Санаи 21 феврали соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд бахшида ба 32 солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикситон ҳамчун омили таъмини суботи сиёсӣ дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ” баргузор гардид.
Муовини аввали директори Марказ н.и.и., Муртазозода Ораз бо сухани ифтитоҳи ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, ёдовар шуданд, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати мамлакат ба таъсиси низоми мукаммали ҳарбӣ, яъне Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Зеро баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ кишварро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифт ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар заминаи хушку холӣ аз сифр бунёд гардид.
Сипас Зарипова Зилола Комиловна – мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ дар мавзуи “Саҳми ҷавонон дар пойдории Артиши миллӣ” маъруза намуда, таъкид намуданд, ки 18-уми декабри соли 1992 Қарори Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, заминаҳои бунёдии таъсис ва ташаккули Артиши миллиро фароҳам овард. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки минбаъд ин сана ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ эълон карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷавонон пурра гардонида мешавад. Зеро, ҷавонон неруи созандаи ҷомеаро ташкил намуда, 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35-сола ташкил медиҳанд ва онҳо айни замон қувваи асосии пешбарандаи ҷомеаи имрӯзаи мо маҳсуб меёбанд.
Аз ин хотир, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон пайваста диққати махсусро равона намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ иқдомҳои зарӯриро роҳандозӣ менамоянд. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024 дар заминаи эътимоди худ нисбати ҷавонон иброз намуданд: “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Дар идома Бобоёров Саидшоҳ Акбарович – мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Марказ дар мавзуи “Артиши миллӣ: ҳифзкунандаи сулҳу оромиши миллӣ” суханрони намуда, аз нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи сулҳу суботи сиёсии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон ёдовар гардид.
Дар қисмати муҳокимаи ҳамоиш сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират ва омӯзиши афкори омма д.и.ф., профессор – Қурбонов Абдураҳмон Шерович ва сардори Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати дохилии Марказ – Талбаков Саидаҳтам Исроилович андешаҳои хешро роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Артиши миллӣ ва таъмини суботи сиёсии кишвар иброз намуданд.
Дар фарҷом муовини аввали директори Марказ н.и.и., Муртазозода Ораз бо сухани ҷамъбастӣ аз ҷараёни ҳамоиш натиҷагирӣ намуд.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон