Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати худ барои рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ноҳияи Роштқалъа яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ноҳия дорои имкониятҳои васеи истеҳсолӣ буда, ба туфайли ташаббусҳои Ҳукумат ва соҳибкорони маҳаллӣ сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида истодаанд. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия мунтазам иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад. Сохта ва ба истифода қарор додани ин иншоотҳо ба некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, ба онҳо зиндагии шоистаро фароҳам месозад. Ҳамчунин сокинони ноҳия низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм дошта, бо ифтихор ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Тавре хадамоти матбуоти Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, санаи 16- августи соли ҷорӣ дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Роштқалъа дидан намуданд.
Нахуст дар ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқи обии “Себзор”-ро ба истифода қарор доданд, ки неругоҳи мазкур дар мардуми ин гушаи диёрро бо барқ таъмин хоҳад намуд. Боиси таъкид аст, ки ба истифода додани чунин неругоҳҳо дар минтақаҳои кӯҳистон дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ нақши калидӣ дорад.
Зимни сафари кории худ Пешвои миллат дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин шароити комили кориро барои кормандон таъмин кард.
Бинои мазкур бо тамоми шароити муосири корӣ муҳайё гардида, аз 10 ҳуҷраи барҳавои корӣ ва 4 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат аст. Ҳамчунин дар ин бино бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир шудааст. Бо имкониятҳо ва шароитҳои ҷойдода дар ин марказ барои ҳунаромӯзии калонсолон шароити мусоид фароҳам омад.
Инчунин дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави маъмурӣ дар масоҳати 156 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат мебошад. Кормандони ин ниҳод бо сарфарозӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат бинои навро дастгирии навбатии Пешвои муаззами миллат донистанд. Сохта ва ба истифода додани чунин як бинои хушсохту замонавӣ шароити хуби кориро барои кормандон фароҳам сохт.
Маврид ба зикр аст, ки шуруъ аз 27 июни соли равон бинобар ба муддати чанд рӯз пайи ҳам фаромадани сел дар деҳаи Меденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа маҷрои дарёи Шохдара банд гардида, 15 хонаи истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва боғоту заминҳои кишоварзӣ зери об монданд. Дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат хонаҳои зарардидаи сокинон барқарор гардида, бо шароити хуби будубош таъмин карда шуд. Қобили қайд аст, ки таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии хонаҳои сокинони зарардида ҳусни анҷом бахшида шуда, хонаҳо бо тамоми шароити муносиб супорида шуд. Дар навбати худ сокинон ба Пешвои миллат барои расонидани кумакҳои саривақтӣ, изҳори миннатдории намуда, иброз доштанд, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ онҳо хуб эҳсос намуданд, ки танҳо нестанд. Барои рушди варзиш дар назди ин хонаҳои истиқоматӣ майдончаи варзишӣ сохта шудааст, ки инчунин солимгардонии сокинони маҳал мусоидат мекунад.
Дар идомаи сафари кории худ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва фаъолони ин гушаи диёр вохурӣ намуда, ба аҳолии ин ноҳия барои саҳм гузоштан дар рушду ободии мамлакат барор ва комёбӣ таммано карданд. Ҳамзамон Президенти мамлакат қайд карданд, ки “Дарвоқеъ, холо тамоми Ватани маҳбубамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, мардуми бонангу номуси кишвар, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ба хотири ободу зебо гардонидани зодгоҳи худ ва дар маҷмӯъ, Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистон саъю талош карда истодаанд, ки ноҳияи Роштқалъа низ аз ин раванд истисно нест”.
Имрӯзҳо омодагии тамоми мардуми мамлакатро дар ҳар гушаи кишвар барои ҷашни 32- солагии истиқлолият дидан мумкин аст. Ҳамин тавр бо итминон метавон гуфт, ки мардуми ноҳияи Роштқалъа ҷашни дар пешистодаро бо пешравиҳои назаррас истиқбол хоҳанд кард.
Дар роҳи ободониву бунёдкорӣ , ба хотири пешрафти Тоҷикистони азиз ба ҳар як сокини ин диёри аҷдодӣ барору муваффақият орзу менамоем.
Таварова Моҳира Шарифхоновна,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон