Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

img268097068252Тибқи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ, махсусан, назарияи давлат ва ҳуқуқ, вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Президент як боби алоҳида (боби 4-ум) бахшида шудааст. Президент дар асоси ҳамин боб фаъолият намуда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар роҳбарӣ мекунад. Ҳамчун шахси олии мансабдори давлатӣ Президент салоҳияти зиёд дорад. Ин салоҳиятҳо асосан дар моддаи 69-уми Конститутсия ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар муқаррар шудааст.

Президент мутобиқи моддаи 58 — уми Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Яъне, дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок ва онҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст (моддаи 69). Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 октябри соли 2019 ба муносибати 25 — умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки ин боз як далели инсондӯстона будани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст. Авфи ҷинояткорон таҷрибаи паҳншудаи ҷаҳонист, ки моҳиятан ба қисман ё пурра аз ҷазо озод намудан, ивази ҷазо ба ҷазои нисбатан сабук ва ба раҳоӣ аз таъқиби ҷиноятӣ равона шудааст. Авф аз бахшиши ҷиноят бо он фарқ мекунад, ки шахсони муайяни алоҳидаро фаро намегирад, балки ба категорияҳои ҷинояткорон, аз рӯи фарқияти ҷинсӣ — занҳо, ноболиғон, маҳкумшудагон ба муҳлати кам амалӣ карда мешавад.

Авф аслан ба принсипи инсондӯстӣ асос меёбад. Дар бисёре аз мамлакатҳо авф ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ, идҳои миллӣ роҳандозӣ мегардад. Дар қисме аз давлатҳо зиёдтар ва дар қисме аз давлатҳои дигар дар мавридҳои истисноӣ ҷинояткорон авф мешаванд. Дар давлатҳои Амрикои Лотинӣ танҳо онҳое авф мешаванд, ки ҷиноятҳои сиёсӣ содир намудаанд. Дар давлатҳое, ки ба оилаи ҳуқуқии англо-саксҳо ва оилаи ҳуқуқии романию германӣ мансубанд, институти авф вуҷуд надорад. Дар давлатҳои Олмон, Испания, Нидерландия, Норвегия, Шветсия, Эстония ва Полша институти авфи ҷинояткорон зидди конститутсионӣ ба ҳисоб меравад. Дар низоми ҳуқуқии бештаре аз давлатҳо категорияи ҷиноятҳо ва доираи ҷиноятсодиркунандагон мушаххас муайян нагардидаанд. Бино ба Конститутсияи Бразилия, авф нисбат ба онҳое, ки ба қочоқи маводи мухаддир ва доруҳои психотропӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, татбиқ карда намешавад.

Маъмулан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» нисбат ба гумонбаршудагон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Моддаҳои 82 (Авф) ва 84 (Доғи судӣ) — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дуруст фаҳмидани қонуни мазкур ба хонандагон кумак мерасонанд. Дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:

Моддаи 82. Авф

1) Авф дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати доираи инфиродан номуайяни шахсон татбиқ карда мешавад. 2) Бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад.

3) Санади авф ба кирдорҳои сазовори ҷазои ҷиноятие, ки то қабули он содир гардидаанд, дахл дорад.

Моддаи 84. Доғи судӣ

1) Шахс доғи судидошта эътироф карда мешавад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ, ки бо он ҷазо таъин карда шудааст ва то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ.

2) Шахс доғи судинадошта ҳисоб мешавад:

а) дар сурати қабули санадҳои авф ё бахшиши ҷазо, агар дар ин санадҳо бардоштани доғи судӣ пешбинӣ шуда бошад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин санадҳо;

б) дар сурати қабули санади авф, ба шарте ки он барои кирдори содиркардашуда татбиқ намудани ҷазоро бекор кунад ва ин ҳолат дар рафти мурофиаи судӣ ошкор шавад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ;

в) дар сурати қабул намудани қонуни нави ҷиноятӣ, ки ҷиноят будани кирдорро бартараф мекунад, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин қонун;

г) дар сурати аз ҷазо озод кардани ноболиғон мувофиқи моддаи 90 ҳамин кодекс аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд дар бораи аз ҷазо озод кардани ноболиғ;

д) дар сурати иҷро накардани ҳукми айбдоркунӣ аз рӯзи гузаштани муҳлатҳои иҷрои ҳукми айбдоркунӣ.

3) Доғи судӣ дар муҳлати зерин барҳам мехӯрад:

а) ба маҳкумшудае, ки нисбати ӯ шартан татбиқ накардани ҷазо татбиқ карда шудааст, баъди тамом шудани муҳлати санҷиш;

б) нисбати шахсоне, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида, ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд, бо гузаштани як сол пас аз тамом кардани муҳлати таъиншудаи ҷазо;

в) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани се сол пас аз адои ҷазо;

г) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо;

д) нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо.

4) Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, муҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад.

5) Агар шахс то тамом шудани муҳлати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни муҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Муҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани муҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад.

6) Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доғи судиашро то тамом шудани муҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин муҳлат бекор кунад.

7) Барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ оқибатҳои ҳуқуқии ҷавобгарии ҷиноятиро беэътибор мегардонад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, ба зиёда аз 20 ҳазор нафар гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда татбиқ мегардад.

Дар таърихи навини Тоҷикистон 15 маротиба қонуни авф нисбат ба ҷинояткорон татбиқ шудааст. Фарқи қонуни нави авф нисбат ба қонунҳои пешина дар он аст, ки шумораи авфшавандаҳо зиёд мебошад. Бар асоси лоиҳаи нави қонуни авф, зиёда аз ҳафт ҳазор нафар аз маҳбасҳо ва беш аз панҷ ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигар озод мешаванд. Инчунин, муҳлати ҳабси як гурӯҳи маҳбусон кам мешавад. Қонуни авф, ҳамчунин, нисбат ба беш аз 2 ҳазор нафар, ки парвандаҳои онҳо дар баррасии мақомоти тафтишотӣ ё додгоҳҳо қарор доранд, татбиқ мегардад.

Амали қонуни мазкур, пеш аз ҳама, нисбат ба онҳое татбиқ карда мешавад, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва ҷиноятҳои дараҷаи миёна содир кардаанд ё аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд. Аз ҷумла, мувофиқи талаботи моддаи 4 — уми лоиҳаи қонун, шахсоне, ки бори аввал барои содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Ҳамчунин, шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда, аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазои боқимонда озод карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи ин қонун, занон, ноболиғон, мардони аз 55 — сола боло, маъюбони гурӯҳҳои 1, 2, 3, гирифторони бемории сил аз маҳбас озод мегарданд.

Иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои дигар ва шаҳрвандони хориҷӣ низ шомили авф мешаванд. Инчунин, онҳое, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз ҷавобгарӣ озод хоҳанд шуд. Онҳое, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон вазнин ва миёна содир кардаанд, низ авф карда мешаванд.

Онҳое, ки бо моддаҳои ифротгаройӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, бар асоси қонуни авф озод намешаванд, вале муҳлати адои ҷазояшон кам карда мешавад.

Муҳлати адои ҷазои онҳое низ кам мешавад, ки барои содир намудани ҷиноятҳои зерин аз озодӣ маҳрум гардидаанд:

– куштор, ба худкушӣ расонидан, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, сироят кардан ба ВНМО, одамрабоӣ, хариду фурӯши одамон, таҳқири оммавии Президент ё туҳмат кардан ба ӯ, таҷовуз ба номус, ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ, терроризм, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ.

Тибқи муқаррарот, баъди баррасӣ ва қабул шуданаш аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» бояд дар муддати ду моҳ амалӣ гардад.

Лозим ба ёдоварист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи авф» танҳо нисбат ба гумонбаршудагон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагоне татбиқ мешавад, ки ба гуноҳи худ иқрор шаванд. Дар сурати иқрор нашудан ба гуноҳи худ меъёрҳои қонун нисбат ба чунин ашхос татбиқ намегардад.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: Садои Мардум

Чоп кунед