Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек зимоми идораи давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлат мавҷуд буд, баръало эҳсос мегардид, ба даст гирифт. Дар ин марҳала бар уҳда гирифтани вазифаи роҳбарӣ ниҳоят кори душвор ва сангине ба ҳисоб мерафт, аммо ба ин ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, Пешвои муаззами миллат ин вазифаи пурмасъулиятро ба зимма гирифта, дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшони кишвар дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуд. Ин буд, ки табақаи заҳматкашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару ғайратманд бо чашмони воқеъбин, гӯшҳои ҳақшунав, ақли бедору хиради дурбинона, забони ҳақгӯву табъи нуктасанҷ ва бо ҳазорҳо бозуи қавӣ зери сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар самти пешрафт ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз саҳми хешро мегузоранд.

Фаъолияти пурмуҳтаво ва пурмаҳсули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он моҳияти миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ дарк намуда, бо диди ибратомӯз дурнамои кишварро дида метавонем. Сиёсати имрӯзае, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, сиёсати маорифпарварона, адолатхоҳона, инсонпарварона, фарҳангсозу миллатсоз буда, таҳти роҳбарии ин абармарди ҷодаи сиёсат бевосита татбиқ мегардад. Имрӯз барҷастатарин сиёсатмадорони саҳнаи сиёсии ҷаҳон тарзи давлатсозии моро яке аз беҳтарин намунаҳо эътироф намуда, нисбат ба он эҳтиром зоҳир менамоянд.

Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар саҳнаи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дида намешавад”. Пешвои миллат ҳамчун абармарди роҳи сиёсат, пешвои тавонои сиёӣ тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор намояд. Замоне, ки ӯ ҳамчун шахсияти сулҳофар ба сӯйи мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз кард, пеш аз ҳама манфиати миллӣ ва ояндаи ҳамватанони худро дар мадди аввал гузошт.

Сулҳе, ки Пешвои-миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлоли сиёсии Тоқикистони азизу маҳбуб гашт. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ миллати тоҷикро ҳамчун миллати дорои пешвои тавонои сиёсие мешиносанд, ки ӯ метавонад дар ҳама ҳолат Истиқлоли сиёсии кишварро ҳифз намояд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф намудааст.

Қонуни мазкур 14 ноябри соли 2016 қабул гардида, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу сиёсии Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам сохтани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон муқаррар мекунад.

Мавзӯи Қонуни конститутсионии мазкурро дар баробари салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин, мафҳум ва вазъи сиёсиву ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ӯро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.

Мутобиқи моддаи 8-и Қонуни мазкур ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сӯиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар асоси ин қонун ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 137 қисми 1 ҳамчун тағйиру илова ворид гардидааст, ки чунин аст:

Моддаи 137, қисми 1 таҳқири омавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ (ҚҶТ аз 14.11.2016, №1358):

  • Барои таҳқири оммавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ё туҳмат кардан ба ӯ бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.
  • Агар чунин кирдор бо истифодаи матбуот, дигар воситаҳои ахбори омма ё шабакҳои интрентӣ содир шуда бошад, бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Ин гуна ҷавобгариҳоро дар қонунгузории як қатор давлатҳои дигар дидан мумкин аст, ки дар замонҳои гуногун қабул шуда таҳқиру туҳмат нисбати Президент ё Пешвоёнро фарогиранда мебошанд. Аз ҷумла, бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон ворид шуд, барои таҳқири оммавии Президент ва ё туҳмат задан ба ӯ дар шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ то се сол корҳои ислоҳӣ, маҳдудият ва ё маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ гаштааст. Қонуни мазкуро 30-юми моҳи марти соли 2021 ба тасвиб расидааст. Пештар дар моддаи 158-и Кодекси ҷиноятии Узбекистон барои таҳқири оммавӣ ва ё бадномкуни Президент дар расонаҳо ҷазо пешбинӣ шуда буд, вале “Шабакаҳо” ва “Интернет”-ро дар бар намегирифт.

Дар Туркманистон бошад, моддаи 176-и Кодекси ҷиноятии Туркманистон барои чунин ҷиноят то 5 сол маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ менамояд, ки соли 2014 қабул шудааст.

Дар Қазоқистон ду моддаи Кодекси Ҷиноятии Қазоқистон  ба ҳимоя аз шаъну эътибори “Президенти аввал” равона шудааст.Моддаи 373 Кодекси ҷиноятии мазкур  таҳқири оммавӣ ё паст задани шаъну эътибори президенти аввал ва беэҳтиромӣ ба тасвирҳои ӯро пешбинӣ мекунад: Барои ин ҷиноятҳо; ҷарима, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат муайян гардидааст.

Моддаи 128 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия барои туҳмати оммавӣ, аз ҷумла дар интернет ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.

Дар Белорусия барои таҳқири оммавии Президент ҷарима ва корҳои ислоҳӣ то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст, ки дар моддаи 368-и Кодекси ҷиноятӣ дарҷ гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маврид то ду сол ҷазо муайян гардидааст.

Дар Лаҳистон барои таҳқири Президент се соли зиндон ё ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар Нидерландия барои таҳқири Малика то панҷ сол, барои таҳқири ҳамсари шоҳ то чор сол ҳабс пешбинӣ гардидааст.

Қаблан қонунгузории Ҷумҳурии Озорбайҷон барои таҳқири Президент дар ВАО ҷазо пешбинӣ карда буд. Ҳоло ба қонун мафҳуми “захираҳои иттилоотии интернет” илова карда шудааст.  Вайронкунандагони ин қонунро ҷарима ба андозаи 100 то 500 ҳадди ақали музди меҳнат ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат таҳдид мекунад.

Таҷрибаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳон нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ зарур аст. Аз нигоҳи мардуми кишвар дар шароити ҷаҳони имрӯза доштани пешвои сиёсӣ, эътирофи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат” ҳамчун рамзи муттаҳидии халқ ва далолаткунанда ба фардои нек мебошад.

Тамоми қишри ҷомеа қабули Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат”-ро хуб пазируфта, бо азму ирода ва тамоми маҳорату малакаи худ ба иқдом ва сиёсати пешгирифтаи ин марди шуҷоъ камар бастаанд. Далели бузургу раднопазир ин фаъолияти содиқонаю созанда ва аз ҷониби халқ эътироф шудани Пешвои миллат дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди эҳёи фарҳанги миллат аст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” нишон медиҳад, ки мо мардуми кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бовару эътимод дорем ва ин қонунро ҳамчун санади муҳим арзёбӣ намуда, дастаҷамъона пуштибонӣ менамоем.

Сайфуллозода Беҳруз,

ҳуқуқшиноси Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед