Шаҳрванд Холов Иззатулло Амонович, ки ҳоло бо номи Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ёд мешавад, зодаи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ буда, на барои фаъолияти сиёсиаш, балки барои қаллобӣ, ки дар асоси моддаи 247, қисми чоруми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб мешавад, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Чунонки аз маълумотҳо бармеояд, Иззат Амон барои аз маҳбас озод намудани шаҳрванд Шарифов Ҳасан, ки барои қочоқи маводи мухаддир ҳабс шудааст, бо роҳи қаллобӣ ва фанду фиреб аз бародари номбурда, шаҳрванд Шарифов Бобоҷон як маротиба 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм ҳазор доллари Амрико гирифта, ягон фаъолияти ҳуқуқиро дар нисбати дастгиршуда анҷом надодааст. Ба ибораи дигар Иззат Амон шаҳрванд Шарифов Бобоҷонро фиреб додааст, ки ҳам ҷиноят ва ҳам аз диди дин, гуноҳ ба ҳисоб меравад.
Инчунин аз маълумоти мавҷуда бармеояд, ки на танҳо бародарон Шарифовҳо, балки даҳҳо тоҷикони дигари муҳоҷир аз қаллобӣ ва фанду фиреби Изат Амон зарари моддию маънавӣ дидаанд.
Аз ин рӯ, дар қазияи Иззат Амон имрӯз на ҳимояи мардум, балки ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти дахлдор зарур аст, то ки масъалаи мавҷуда ҳалли худро пайдо намояд ва ҳақ ба ҳакдор расад. Писари Иззат Амон худ низ хабар додааст, ки баъди пардохти маблағи аз мардум бо роҳи қаллобӣ ва фанду фиреб гирифтааш, парвандаи номбурда роҳи ҳалли қонуниашро меёбад.
Бо сабабҳои дар боло зикр шуда, ба мардум муроҷиат карда таъкид месозем, ки аз роҳҳои ғайриқонунии таъсиррасонӣ ба рафти тафтиши ҷинояти Иззат Амон даст кашида, ба дасисаҳои мухолифини гурезпо, ки садҳо муҳочирини бечораро зери латтукӯби пулисҳо қарор додаанд, даст кашида, мунтазири ҳалли қазияи мазкур дар асоси қонун бошанд.
Махсусан аз муҳоҷирони тоҷик хоҳиш мекунем, ки бо даъвати душманону хоинони миллат ба гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ машғул нашуда, худро дар ғарибӣ ва аҳли оилаи худро дар Ватан бе ризқу рӯзӣ накунед, зеро чунин амалҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қонунгузории кишвари будубоши Шумо метавонад ба ихроҷ – депортатсияи дарозо ва ҳатто якумрии Шумо расонад.
Қонун барои ҳама як аст – ҳар кӣ гунаҳгор бошад, дар назди он ҷавоб мегӯяд ва ҳар кӣ бегуноҳ аст, сиҳату саломат ба назди фарзандону пайвандонаш бармегардад. Дар нисбати Изат Амон низ инро касе бекор накардааст!
Файзулло Салим
коршиноси масъалаҳои сиёсӣ