Пас аз интихоботи президентӣ дар Чин соли 2013 “насли панҷуми раҳбарони Чин” ба сари ҳукумат омаданд, ки натанҳо ба ҷаҳиши босуръати иқтисодиёти Чин сабаб шуд, балки барои кишварҳо шароити нави ҳамкориро бо Чин фароҳам овард. Аз ҷумла, он боиси таҳаввули нав дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гардид. Айни замон, Чин дар гардиши тиҷорати Тоҷикистон ҷойи намоёнро дорад ва ҳамкориҳои ду кишварро 249 созишнома танзим менамояд.

Ин таҳаввулро дар равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар ду кишвар дар мисолҳои зерин метавон ифода намуд.

Якум, аз сатҳи робитаҳои муқаррарии расмӣ то ба шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои дуҷониба. Си Ҷинпин баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин аввалин Президентеро, ки ба ҳузур пазируфт, Сарвари кишвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар натиҷаи сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбарони ду кишвари дӯст барои тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба “Эъломияи муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин”-ро ба имзо расониданд, ки оғози марҳалаи нави ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои дуҷониба густариши ҳамкориҳои гуногунҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва илм, технология, фарҳанг, кишоварзӣ ва амнияти минтақавӣ  тақвият ёфтанд.

Тоҷикистону Чин якдигарро шарики боэътимод дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба медонанд. Кишварҳо дар бештари масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нигоҳи ҳамсон ё наздик доранд ва аз ташаббусҳои ҳамдигар дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд. Дар ҳошияи Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки соли 2014 дар Чин баргузор гардида буд, Сарварони ду давлат мулоқот намуданд. Си Ҷинпин се ҳадафи стратегии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва  таъмини амнияти озуқавориро “се ҳадафи стратегии шарикии Тоҷикистону Чин” номид. Дар ин замина, дар бахшҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ Чин сармоягузориҳо карда истодааст, ки Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегии худ бирасад. Аз ин ҷо  маълум мегардад, ки Чин ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос дорад ва тарафҳо дар доираи шарикии стратегӣ ҳамкориро натанҳо дар самти дуҷониба балки дар самти бисёрҷониба низ тавсеа бахшида истодаанд.

Дуюм, афзоиши бесобиқаи гардиши мол. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи иқтисодиву тиҷоратӣ ҳамкориҳоро тақвият дода истодаанд. Инчунин, ду кишвар дар доираи лоиҳаи чинии “Як камарбанд, як роҳ” муносибатҳоро вусъат мебахшанд, чунки  лоиҳаи мазкур ба раванди иқтисоди минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ мебахшад. Сармоягузории Чин дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ давра ба давра афзоиш ёфта истодааст. Дар ҳоле, ки вазъи созмонҳои молӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйир аст, густариши робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо Чин бисёр муҳим ва саривақтӣ аст. Зеро Чин яке аз кишвари дорои иқтисоди қавӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар густариши робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин нақши Комиссияи байниҳукуматӣ, хусусан дар ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ муҳим мебошад. Дар натиҷаи тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар Зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин таъсис дода шуд, ки ба афзоиши гардиши мол кумак намуд. Аз ин бар меояд, ки муносибатҳои ду кишвар босуръат рушдёбанда мебошанд. Таъкид кардан зарур аст, ки гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат баъди имзои созишномаи шарикии стратегӣ афзуд. Аз рӯйи нишондодҳои омории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гардиши савдои хориҷӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи дуюм қарор дорад ва табодули мол миёни ҷонибҳо сол то сол дар афзоиш мебошад. Масалан, дар соли 2021 гардиши мол 13,2%, соли 2022 ум 16,6 % ва соли 2023 бошад 18 дарсад афзоиш ёфтааст.

Сеюм, сохтмони иншооти гуногун ва инфрасохторҳои муҳим ва стратегӣ. Бояд тазаккур дод, ки Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дорои авлавияти хос мебошад. Ҷонибҳо муносибатҳоро дар руҳияи эътимод, дӯстӣ ва ҳамсоядории нек тақвият додаанд, ки намунаи беҳтарини равобити дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, як қатор сохтмонҳо дар ҳамкорӣ бо кишвари Чин сохта шудаанд. Аз ҷумла, Маҷмааи нассоҷии Чунтай, роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон, Корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғайюр – Суғд”, корхонаҳои истеҳсоли алюминийи фторидӣ ва криолит, нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Дӯстӣ, Озодӣ, қитъаи роҳи мошингарди Дарвоз – Ванҷ – Рушон ва дигар иншоонт сохта ба истифода дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки бо маблағгузории ҷониби чинӣ неругоҳҳои хурд дар Тоҷикистон сохта шуда истодаанд. Ширкати чинии “ТВЕА” дар ҳамкорӣ бо ҷониби тоҷикистонӣ маркази гармидиҳии Душанберо сохта ба истифода дод. Инчунин, ба маблағи 37 млн доллар хатти интиқоли барқии 220 кв-и “Хуҷанд – Айнӣ” сохта шуд. Чандин лоиҳаҳои дигар дар нақша ва қисме дар ҳолати иҷро ҳастанд. Чӣ тавре ки мебинем, робитаҳо дар соҳаи энергетика ба таври густурда тавсеа ёфта, ба манфиати ду кишвари дӯст ва ҳамсоя мебошад. Чуноне ки ба назар мерасад, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти сохтани иншооти гуногун давра ба давра тавсеа меёбад. Ҳамзамон, тарафҳо барои амалишавии лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ дошта, робитаҳои зичро ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, бунёди роҳи оҳани минтақавии Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон, роҳи мошингарди Чин – Тоҷикистон – Узбекистон, Чин – Тоҷикистон – Афғонистон ва амсоли инҳо.

Чорум, афзудани шумораи корхонаҳои Чину Тоҷикистон. Қобили зикр аст, ки то имрӯз зиёда аз 70 корхона ва корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин бо беш аз 300 лоиҳаи гуногун, асосан дар бахшҳои истеҳсоли семент, нақлиёт, маъдан, кишоварзӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо фаъолият карда истодаанд. Ҳамзамон, беш аз 580 ширкат бо сармоягузории чинӣ дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон кор мекунанд. Чӣ тавре ки ба назар мерасад, шумораи корхонаҳои муштарак давра ба давра бештар мегардад, ки ин ҳам ба гардиши молии кишвар кумак мекунад ва ҳам расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноаткунонии босуръат ва ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ муҳайё мегардад.

Панҷум. Ҳамкорӣ дар доираи С5+1. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар самти бисёрҷониба тавсеа бахшида истодаанд. Аз  ҷумла, дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, формати С5+1 ва дигар ташкилотҳо тақвият дода истодаанд ва аз дидгоҳҳои якдигар дар доираи созмонҳои мазкур ҷонибдорӣ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳоро дар доираи формати С5+1 тақвият дода истодаанд. Дар дораи қолаби мазкур ҷонибҳо таъмини амният, таҳкими дӯстӣ ва рушди устувори иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамкориҳоро дар ин самтҳо тавсеа мебахшанд. Қолаби С5+1 имкониятҳои нави робитаҳоро ба вуҷуд овард ва сатҳи болои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро ба ҷаҳон нишон дод. Чин дар доираи формати С5+1 ба маблағи 3.72 млрд доллар кумаки бебозгашт кард. Инчунин, сармоягузории Чин дар иқтисоди кишварҳои минтақа 15 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар нишасти кишварҳои минтақа ва Чин санаи 18 – 19 майи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сиан баргузории формати С5+1-ро рамзӣ донистанд, зеро Роҳи Бузурги Абрешим аз шаҳри мазкур оғоз мешуд. Зикр карданд, ки дар раванди буҳронҳо, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, тақвияти робитаҳои минтақавӣ саривақтӣ мебошад. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро сиёсатмадори соҳибтаҷриба, хирадманд ва оянданигар ва нақши ӯро дар муносибатҳои дуҷониба бисёр баланд арзёбӣ карданд.

Шашум, ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баровардани ҳамкорӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин санаи 31 августи соли 2017 сафар карданд. Дар доираи сафари мазкур як қатор созишномаҳои муҳим, аз ҷумла, “Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамҷониба” ба имзо расид, ки ба марҳалаи рушди сифатан нави ҳамкориҳо оғоз бахшид.

Сафарҳои сатҳи олии ду кишвар давра ба давра бештар гардида истодаанд, ки аз ҳамкории босамар дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат едиҳад. Эътимоди мутақобилаи сиёсӣ бемайлон меафзояд. Яъне муносибатҳои байни ду кишвар беҳтарин даврони худро аз сар гузаронида истодаанд.

Тоҷикистону Чин вазъи ҷаҳони зудтағйирёбандаро ба инобат гирифта, дар доираи шарикии ҳамаҷониба ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир тақвият  медиҳанд. Масалан, дар бахши тақвияти марзҳо робитаҳо густариш меёбанд.

Бояд тазаккур дод, ки Тоҷикистону Чин ҳамкориҳоро дар бахши фарҳанг ва илм низ рушд дода истодаанд. Ҷонибҳо дар самти фарҳанг рӯзҳо ва ҳафтаҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ҷашнвораҳои филмҳо ва намоиши эҷоди рассомон баргузор мекунанд, ки мардумро ба арзишҳои миллии тоҷикиву чинӣ ошно мекунад. Дар соҳаи илм бошад,  робитаҳо дар сатҳи баланд қарор доранд. Аз ҷумла, табодули донишҷӯёни тарафайн, баргузории ҳамоишҳои муштараки донишмандон, чопи китобҳо дар ҳамкорӣ пайваста сурат мегирад, ки ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошанд.

Ҳамзамон, ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи энергетика ба таври бесобиқа дар ҳоли рушд  аст, зеро Тоҷикистон, ки кишвар болооб ва дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Инчунин, байни марказҳои зеҳнии ду  кишвар ҳамкориҳои густурда ба роҳ монда шудааст. Масалан, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳафт маркази зеҳнии Чин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули андеша сурат мегирад. Ногуфта намонад, ки дар ҳошияи сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Марказ тасмим гирифтааст, ки бо иштироки марказҳои таҳлилии ҳар ду кишвар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Тоҷикистону Чин: ҳолат ва дурнамои шарикӣ дар давраи нав”-ро баргузор намояд.

Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои гуногун дар ҳолати рушд буда, дар сатҳи стратегии ҳамаҷониба тақвият ёфта истодаанд. Сафари дарпешистодаи Раиси Чин ба Тоҷикистон такони ҷиддӣ дар равобити дуҷониба мебахшад. Дар ин ҷо нақши роҳбарони ду кишвар барҷаста мебошад.

Ҷаҳонгир Маҳмадзоир,
сармутахассиси раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед