Боиси шукургузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот тантана дораду мардум дар фазои оромиву осоиштагӣ осудаҳолона кору зиндагӣ менамоянд. Симои шаҳру деҳотамон аз баракати сулҳу субот, сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ба таври шинохташуда дигаргун ва ободтару зеботар мегардад.
Агар саҳифаҳои на чандон дури таърихи кишварамонро варақгардон намоем, хоҳем дид, ки 29 сол муқаддам дар кишварамон нооромӣ ҳукумфармо буду мавҷудияти халқу миллатамон зери бори суол қарор дошт. Он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ агарчӣ аксари мардум аз нарасидани озуқа сахт танқисӣ мекашиданд, вале аз хурд то бузург орзуи оромиву осоиштагӣ дар дил доштанд.
Агарчи қатъи ҷангу хунрезӣ ва таъмини осоиштагӣ орзуи ҳарлаҳзаинаашон буд, аммо касе ба ин рӯзи хушу пурсаодат расиданро бовар надошт.
Яке аз вазифаҳои муҳимтарини солҳои ҷанги шаҳрвандӣ таъмини амният ва манфиатҳои давлату миллат ба шумор мерафт, ки ба он танҳо бо таъсиси Артиши миллӣ муваффақ шудан имкон дошту халос.
Аз ин хотир, роҳбарияти давлат ҷиҳати ноил шудан ба ин мақсад тадбирҳои зарурӣ андешида, бар яке аз рукнҳои давлатсозии хеш ноил гардиданд.
Дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 18-уми декабри соли 1992 қарор дар бораи таъсиси Артиши миллӣ қабул гардид. Аввалинн паради ҳарбӣ 23-уми феврали 1993 дар майдони Дӯстӣ баргузор гардид.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ то имрӯз барои дар манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти Ватан, ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокорӣ тарбия ёфтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ хизматҳои шоиста намудааст. Боиси сипосу шукургузории ҳамешагии мост, ки хизматчиёни ҳарбӣ корнамоии қаҳрамонони гузаштаи халқамонро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ намуда, дар ҳифзи амнияти халқу Ватан мардонагию шуҷоат ва фидокориҳои бемисл нишон додаанд.
Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ, ки бо кӯшишу талошҳои душманонаи дохилию берунии кишвару миллатамон рӯй дод, сабақи талхи он солиёни зиёд фаромуш намешавад. Бо вуҷуди он, ки ин ҷанг барои мо талафоти бисёр овард, сабақи он мардуми моро сарҷам сохта, ҳушдор дод, ки мо бояд дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиамонро аз даст надиҳем, фирефтаи дасисаю иғвои душманони халқу миллатамон нашуда, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро ҳифз намуда, ба қадри истиқлолияти Ватанамон бирасем.
Агарчи аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон соли равон 25 сол сипарӣ мешавад, ҳанӯз ҳам рақибони сиёсии кишвару миллатамон барои дубора барангехтани оташи ҷанг ва халалдор кардани осудагию сулҳу суботи халқу кишварамон маҳз бо баракат ва тантанаи сулҳу суботи халқу кишварамон талош доранд.
Дар тӯли 25 соли тантанаи Ваҳдати миллӣ кишварамон ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Тамоми ободкорию созандагиҳои кишварамон маҳз аз баракат ва тантанаи сулҳу субот муяссарамон гардидааст.
Бо василаи ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 беш аз як миллион нафар аз Тоҷикистон дидан намудаву онро ободу шукуфо дарёфтаанд. Аз ҳама муҳимтар хуб эҳсос намудаанд, ки кишвари мо аз ҷумлаи амнтарин давлатҳои дунё ба шумор меравад.
Онҳо аз азму талоши роҳбарияти кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намудаанд, ки пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ дар як муддати кӯтоҳ кишварамонро соҳиби чунин дастовардҳо гардонидаанд.
Имрӯз месозад, ки мо аз саҳми бузург ва шоистаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар ҳифзи давлату миллат ва истиқлолиятамон бо ифтихор сухан биронем. Бояд таъкид намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ин эътибор ва шаъну шарафро ба осонӣ ба даст наовардаанд. Хизмати содиқонаи ҳазорон сарбозони шуҷоъ ва корнамоиҳои ватандӯстонаи онҳо буд, ки Артиши миллӣ ба комёбиҳои бузург ва шаъну эътибори бепоён ноил гардид.
Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон қарзи виҷдон ва шаъну шарафи ҷавонмардони ватандӯст аст.
Онҳо бо ин амали хуб собит менамоянд, ки падару модар ва ватани ҷоноҷонашонро сидқан дӯст медоранду дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хизмат намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва падару модар адо менамоянд.
Ҳар як ҷавонписар бояд фаромӯш накунад, ки ихтиёрӣ ба ҷо овардани хизмати ҳарбӣ беҳтарин сифати ҷавонмардӣ ба шумор меравад. Ин гуна ҷавонмардон муҳофизони ҳақиқии ватан, фарзандони шоистаи халқу миллатанд, ки ҳифзи ватанро бо амри дил интихоб намудаанд.
Шоистаи таҳсин ва қобили зикр аст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муҳимми муҳофизатӣ хосса дар сарҳади давлатамон ба хотири ҳифзи кишвар аз ҳамлаҳои душманон ҷавонони миллатамон шабҳои зиёди бедорхобиро паси сар намуда, осоиш ва амнияти моро ҳифз менамоянд. Аз ин рӯ, ҷавонмардони дигар бояд бо нидои дил ба ҳифзи халқу Ватан баҳри ҳимояи он омода ва дар лаҳзаҳои зарурӣ дар ин роҳ ҷоннисорӣ намуданро шаъну шараф ва вазифаи виҷдонии худ донанд.
Ҳар касе, ки дар Артиши миллӣ хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварад, чусту чолокӣ, ҷасорат, шуҷоат, далерӣ, мардонагӣ омӯхта, дигар хислатҳои наҷибро дар ниҳоди худ парвариш медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи бузурги ватандӯстӣ, азму ирода ва ҷасорату далерии ҷавонмардони мо буда, ин сифатҳо зимни хизмати ҳарбӣ боз ҳам ташаккул меёбад”.
Айни замон имконияту шароитҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар гардида, дар қисму воҳидҳои он шумораи зиёди ҷавонони кишварамон хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда истода, садоқати худро ба халқу ватани азизамон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола дар доираи таҷлили солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкории ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Раёсати маорифи шаҳр, Бахши ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, Комиссариати ҳарбӣ ва Ташкилоти мададгори мудофиа мусобиқоти анъанавии “Ватанпарвар” доир карда мешаванд.
Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҷавонписарони шаҳру ноҳияҳо аз худ ҷасурӣ, чусту чолокӣ нишон дода, ба хизмти Модар–Ватан ҷиддан омода гарданд.
Кишваре, ки 5 сол муқаддам дар миёни алангаи оташ буду касе аз ободию осоиштагии ояндаи он боварӣ надошт, боиси шукургузории зиёд аст, ки имрӯз дар саросари он фазои оромию сулҳу субот тантана дорад. Ҳамарӯза ба сӯйи ободию шукуфоӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Насли калонсоли ҷомеа хуб медонанд, ки ин комёбӣ ва дастоварди бузурги халқу миллат ва давлатамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар роҳи пуршебу фароз, расидан ба сулҳу суботу осоиштагӣ халқи моро қурбониҳои зиёд пеш омад. Барои ба ин рӯзи пурсаодат ва хушию хуррамӣ расидан саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург аст.
Имрӯзҳо аз баракати сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақша чорабиниҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд. Бо василаи бунёди силсилаи иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ, кишварамон боз ҳам зебову пешрафта гардида, сатҳи рӯзгори халқамон дучанд боло мегардад. Дар саросари мамлакатамон омодагӣ ба истиқболи ин ҷашни пуршукӯҳ идома дошта, иншооти ҳаётан муҳим бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин муддат шумораи зиёди биноҳои хуштару замонавӣ ва бо техналогияи муосир муҷаҳҳази қисмҳои ҳарбӣ бунёд гардидаанд, ки аз ҳусни таваҷҷуҳ бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон башорат медиҳанд.
Ин гуна дастовардҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба хотири ҳифзу таъмини амнияти саросари кишвару миллат нигаронида шудааст, ҳар нафар аз сокинони мамлакат дидаву ба ӯ изҳори сипос менамоянд. Аз таҳти дил таманно менамоянд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқтадир ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поянда ва парчами шукӯҳу ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона парфишон бод!
29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар–ҳомии миллату давлатамон барои тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мубораку фархунда бод!
Мирзо Ашуров,
cармутахасиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон