Пас аз бераҳмона кушта шудани кӯдакони бегуноҳ Асмоа, Имрон, Бишарифа ва даҳҳои дигар сарбозону шаҳрвандон аз ҷониби низомиёни Қирғизистон дар бораи муноқишаҳои охири сарҳадӣ бидуни эҳсос чизе навиштан хеле душвор аст. Вале дар зер кӯшиш мекунам бидуни эҳсос бо дарназрдошти воқеияти чанд рӯзи охир оид ба дурнамои баҳсҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон чанд нуктаи мушаххасро баён кунам.
Нуктаи аввал ва умедворкунанда ин аст, ки рӯзи 19 сентябр байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Протокол оид ба риояи оташбас ва таъмини субот ба имзо расид. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон бандҳои Протоколи мазкурро пурра амалӣ менамояд. Вале, алакай оид эҳтимоли иҷро нагардидани Протокол ва аҳдшикании қирғизҳо баъзе нигарониҳоро ба миён овардааст. Зеро, таҷриба ва гузашти солҳо борҳо собит намудааст, ки қирғизҳо махсусан, роҳабрияти кунунии онҳо ба аҳду паймони худ вафо намекунанд.
Нуктаи дуюм ин аст, ки дар риторикаи сиёсии роҳбарияти Қирғизистон истифода гардидани мафҳумҳои “душман” ва “таҷовузгар” нисбат ба Тоҷикистон бори сеюм аст, ки мушоҳида мегардад. Дар риторикаи ҷониби мо бошад дар асоси эҳтиром ба халқи қирғиз ва риояи принсипи ҳамсоягии нек сирф мафҳумҳои дипломатӣ ва умедворкунанда ба назар мерасад. Тавре маълум аст, Роҳбарияти Олии кишвари мо ҷониби дигарро пайваста ба сулҳу субот ва бо роҳи сиёсию дипломатӣ ҳал намудани мушкилоти сарҳад даъват менамоянд. Дар муҳтавои дидгоҳҳои коршиносон ва шаҳрвандону фаъолони ҷамъиятӣ низ пайваста сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ мушоҳида мегардад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Қирғизистон аз мавқеъгириҳои нарм ва дипломатии мо сӯистифода намуда, кӯшиш дорад масъаларо бо роҳи зурӣ ба манфиати худ ҳал намояд.
Ин ки миллати тоҷик аз қадим сулҳпарвар ваҳдатофар ва сулҳхоҳ буд ва то имрӯз ин анъанаро идома дода истодааст, ҳақиқати инкорнашаванда аст. Вале, формулаи сулҳхоҳӣ ва сулҳрпарварии мо ҷониби қирғиз бештар сӯиистифода гардида истодааст.
Дуруст аст, ки миллати тоҷик дар тули таърих “ба хоки дигаре аз сари кина бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидааст”. Вале таърих гувоҳ аст, ки ба сари миллати тоҷик борҳо лашкар кашида, кӯшиши нобуд кардани миллати моро кардаанд. Бале, таърих гувоҳ аст, ки Искандари Мақдунӣ, Чингизхони хунхор, арабҳо ва дигарон ба сарзамини тоҷикон борҳо ҳуҷумҳои бераҳмона намуда, хоки муқаддаси сарзамини моро ба хун кашиданд. Қатлу кушторҳои анҷомдодаи қирғизҳо рӯзҳои 16 ва 18 сентябр нисбати миллати тоҷик ваҳшоният ва амалҳои ғайринсонии Чингизхонро ба хотир меорад.
Дар ҳоле, ки қирғизҳо ба сарзамини мо таҷовузи низомӣ намуда, зани ҳомиладор ва шаҳрвандони осоиштаро қатл карданд ва илова бар ин кишвари моро мехоҳанд дар арсаи ҷаҳон бадном кунанд, ин ҳолат дар назди мо савол мегузорад, ки таҳаммулгароиамонро идома диҳем ё не?
Шояд шаҳрвандони оддии Қирғизистон ҷонибдори идома ёфтани низоъҳои марзӣ набошанд. Аммо бархурд, мавқеъгирӣ ва муносибати Роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҷонибдори идома ёфтани низоъ ва мураккаб боқӣ мондани вазъ ҳастанд. Дар нисбати Тоҷикистон истифода гардидани мафҳумҳои “душман” ва “таҷовузгар” аз тарафи Президенти Қирғизистон Садир Жапаров далели андешаҳои болост. Ҳатто пас аз имзои Протокол (19.09.2022), С.Жапаров рӯзи 20.09.2022 дар Иҷлосияи 77-и Ассамблеяи Генералии СММ кишвари моро таҷовузгар номид. Ҳол он, ки таҷвузгари асоси низомиёни Қирғизистон буданд.
Дар чунин шакл идома ёфтани моҷароҳои марзӣ моро водор менамояд, ки ба созиш ва аҳди ҷониби қирғиз бовар накунем. Моро лозим аст, ки нерӯҳои низомии кишварро дар ҳолати омодабош нигоҳ дорем. Дар баробари ин шаҳрвандонро низ зарур аст, ки дар паҳлӯи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта ҷиҳати иҷрои вазифаҳои шаҳрвандии худ устувор бошанд.
Аз ҳамин хотир ғояи “таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ба сари касе лашкар накашидаанд” -ро то ҳамон вақте меъёри муносибатҳо қарор диҳем, ки касе ба марзи Ватани мо ҳуҷум накунад. Дар дигар сурат бояд андешаи Фирдавсии бузрургро пеши назар орем, ки фармудааст:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон