30 марти 2021 дар Душанбе нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истамбул”, ки ба барқарории сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаи Осиё нигаронида шудааст, зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор ва дар интиҳо Эъломияи муштарак ба имзо расид.

Бояд зикр намуд, ки раванди мазкур соли 2011 бо ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия роҳандозӣ шуда буд.

Маҳз, таъсис ёфтани Қалби Осиё-Раванди Истамбул бо фарогирии 15 давлати дунё, 16 давлати мададрасон ва 16 созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз сатҳи баланди ин раванд гувоҳӣ медиҳад.

Зикр намудан лозим аст, ки Тоҷикистон дар Раванди Истамбул ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Ҳатто ба паёмадҳои манфии Ковид-19, ки ҷаҳонро ба буҳрони шадиди иқтисодӣ дучор сохт, нигоҳ накарда, Тоҷикистон ҳамоно давлати ташаббускор ва пешсаф дар ҳалли бисёр масъалаҳои муосир боқӣ монд.

Ҷумҳурии мо аз рӯзҳои аввали барқарории робитаҳои дипломатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯшиш ба харҷ додааст, ки аз минбарҳои баланд ба масъалаи вазъ дар ин кишвар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намояд, зеро кӯмакҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон ҷиҳати зудтар хотима додани низоъҳои дохилӣ ва раҳоии ин кишвари азияткашида аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ хеле муҳим мебошанд.

Дарвоқеъ, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақаҳои наздимарзии он бо Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ гардида, ба манфиатҳои миллии ҳар ду кишвари бародар ҷавобгӯ мебошанд. Ин андешаро метавон бо якчанд далел исбот намуд:

Якум, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарз мебошанд ва амният дар марзҳои кишварҳо кафили амният ва субот дар тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Ин воқеият бар нафъи тамоми давлатҳои минтақа ва иштирокчиёни раванд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баҳри таъмини амнияти сарҳадоти давлатӣ аз терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ муборизаи беамон мебаранд. Аз ин рӯ, баҳри боз ҳам пурзӯр намудани муборизаҳои муштарак 30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи Эъломияи муштарак пешниҳод гардид, ки Комиссия муштараки ҳамкории амниятии байни ду кишвар таъсис дода шавад.

Дуюм, Тоҷикистон ва Афғонистон давлатҳои ҳамфарҳангу ҳамзабон мебошанд. Таърих худ собит менамояд, ки ин ду миллати куҳан дар тӯли ҳазорсолаҳо дар бари якдигар зиндагонӣ намуда, робитаҳои зич барпо намудаанд ва ҳамеша омили наздикии фарҳангиву забонӣ нагузоштааст, ки ин ду миллати бародар нисбат ба тақдири якдигар бетараф бошанд.

Сеюм, ҳарду давлат иқтидори бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ ва гидроэнергетикиро доранд. Аз ин лиҳоз, татбиқи як қатор лоиҳаҳои бузурги моҳияти стратегидошта хеле муҳим аст. Яке аз чунин лоиҳаҳои муҳим CASA-1000 мебошад, ки барои кишварҳои мо аҳамияти ҳаётӣ дорад, зеро хатҳои барқӣ Осиёи Марказиро бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ пайваста, имконият фароҳам меорад, ки дар минтақаҳои мазкур майдони бузурги гидроэнергетикӣ ба вуҷуд ояд  ва барои рушди ҳамкорӣ ва ҳамгироии бештари кишварҳои минтақа мусоидати амалӣ расонад.

Инчунин масъалаи дигари муҳим ин тиҷорати байнисарҳадӣ мебошад, ки дар ин замина аллакай шаш пулҳои мошингарди болои дарёи Панҷ ва чор нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ фаъолият доранд. Барои вусъат бахшидани ин соҳа дар Эъломияи дар Душанбе қабулгардида аз ҷониби кишвари мо таъсиси Шӯрои доимоамалкунандаи соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод гардид.

Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи нодири барқарории сулҳу суботро дорост. Ҳанӯз собиқ Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид Кофӣ Анан гуфта буд: “Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ аст”. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун намунае барои бородаркишвари Афғонистон низ метавонад аз аҳамият холӣ набошад.

Вобаста ба далелҳои болозикр ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди Истамбул аҳаммияти зиёд дорад.

Конфронси вазирони Қалби Осиё-Раванди Истамбул ҳам аз нигоҳи вақту замони баргузорӣ ва ҳам аз нуқтаи назари маҳсулнокӣ бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Ин чорабинии муҳим дар ҳоле баргузор шуд, ки ҷаҳон ба марҳилаи нисбатан мусоиди эпидемиологӣ гузашт,  вале вазъият ба таври бетағйир дар Афғонистон осебпазир боқӣ мемонад.

Нишасти мазкур имкон дод, ки маҷмӯи масоили вобаста ба сулҳ дар Афғонистон мавриди муколама қарор гирифта, санадҳои дахлдор ба тасвиб расанд. Аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо қабули Эъломияи муштарак ва Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) мебошад. Барномаи иқдомоти амалӣ (Нақшаи роҳ) дар заминаи ҳамкориҳои сиёсӣ, амниятӣ, тиҷоратӣ, нақлиётӣ, транзитӣ, энегетикӣ ва фарҳангӣ қабул гардида, барои муайян ва возеҳ намудани самтгириҳои  минбаъда оид ба эътидол овардани вазъи Афғонистон, аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ берун кашидани ин кишвар заминаҳои хуб фароҳам меорад.

Албатта, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузории бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе хеле бузург аст.  Маҳз бо ибтикори хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлати мо дар ин давра муҳимтарин нишастҳои сарони кишварҳо ва конфронсҳои байналмилалию минтақавӣ оид ба таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар баргузор шуданд. Пешвои миллат дар давраҳои хеле ҳассос дар радифи истиқрори сулҳу субот дар кишвари азизамон, инчунин барои сулҳи Афғонистон низ кӯшиш ба харҷ дода аст.

Маҳз чунин сиёсати сулҳпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат тавонист имруз Душанберо ба як  маркази ҷаҳонии баррасии масъалаҳои муҳими сиёсӣ табдил диҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯзҳо Душанбе тавонист на танҳо маркази фарҳангӣ, балки маркази сулҳу субот ва таъмини амнияти тамоми ҷаҳон бошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун маркази ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохт, ки ин воқеият нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи бақналмиллалӣ  дучанд гардонид.

Дар маҷмуъ, чорабинии муҳиме, ки дар Душанбе баргузор шуд, метавонад заминаи хуберо барои ҳалли қазияи Афғонистон ва таъмини субот дар минтақа фароҳам орад.

 

Икромова З.А.

мутахассиси пешбари Раёсати

таҳлил ва ояндабинии

сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед