ва дигар навъҳои маҳсулот содир мегардад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангро дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ва ҳам дар сатҳи вазирони бахши фарҳанг пайваста мавриди баррасӣ қарор дода, барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи соҳа иқдомҳои муҳимро пайгирӣ ва амалӣ менамоянд. Хусусан, Президентҳои ду кишвар барои тавсеаи муколамаи фарҳангӣ ва баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ дар давлатҳои якдигар таъкид менамоянд. Рӯзҳои фарҳангӣ боис мегардад, ки мардум ба фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои ҳамдигар ошноии бештар пайдо намоянд. Дар муддати 30 сол чандин маротиб ҷонибҳо рӯзҳои фарҳангиро дар мамлакатҳои якдигар баргузор карданд. Инчунин, вазирони фарҳанги Тоҷикистону Туркманистон тасмим гирифтаанд, ки байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати Туркманистон ҳамкориро ба роҳ монанд.

Ҳамчунин, густариши таҷриба ва робитаҳо дар соҳаҳои маориф ва илм такмил ёфта истодаанд. Бояд қайд кард, ки садҳо донишҷӯйи Туркманистон тибқи шартномаҳои байнидавлатӣ дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар самти илм бошад, ҳамкориҳо байни Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Туркманистон ва ниҳодҳои онҳо тавсеа ёфта, аз таҷрибаи ҳамдигар барои инкишоф ва рушди илм истифода карда истодаанд.

Паҳлӯи дигари ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро таҳкими амният ва субот дар минтақа ташкил медиҳад. Зеро ҳар ду кишвар бо Афғонистон марзи муштарак доранд ва таҳкими сулҳу амният дар минтақа ҷонибҳоро водор месозад, ки дар самти мазкур тадбирҳои муштарак андешанд. Таҳдидҳои фаромарзӣ, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир аз он сӯйи марз ба ҳарду ҷониб хатару таҳдидро эҷод менамояд. Вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, ба вуҷуд омадани таҳдиду хатарҳои навро давлатҳо комилан дарк намуда, дар ҳамоҳангӣ тадбирҳо меандешанд, чунки тарафҳо хуб медонанд, ки бо таҳдидҳо ва чолишҳои асри ХХ1 дар алоҳидагӣ наметавон мубориза кард. Аз ҳамин лиҳоз, ҷонибҳо ҳамкорӣ ва тадбирҳоро дар самти амният ва субот барои пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳо пайваста такмил медиҳанд.

Тоҷикистону Туркманистон муносибатҳоро дар самти бисёрҷониба низ тақвият мебахшанд. Аз ҷумла, дар чаҳорчӯби СММ, ИДМ, ЮНЕСКО, СҲШ ва форматҳои С5+1 ба мисли Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷопон,  Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон,  Осиёи Марказӣ ва Русия, Осиёи Марказӣ ва Чин. Мавқеи ҷонибҳо дар бештари масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ якхел ё ба ҳам бисёр наздик мебошад.

Мавриди зикр аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов, ки 10 майи соли 2023 оғоз гардида ва ду рӯз идома ёфт, ҳамкории ду кишварро боз ба сатҳи сифатан нави ҳамкориҳо баровард. Дар рафти сафари мазкур  ба бунёди мактаби нав бо 1080 ҷойи нишаст барои мардуми туркман дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳусни оғоз бахшида шуд, ки инро нишони дӯстии абадӣ хонданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов муносибатҳои байнидавлатиро  маротибаи дигар мавриди баррасӣ қарор дода, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар дурнамо табодули афкор намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки мулоқоти сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, “Тоҷикистону Туркманистон ба сатҳи ҳамкории амиқи стратегӣ расиданд”.

Дар натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон 23 санади нави ҳамкорӣ дар бахши нақлиёт, кишоварзӣ, тиҷоративу иқтисод, амният, маорифу илм ва дигар соҳаҳо ба имзо расонида шуд. Аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ; “Харитаи роҳ” барои вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Туркманистон барои солҳои 2023-2025; Барномаи чорабиниҳои якҷоя (“Харитаи роҳ”) дар бораи густариши ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи зиёд кардани ҷараёни бор ва фаъолгардонии боркашонии мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии нақлиёт ва комуникатсияи назди Девони Вазирони Туркманистон барои солҳои 2023-2025; Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон; Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази илмии тадқиқоти стратегии Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон ва дигар санадҳо.

Дар баробари ин, санаи 9 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бизнес-форум ва намоишгоҳи маҳсулот баргузор гардид, ки дар ин ҷо даҳҳо соҳибкорони ду кишвар ширкат варзиданд ва барои ҳамкории судманд мароқ зоҳир намуданд. Ҳамчунин, байни намояндагони аҳли илм низ мулоқот сурат гирифта, барои ҳамкорӣ дар оянда ва табодули таҷриба ибрози назар намуданд.

Хулоса, Тоҷикистон ҳамеша барои дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Туркманистон чораҳо меандешад. Албатта, мулоқоти сарони ду кишвар уфуқҳои нави ҳамкориро барои ҳарду ҷониб боз мекунад. Зеро Тоҷикистону Туркманистон имкониятҳои зиёди ҳамкориро доро мебошанд ва дар муддати беш аз 30 сол таҷрибаи зиёд дар самти ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ доранд. Бинобар ин, тарафҳо хоҳишманданд, ки муносибатҳоро дар соҳаҳои нақлиётӣ, энергетикӣ, тиҷорат, саноат, амният ва кишоварзӣ тақвият диҳанд. Инчунин, муколамаи фаъоли сиёсӣ низ идома ёбад.

Бояд зикр кард, ки самти энергетикӣ ва долонҳои нақлиётии байналмилалӣ дар дурнамо самтҳои муҳими рушд ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистону Туркманистон имкон доранд, дар самтҳои мазкур ҳамкориро тақвият бахшанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо метавонанд дар ҷустуҷӯйи шаклҳои нави ҳамкорӣ барои дурнамои равобит бошанд. Инчунин, шартномаи дар бахши кишоварзӣ ба имзо расида, барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи болозикр бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Табодули таҷриба дар бахши кишоварзӣ ба нафъи рушди ин соҳаи муҳими ҳар ду кишвар аст.

 

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед