Санаи 27-уми августи соли ҷорӣ дар пайи боришоти пуршиддат дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар офати табиӣ сар зад, ки ба сокинони мамлакат ҳисороти молию ҷониро ба бор овард. Иттифоқ афтодани чунин ҳаводис дар фасли тобистон бесобиқа буда, зарурати боз ҳам аниқтар дарк кардани тағйири иқлимро дар миқёси ҷаҳонӣ, ки пайваста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мегардад, меафзояд.

Баъд аз чанд соати гузашти офати табиӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии худро ба хонаводаҳои аз офати табиӣ зарардида расониданд. Ҳамзамон, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарон ва намояндагони бархе кишварҳо барқияи тасаллӣ ирсол гардид.

Дар пайравӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ, шоирону нависандагон ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамдардии худро ба сокинони аз офати табиӣ зарардида расониданд.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида расонидани кумак супоришҳои қатъӣ доданд.

Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, Ҳукумати кишвар як қатор иқдомот ва тадбирҳое андешид, ки ба рафъи оқибатҳои сел ва расонидани кумак ба осебдидагон нигаронида шудааст. Дар навбати аввал Ҳукумати Тоҷикистон захираҳои худро фаъолона сафарбар намуда, барои расонидани ёрии таъҷилӣ ба аҳолӣ ситодҳои зудамал ташкил намуд, ки ба зиммаи он тақсимоти кумакҳои башардӯстона, таъмини сарпаноҳи муваққатӣ, ғизо, ёрии тиббӣ ва дигар захираҳои зарурӣ гузошта шуд.

Тибқи иттилои расмӣ бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, намояндагони дигар вазорату идораҳои марбути шомил мебошанд. Ҳайати гурӯҳ ба маҳали ҳодисаи фавқулода-ҷамоатҳои деҳоти шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб рафта, зарару хисороти расидаро муайян мекунанд.

Инчунин, аъзои Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода якҷоя бо мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрӣ ба зарардидагон хона ба хона гашта, зарари расидаро муайян менамоянд.

Дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 100 хонавода ва истироҳатгоҳҳои шахсӣ валангор гардида, дар ҳамин ҳолат талафотҳои ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Боқӣ мардуми зарардида ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 15 воситаи нақлиётӣ зери лою гил монданд. Боришот, сел ва ярчфароӣ инчунин, дар ноҳияҳои Ҳисор, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ харобиҳо овард. Боришот ҳамзамон, дар як қатор роҳҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода марзи Ӯзбекистон ва Душанбе-Ҳисор боиси омадани лою сангфароӣ шуд.

Гузашта аз ин, Ҳукумати кишвар барои бозсозии зербиноҳои аз сел осебдида иқдомоте анҷом дода, минтақаҳои аз офати табиӣ осебдида барои барқарор кардани роҳҳо, пулҳо, неруи барқ, об ва дигар инфрасохтор кумаки заруриро соҳиб гардиданд. Тадбирҳои саривақтии Ҳукумати кишвар имкон дод, ки зиндагонии аҳолии зарардида бехавф ва барои онҳо дар минтақаҳои зарардида шароити муътадили зиндагонӣ барқарор карда шавад.

Мутаассифона, аз даст додани наздикону пайвандонро бо ягон восита наметавон ҷуброн намуд, лекин аз ҷиҳати моддию молиявӣ ин оилаҳо ҳамаҷониба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Тибқи иттилои расонаҳо аз шаҳри Ваҳдат айни ҳол дар ҷойи воқеа корҳои бартарафсозӣ бомаром идома доранд. Ба ғайр аз муассисаҳои давлатӣ мардуми гӯшаву канори кишвар низ, ба ёрии осебдидагон омада, ҳамаҷониба онҳоро дастгирӣ менамоянд.

Офатҳои табиӣ ҳодисаҳое мебошанд, ки бидуни дахолати инсон рух медиҳанд, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд.

Ҳамасола офатҳои табиии гуногун дар ҳудуди Тоҷикистон рух медиҳанд. Дар ҳама ҳолат роҳбарияти кишвар ва масъулон пайваста кӯшиш менамоянд, ки кумаку дастгирии худро ба зарардидагон расонанд.

Ташаббусҳо ва кумакҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рафъи оқибатҳои обхезӣ аз дарки масъулиятшиносии баланд дар назди мардум шаҳодат медиҳад. Саъйю кушишҳои саривақтии Ҳукумати кишвар вазъи аҳолиро дар натиҷаи офати табиӣ муътадил гардонида, ба барқарор намудани мавзеъҳои зарардида мусоидат намуд. Аз ҷониби дигар тадбирандешиҳои мазкур, омодагии Ҳукумати кишварро барои ба зимма гирифтани масъулият ва таъмини некуаҳволии шаҳрвандон дар рӯзҳои душвор нишон медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсияи мамлакат давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро дар доираи имкониятҳои мавҷуда фароҳам меоварад.

Бояд гуфт, ки талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти барқарорсозӣ ва кумак ба осебдидагон омили муҳими таъмини рушди устувори кишвар ва ҳифзи некӯаҳволии мардуми он мебошад.

Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед