ДУШАНБЕ, 16.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бисту панҷ сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имзо шуд, ки боиси тағйирёбии сарнавишти давлати тоҷикон ва тақдири шаҳрвандони кишвари азизамон гардид. Имрӯзҳо, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор доранд, хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН бо сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ оид ба нақши ваҳдати миллӣ ҳамчун омили нигоҳдорандаи устувории давлат суҳбат намуд.

АМИТ«Ховар»: — Ваҳдати миллӣ барои тамоми давлатҳо ва ҷомеаҳо муҳимтарин арзиш маҳсуб шуда, омили асосии  рушди ҷомеа ва кафолати зиндагии шоистаи мардум аст. Дар тақвияти ин гуфтаҳо чӣ андеша  доред?

Зубайдулло Давлатов: — Сарзамини Тоҷикистон пур аз ганҷ аст, аммо барои давлату миллати тоҷик аз ваҳдати миллӣ дида гаронбаҳотар ганҷе нест! Имзои Созишномаи  сулҳ ва ризояти миллӣ дар ҳаёти миллату давлат гардиши куллие буд, ки дар  дили садҳо ҳазор ҳамватанони мо, ки иҷборан тарки Ватан карда буданд, шуълаи умедро фурӯзон гардонд. Дар бораи раванди сулҳи тоҷикон дар воситаҳои ахбори омма бисёр маводи арзишманд ва ҷолиб чоп гардидаанд, аммо таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун падидаи нодири таърихию иҷтимоӣ  ва илм ба таври мақсадноку системавӣ хеле кам ва сатҳӣ омӯхта шудааст. Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки мо, тоҷикон, таҷрибаи сулҳи худро ҳамчун як воситаи баромадан аз бунбастҳои тафаккури  иҷтимоӣ,  шаҳрвандӣ ва ҷамъиятӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа муаррифӣ намоем. Тавассути сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ташвиқ намудани таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар роҳи баланд бардоштани эътибори байналмилалии кишвари азизамон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва макони ҳамзистии ақидаҳои гуногун ва озодии инсону баён арзиши бузургеро дорост.

Ба назари мо, дар шароити ҷаҳонишавӣ фаҳмиши ваҳдати миллӣ бояд ҳарчи бештар қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ақаллиятҳои миллии сокинони Тоҷикистонро низ фаро гирад. Дар ҷумҳурии мо ҷомеаи бисёрмиллат ташаккул ёфтааст. Аз ин рӯ, мафҳуми “ваҳдати миллӣ” дар кишвари мо маънои васеътар дорад. Ҳар як сокини кишвар бояд аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ифтихор дошта бошад. Агар мо, тоҷикону тоҷикистониён,  муҳтавои шаҳрвандиро чунин дарк намоем, он гоҳ ваҳдати миллии мо таҳким хоҳад ёфт. Ба воситаҳои ахбори омма тавсия дода мешавад, ки аз мафҳумҳои умумиятбахше, ба монанди “шаҳрвандии Тоҷикистон”, “тоҷикистониён”, “сокинони Тоҷикистон”, “халқи Тоҷикистон”, “мардуми Тоҷикистон” бештар истифода намоянд.

Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди маънавиёти халқ, дарки сабақҳои таърихӣ, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат барои пешрафти ҳувият ва хештаншиносӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин масъалаи муҳимест, ки на танҳо дар даврони истиқлоли давлатӣ, балки аз оғози таърих то ҳол  таваҷҷуҳи андешаварзон, файласуфон, олимони ҷомеашинос, ходимони сиёсӣ, арбобони фарҳангу ҳунарро чун оҳанрабо ба худ ҷалб мекунад. Ҳар ду омил–хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ мавқеи калидӣ доранд.

АМИТ«Ховар»: — Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, ки дар низоми арзишҳои инсонӣ сабаби пайдоиши ваҳдату ҳамгироӣ мегарданд, нақши онҳоро чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Зубайдулло Давлатов: — Худшиносӣ ҳамчун воситаи асосии ташаккули шуури ватандӯстона дар ҷомеа сабаби пайдоиши ваҳдату ҳамгироӣ гардида, суботу пешрафти онро таъмин менамояд. Худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар низоми арзишҳои инсонӣ яке аз арзишҳои калидӣ мебошанд. Ин ду арзиш қудрати сафарбарнамоӣ, тарбиявӣ, ташвиқотӣ ва муттаҳидкунанда дошта, муносибатҳои байни одамонро дар ҷомеаи шаҳрвандию муносибатҳои сиёсӣ танзим намуда метавонанд. Хештаншиносӣ ва ҳувияти миллӣ ду омиле мебошанд, ки мағзи тамаддуни инсоният ва фарҳанги як фардро ташкил медиҳанд. Ин мафҳумҳо танҳо дар якҷоягӣ бо мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллат маънӣ пайдо мекунанд ва шаклан дар якҷоягӣ ташаккул меёбанд.

Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мафҳуми “ваҳдати миллӣ” акнун на ҳамчун созиши ду ҷониб, балки ба маънои ҳамзистии тамоми намояндагони халқу миллатҳо, минтақаҳо, наслҳо ва ақидаҳо дар сатҳи кишвар фаҳмида мешавад. Чунин арзишҳои миллӣ Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистони соҳибистиқлолу дунявӣ, манфиатҳои миллӣ, сулҳу ваҳдати ҳамагонӣ, рушду пешрафти кишвари азизамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, зиндагии сазовор ва некуаҳволии ҳар фарди солимфикр, озодандеш ва ватандӯст барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, новобаста аз миллат, маҳал, ақидаҳои сиёсӣ бояд арзишҳое бошанд, ки атрофи он тамоми тоҷикистониён муттаҳид шаванд, якдилу яктан бошанд.

Дар давлату ҷомеа зиндагӣ намуда, аз сиёсати давлат берун будан ё мувофиқ ба талаботи расмии ҷомеа назистан  имкон надорад. «Мо метавонем ба сиёсати ҷаҳонӣ кор надошта бошем, аммо сиёсати ҷаҳонӣ ба мо кор дорад. Яъне, шинохтани сиёсати ҷаҳон, шинохтани фаъолу ҳушмандона барои мо фарз аст.

Аввалин, заруртарин, муассиртарин қадами ин фарз андешаи ваҳдати миллат аст, ваҳдати пӯлодин ва устувору осебнопазир. Дар назар ҳам дошта бошем, ки имрӯз хатти набардҳои беамон на дар ҷабҳаи Сурия, балки хатти набард дар зеҳнҳои мо мегузарад. Набарди ҷаҳонӣ  барои тасарруфи андешаҳо ҷараён дорад.

Табиати инсон низоъ ва ихтилоф дорад, аммо инсон бояд қудрате дошта бошад, ки ин ихтилофу низоъҳои ногузирро лаҷом зада тавонад. Ин гуфтугӯйҳо, малолу хафагиҳо метавонад дар хонавода бошад. Миёни дӯстон бошад, дохили ҳизбҳо бошад, аммо ба манфиати миллат роҳ наёбад. Рахна дар ваҳдати миллӣ, рахна дар тақдири ҳар як шаҳрванд аст, тири ҳалокати ҳар як нафар аст» (Назри Яздонӣ, китоби «Ойини ойина», нашриёти «Хуросон», 2018, саҳ. 354).

АМИТ«Ховар»: — Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид ба миён овард. Андешаи шумо дар ин бора?

Зубайдулло Давлатов: — Барои миллати тоҷик ҷашни ваҳдати миллӣ арзишмандтарин санаи таърихист. 27 июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва ба ҷанги таҳмилӣ хотима гузошт. Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 июни соли 2002 зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба панҷумин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон зикр  намуданд: “27 июн, бешубҳа, дар таърихи мамлакати мо ҳамчун санае сабт хоҳад ёфт, ки фоҷиаи аз сар гузаронидаи мо зарурати ҳамеша ҳифз намудани сулҳу осоиш ва таҳкими Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мамлакатро хотиррасон месозад”.

Бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар як вақт Тоҷикистон ба сулҳу субот нарасид. Ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки барои таъмини сулҳи сартосарӣ, таъмини фазои боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар, аз байн бурдани фазои бадбинӣ ва даргириҳои мусаллаҳона, фаҳмондани ҳадафҳои сулҳ ва ваҳдати миллӣ, халъи силоҳ намудани баъзе аз қумондонҳои саркаш ва дар амал татбиқ намудани созишномаи имзошуда, таъмини заминаи даркорӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба заҳмати вазнини шабонарӯзи шурӯъ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлатмарди варзида, дар шароите ки тарафҳои муқобил торафт аз ҳам дур мешуданд, мақсад гузошт, ки сулҳу созгорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барқарор карда шавад. Ин нияти неку тақдирсоз моҳи ноябри соли 1992 аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гирифт. Таъмини ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон бо заҳматҳои Сарвари давлат, дастгирии шаҳрвандони кишвар ва кумаки фаъолонаи ҷомеаи ҷаҳон ба даст омад.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳалаи сифатан нав оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити мусоид ба миён овард. Раванди сулҳ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ имкон дод, ки дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дигаргуниҳои мусбат ба даст оварад. Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат соле зам мекунад, вале аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузаш­ти солҳо беш аз пеш меафзояд. Чоряк асри сипаришуда маълум кард, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик неъмати азизтар ва бузургтар аз ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа вуҷуд надорад. Нотавонбинӣ ва ношукрии баъзе ашхос аст, ки паҳлуҳои гуногуни ваҳдати миллии Тоҷикистонро нодида мегиранд.

АМИТ«Ховар»: — Ваҳдат бояд чӣ гуна бошад?

Зубайдулло Давлатов: — Ваҳдат бояд фарогир бошад. Дар навиштор, дар гуфтор, дар амал, хуллас дар ҳама вазъу ҳолат, яъне ба гуфтору рафтору кирдор ба се арзиши олӣ – Ватан, давлат ва миллат арҷ гузорем.

Зеро роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ барои мардуми мо осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик.  Санаи 27 июни соли 1997 бо шарофати хиради азалии тоҷикон ва кӯшиши талошҳои беназир ва хастанопазири Сарвари давлат дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои оғоз бахшидани музокирот бо мухолифин аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни 1997 дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Русия идома кард. Барои ба сулҳу субот расидан 9 давраи музокирот, 6 мулоқоти сарон ва 21 маротиба музокироти ҳайатҳо сурат гирифт, 40 санаде ба имзо расиданд, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва таъмини сулҳу салоҳро дар Тоҷикистон ҳал намуданд.

Ба раванди гуфтушуниди сулҳи тоҷикон оғоз бахшиданд. Дар ин ҷараёни гуфтушуниди сулҳи тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон борҳо бо Президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ вохӯрдаю дар бораи расидан ба сулҳи сартосарӣ табодули андеша намудаанд. Бурҳониддин Раббонӣ паёми ҷиддие изҳор намуда буд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: “Ман мехостам бигӯям, ки бародари ман Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмарди баномуси точик аст. Эмомалӣ Раҳмон як шонси тоҷикон ва Тоҷикистон аст”.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ таъмин ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар ноҳияву вилоятҳо масъалаи дуюмдараҷа нест. Муҳим он аст, ки фаҳмиши ваҳдати миллӣ ҳар чӣ бештар қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистонро низ фаро гирад. Эҳсоси шаҳрвандии Тоҷикистон барои тоҷикистониён як ҷузви муҳими худшиносии миллӣ бояд бошад. Шаҳрванди Тоҷикистон будан бояд ҳамчун василае бошад, ки ҳамаи сокинони кишварамонро муттаҳид ва сарҷамъ созад. Агар мо сокинони Тоҷикистон моҳияти шаҳрвандиро чунин дарк намоем, он гоҳ Ваҳдати миллии мо таҳким хоҳад ёфт.

Имрӯз баҳри таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ вақти гузаронидани чорабиниҳои гуногуни идеологӣ ва ҷамъиятӣ бисёр лозим аст, ки ваҳдати миллӣ дигар на ба маънои созиши тарафҳо, балки ба маънои фарогири он, яъне ба маънои ваҳдат ва ҳамзистии ҳамаи неруҳо, ақидаҳо, наслҳо ва халқҳо истифода шавад. Танҳо барои он ки бе ваҳдати ҳамагони пояи раванди ваҳдати миллӣ устувор буда наметавонад.

Он гаҳ, ки ваҳдати миллӣ ба сифати як мафҳуми фарогир тафаккури аҳли ҷомеаро фаро мегирад ба як омили пайванди ҳамагон табдил меёбад.

АМИТ«Ховар»: — Омили ба ҳам наздикшавии мардуми минтақаҳои Тоҷикистон чӣ буда метавонад?

Зубайдулло Давлатов: — Маълум аст, ки қисме аз бошандагони гушаю канорҳои кишвар дар бораи ҳамдигар тасаввуроти ғайривоқеӣ доранд. Ин гуна тасаввурот ба раванди ваҳдати сартосарӣ халал ворид карда метавонад. Дар ин сурат рушди сайёҳии дохилӣ, сафар ба минтақаҳои гуногуни мамлакат, аз мавзеъҳои нодири табии ва таърихӣ дидан намудан ба боз ҳам наздикшавии мардуми минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳоло дар тамоми ҷаҳон авҷ гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ мушоҳида мешавад, ки Ватани азизи мо низ аз он дар канор буда наметавонад. Агар дар тафаккури аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон,  иттилоот ва ахбори хориҷӣ ҷой гирад, ваҳдату суботи ҷомеа зери хатар мемонад. Яъне дар майдони муборизаҳои итилоотӣ низ ваҳдати ақидаҳо, андешаҳо, диду назарҳо бояд ҳукмфармо бошад. Дар фазои иттилоотии мамлакат ташкил намудани фазои маҷозии тоҷикӣ бисёр зарур аст. Ин фазо бояд ақаллан ғайр аз забони давлатӣ, боз бояд бо ду забони дигар русӣ ва англисӣ низ корбарӣ намояд. Чунин ҳолат, чунин фазо боиси робита пайванди муҳоҷирони тоҷик бо Ватани азизамон – Тоҷикистон мебошад.

khovar.tj

Чоп кунед