Шаби 6-уми ноябри соли 2019, гурӯҳи 20-нафараи нохалафон, ки ҳамаи онҳо аъзои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломӣ» буданд, бо супориши хоҷагони худ кӯшиш намуданд, ки дар марзи байни ду кишвари дӯсту бародар, шарикони стратегӣ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон амали террористии маргборро ба амал биёранд. Хушбахтона, бо мардонагиву далерӣ, ҳушёриву кордонии марзбонон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар, 15 нафар террористон кушта шуда, боз 5 нафари дигар дастгир шуданд.
Мутаассифона, зимни задухӯрдҳо дар дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди «Султонобод» ду нафар муҳофизони бо нангу номуси миллат, афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Иззатулло Абубакр ва нозири минтақавии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ Баҳром Шоҳзода қаҳрамонона ҳалок шуданд.
Бояд зикр намуд, ки баъзе қувваҳои сиёсӣ ба барқароршавии муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон ҳисси бадбинона дошта, ҳамеша дар кӯшиши коста намудани сатҳи муносибатҳои байни ду кишвар ва низоми амнияти минтақавӣ ҳастанд. Вале аниқ аст, ки чунин ҳадафҳои нопок ҳеҷ гоҳ амалӣ намегарданд.
Терроризм, имрӯз, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст. Воқеаи мазкур бори дигар исбот месозад, ки хатари терроризм аз самти Афғонистон пас аз ноком гардидани гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломӣ» дар Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои Шарқи Наздик, афзун гаштааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми кишварҳо, бе истифода аз сиёсати дугона (двойные стандарты), бар зидди таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ мубориза баранд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо на танҳо зимни нишасти сарони кишварҳои созмонҳои минтақавии хусусияти ҳарбидошта, балки аз минбари баланди Созмони миллали муттаҳид таъкид намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҳамеша ҷонибдори ҳамкории васеи байналмилалӣ дар самти муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ боқӣ монда, мавқеи ягона дорад.
Дар шаҳри Душанбе доир гаштани конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф эътироф гардидааст.
Ҳамин тариқ, ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, бетарафӣ хатарнок аст. Дар самти мазкур як кишвар ва ё як ташкилот наметавонад, ки муваффақ бошад. Аз ин рӯ, ба роҳ мондани ҳамкории васеъ ҷиҳати мустаҳкам намудани хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки террористон аз ин кишвар ба Ватани мо роҳ ёфтанд, вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Ҳидоятзода Комрон,
муовини сардори Раёсати омӯзиши
масъалаҳои амнияти минтақавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон