ДУШАНБЕ, 31.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22-23 майи соли 2023 таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Рафти инъикос, натиҷаҳо ва ҳадафҳои асосии баргузории  ҷаласаи мазкурро сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто Зубайдулло Давлатов дар мақолаи худ ба унвони АМИТ «Ховар» шарҳ додааст.

— Бо афзоиши босуръати шумораи мутахассисони созмонҳои таҳлилӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири онҳо ба сиёсати ҷаҳонӣ ҳам зиёд мешавад. Ин «марказҳои тафаккур», аз ҷумла онҳое, ки масъалаҳои байналмилалии илмӣ ва ниҳодҳои илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳонию минтақавӣ, масъалаҳои муҳимтарини сиёсиро меомӯзанд, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба проблемаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ баён мекунанд ва ба мақомоти кишварҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ тавсияҳо пешниҳод менамоянд. Бо иҷрои чунин амал онҳо ба давлатҳо  ва ташкилоти ҷаҳонию минтақавӣ дар ҳалли мушкилоти умда, ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли масъалаҳои муҳимтарине, ки дар назди онҳо истодааст, кумак мерасонанд.

Эътибор ва самаранокии ташкилоти коршиносию таҳлилӣ ба таъмин намудани онҳо бо мавод, поквиҷдонӣ, муносибати холисона ва ҳаматарафа ҳангоми гузаронидани таҳқиқот вобастагии калон дорад.

Дар ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои нақши созмон дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил гардид. Ҳамзамон сиёсати ҳамҷаворӣ ва ҳолату дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳои аъзои СҲШ ҳамчун омили муҳими таъмини субот ва рушди устувор дар шароити тағйироти куллӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ  қарор гирифт.

Форуми Созмони ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки барои мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои аъзои СҲШ, гузаронидани таҳқиқоти муштарак доир ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технологияҳои нав ва ғайра равона шудааст.

Форуми мазкур соли 2006 таъсис дода шуда, аз ҳар кишвари аъзо як маркази муҳимми таҳлилӣ шомили он мебошад. Раёсатро дар Форум ҳар сол як маркази миллии таҳлилии давлати аъзо ба зимма мегирад. Форумро аз номи Тоҷикистон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ  мекунад.

Аз замони таъсис то имрӯз таҳти раёсати кишварҳои аъзо 17 ҷаласаи он баргузор шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан ду маротиба- солҳои 2010 ва 2016 дар Форум раёсат дошта, онро дар сатҳи баланди байналмилалӣ доир намуд. Мавриди тазаккур аст, ки мақоми раёсат дар Форуми СҲШ соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ буд.

Дар Форум роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмию таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ҳамзамон коршиносони ватанӣ ва журналистон иштирок  намуданд.

Муҳокимаи масъалаҳои зерин ба  Форум пешниҳод гардид:

  1. СҲШ ва воқеияти нави ҷаҳонӣ: ҳолати кунунии иқтидори посухгӯии СҲШ ба чолишҳои муосир.
  2. Уфуқҳои стратегии СҲШ дар шароити ташаккули ҷаҳони бисёрқутбӣ.
  3. Сиёсати амниятии СҲШ дар шароити тағйирёбии шаклҳо, табиат, ҷуғрофиё, миқёси чолишҳо ва таҳдидҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ.
  4. Хатарҳои иттилоотӣ ва шабакавӣ: дарки таҳдидҳо, таҷрибаҳои миллии муқовимат ва механизмҳои табодули таҷриба дар доираи СҲШ.
  5. Тамоюли нави ҳамкории давлатҳои СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ: дурнамои рушди фарогири иқтисодӣ, инноватсионӣ ва технологӣ.
  6. Равандҳои муҳоҷират дар ҳавзаи СҲШ: ҳолат ва масоили танзими он;
  7. Ҳамкории гуманитарӣ дар доираи СҲШ: дастовардҳо, мақом ва нақши илм, маориф ва фарҳанг дар тавсеаи равандҳои ҳамгироӣ.
  8. Дастовардҳо ва дурнамои ҳамгироии иқтисодӣ дар доираи СҲШ: иттиҳодияи байнибонкӣ, системаи ягонаи молиявӣ, шабакаи ягонаи нақлиётӣ ва системаи ягонаи мониторинги боркашонӣ.
  9. Ташаккули самтҳои нави ҳамкорӣ дар доираи СҲШ: рушди иқтисоди “сабз”, энергияи “сабз”, ҳифзи муҳити зист ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим.

Бояд гуфт, ки дар бораи кори ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай танҳо дар сомонаи интернетии Маркази тадқиқотии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва торномаи интернетии он дар «Фейсбук» 36 маводи иттилоотӣ ва таҳлилӣ  бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба бо ҳайатҳои намояндагони  давлатҳои иштирокчии форум баргузор гардид. Хабари мулоқотҳои мазкур дар сомонаи  МТС (www mts.tj), сомонаҳои «Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратег», дар шабакаи иҷтимоии фейсбуки интернет бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузошта шуд.

Дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»,  телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», Ширкати байнидавлатии телевизион ва радиои  «Мир», радиоҳои «Тоҷикистон», «Овози тоҷик», «Садои Душанбе»  аз ҷониби кормандони марказ 21 мусоҳиба анҷом дода шуд.

Ба ғайр аз ин тавассути мактуб намояндагони 18 воситаи ахбори оммаи ҷумҳурӣ  даъват шуда буд, ки аксари онҳо дар форум иштирок намуда, дар расонаву нашрияҳои  худ ин ҳамоишро инъикос карданд.

Ҳамаи ёздаҳ давлате, ки дар Форум иштирок дошт (Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Чин, Эрон, Русия, Ҳиндустон, Покистон, Озарбойҷон, Беларус) дар умум 47 хабару гузоришро дар васоити ахбори оммаи кишварҳои худ нашр намуданд.

Дар маҷмуъ, ҷаласаи 18-уми Созмони ҳамкории Шанхай  аз тариқи матбуоти ватанӣ ва хориҷӣ ҳамаҷониба инъикос гардид ва онро журналистон ва коршиносон дар сатҳи баланд мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Бори аввал буд, ки Форуми СҲШ баъди чор соли бедодгарии пандемияи коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омад. Ин форум нисбат ба форумҳои пешин миқдори бештари давлатҳо ва ҳайатҳоро фаро гирифт. Қатори давлатҳои аъзо дар кори он шарикони муколама ва давлатҳои нозир низ иштироки фаъолона доштанд.

Шояд бори аввал буд, ки баъди муҳокимаи зиёда аз чаҳорсоата ҳангоми мувофиқаи матни протоколи ҷамъбастии форум тарафҳо бо иттифоқи оро ба он имзо гузоштанд.

Як хусусияти дигари ҷаласаи 18-уми Созмони ҳамкории Шанхай  дар шаҳри Душанбе он буд, ки эстафетаи раёсати он барои соли 2024 дар вазъияти тантанавӣ ба ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон супурда шуд.

Ҷаласаи 18-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай 23 майи соли 2023 ба кор хотима бахшид. Мо, кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон умед бар он дорем, ки тавсия ва пешниҳодҳои таҳлилии ин форум барои ба эътидол омадани вазъият дар минтақаи масъулияти СҲШ мусоидат менамояд.

khovar.tj

Чоп кунед