ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зан ва хизмати низомӣ, зан ва силоҳ, зан ва либоси ҳарбӣ- инҳо мафҳумҳое ҳастанд аз ҳам дур, аммо новобаста аз ин, ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шумораи зиёди занон паҳлу ба паҳлу баробари мардон адои вазифа намуда, дар таҳкими сулҳу амонӣ ва муҳофизати марзи Ватани азиз ва амнияти  ҷомеа саҳми сазовор мегузоранд. Ин нуктаро муовини сардори Раёсати  таҳлили масъалаҳои иҷтимоии  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ХУДОЙДОДОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.

Ба андешаи Ф.Худойдодова, ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Танҳо дар он сурат иҷрои сарбаландонаи ин вазифаи муқаддас имконпазир аст, ки агар ҳар  хизматчии ҳарбӣ моҳияту мафҳуми Ватану ватандорӣ ва қимати Истиқлоли давлатиро дарк ва эҳсос карда тавонад. Имрӯз дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 1219 нафар зан ба ҳайси хизматчиёни ҳарбӣ, давлатӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли 2019 ин нишондиҳанда 5,4 фисад афзудааст.

-Занону модарони тоҷик ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили истиқлол обрӯ ва нуфузи мамлакатро ҳифз намуда, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ дар таҳкими Артиши миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштанд.

Занони тоҷикистонӣ давомдиҳандагони роҳи пуршарафу боифтихори занони гузаштаи миллатамон буда, анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона идома медиҳанд ва бешак, онҳо ифтихори мо ҳастанд. Ин аст, ки занону бонувони ҷузъу томҳои низомии мамлакат дар қатори мардон дар якчанд Паради ҳарбӣ фаъолона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додаанд,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Дар гузашти парадҳои ҳарбӣ дар қатори мардон хизматчиёни ҳарбӣ –занону бонувони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Ротаи фахрии занони Вазорати корҳои дохилӣ, Ротаи занони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ротаи занони Гвардияи миллӣ ва занону бонувон – донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона дар тамринҳои пешазсафӣ ширкат варзида, ғурур ва ифтихори ватандории худро бори дигар собит намуданд.

Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз иштироки фаъолонаи занҳо дар чорабиниҳои муҳими сиёсию низомӣ изҳори қаноатмандӣ намудаанд. 3 сентябри соли 2020 Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 25-солагии таъсиси Гвардияи Миллӣ чунин иброз намуданд: “Имрӯз дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар садҳо нафар, аз ҷумла дар Гвардияи миллӣ қариб 100 нафар бонувон ба иҷрои вазифаю уҳдадориҳои ҳарбӣ машғуланд, ки 34 нафари онҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро ишғол мекунанд. Фаъолияти онҳо дар самти корҳои тарбиявӣ, коргузорӣ, кор бо кадрҳо, хизматрасонии тиббӣ, алоқа ва хадамоти ақибгоҳ хеле назаррас мебошад. Дар паради имрӯзаи идона бонувон-хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои гуногуни Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Гвардияи миллӣ иштирок мекунанд, ки ин нишонаи возеҳи садоқат ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.”

“Занон ва модарони шуҷои тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон парчами озодиву истиқлолро баланд бардошта, халқро ба ҳифзи хоки Ватан ва нангу номуси миллӣ ҳидоят намуданд.

Дар асри ноороми бистум, ки пур аз ҳодисаву воқеаҳои мухталиф буд, модарону занони тоҷик дар мушкилтарин лаҳзаҳо худро аз раванди умумии зиндагӣ дар канор нагирифтанд. Ширкати фаъолона ва саҳми арзандаи онҳо дар муборизаҳои шадид барои озодии инсон, аз байн бурдани унсурҳои зиёновари зиндагии куҳан, поягузорӣ ва баланд бардоштани иқтисоди мамлакат аз ёдҳо фаромӯш нашудааст ва нахоҳад шуд”,-тазаккур дод Фарзона Худойдодова.

Нақши занону бонувон дар таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи афсарону сарбозон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Занони тоҷикистонӣ дар ҳақиқат идомадиҳандагони сазовори анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамон Рухшонаю Гурдофарид, Таҳмина ва ғайра мебошанд. Шуҷоат ва далерии занони кишвар дар солҳои сахту сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ қобили ёдоварӣ мебошад. Мо набояд фаромӯш созем, ки онҳо бо меҳнати шабонарӯзии худ дар ақибгоҳ, бо ҷасорату матонат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва ба ғалаба дилгарм кардани ҷанговарон чӣ корнамоиҳо карда буданд.

-Мо метавонем номи садҳо ва ҳазорон қаҳрамонони арсаи ҷангу меҳнатро ёдовар шавем, ки барои пешрафту ободии мамлакат фидокориҳо кардаанд.  Айни замон барои фаъолияти занон ва духтарон дар соҳаҳои гуногуни зиндагӣ ва ширкати онҳо дар пешрафти ҷомеа тамоми заминаҳо фароҳам оварда шудаанд, ки ин амр низ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.

Дар тӯли 30 соли Истиқлоли давлатӣ Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон ва таҳкими мақоми онҳо тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мушкилиҳои ҷойдоштаро нисбат ба занону духтарон мунтазам бартараф карда истодаанд,-гуфт ҳамсуҳбатамон.

Дар ин давра вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳалли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёт, инчунин вобаста ба сиёсати демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ як силсила санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Фармони Президенти мамлакат аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017–2022 ва монанди инҳо қабул гардиданд, ки амалӣ шудани онҳо боиси боз ҳам беҳтар сохтани мақоми зан дар ҳаёти ҷомеа мебошад.

-Зикр намудан зарур аст, ки дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби занон ҳеҷ кас ба рутбаи генералӣ мушарраф нашудааст. Имрӯз баландтарин рутбаи низомии занон- ин полковник аст, ки чанд нафар занон ба ин унвон мушарраф шудаанд. Хуб мешуд, агар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷиҳати дастгирии занони лаёқатманд дар ин сохтор дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ин гуна иқдом роҳандозӣ шавад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки афзудани занҳои дорои рутбаҳои баланди ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ сабаби  рӯҳбаландӣ ва ҳавасмандии онҳо гардида, барои ҷалби ҷавондухтарон ба ин соҳаи мушкил ва пурифтихор мусоидат хоҳад кард.

Хулоса, барои зан хизмат кардан дар сафи артиш душворию махсусияти хешро дорад, вале новобаста аз ин, занону бонувони Тоҷикистон давомдиҳандагони роҳи пуршарафу пурифтихори занони гузаштаи миллатамон мебошанд, ки анъанаҳои ҳарбию ватандӯстии халқамонро сарбаландона дар оянда низ идома медиҳанд ва баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат бо қувваю неруи дучанд дар оянда хизмат менамоянд,-гуфт дар анҷоми суҳбат Фарзона Худойдодова.

Бознашр: АМИТ “Ховар”

Чоп кунед