Рӯзи 1 октябри соли 2024 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Забон посдори ҳастии миллат” ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро директори Марказ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва зимнан қайд кард, ки даврони файзбори Истиқлол рӯзгори ба истилоҳ бозҷусти васл ба асл аст, ки моро беш аз пеш ба асли хеш ва арҷгузории муқаддасоти миллӣ, бахусус ба арзи эҳтиром ва гиромидошти забони модарӣ фаро мехонад. Воқеан, забони ноби модарии мо, бидуни шак, шиносномаи ҳастии ин миллати куҳан ва муқаддастарин осори миллии мост, ки дар тӯли садсолаҳо дар қисмати бузурге аз қитъаи азими Осиё аз ҳастии миллати тоҷик дарак дода, ҳамчунон, то замони мо асолату покизагӣ ва ширинию шевоии худро нигоҳ доштааст. Вале, мутаассифона, бояд иқрор кард, ки бо вуҷуди он ҳама таърихи пурифтихор ва собиқаю салиқаи дерин пӯёии ин забони пӯё дар ҷаҳони пурошӯби муосир ҳанӯз масъалаи баҳсбарангез аст. Ба баёни дигар, забони модарии мо дар ҷаҳони имрӯз аз шарри равандҳои имрӯзии сарнавиштсозу сарнавиштсӯз, аз ҷумла раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки мавҷудияти забон ва миллатҳои нотавону камтавонро зери таҳдид қарор медиҳад, эмин нест.

Бинобар ин, роҳи асосии ҳифзу нигаҳдошт ва рушду таҳкими забони модарии мо дар ҷаҳони имрӯз пеш аз ҳама аз муносибати самимонаю содиқонаи соҳибзабонон ба ганҷинаи вожагону истилоҳоти забон, ки дар тӯли ҳазорон сол фароҳам омадааст, ибтидо гирифта, бо кӯшиши ҳамвора барои истифодаи ин дороӣ дар ҳамаи соҳаҳои илму фан ва ҳаёти ҷомеа ва дар ҳамин замина пайванд додани гузаштаи забон ба имрӯзу фардои он идома пайдо хоҳад кард. Ҳамчунин, дар ин масъала мавриди омӯзиш қарор гирифтани таҷрибаи ибратомӯзи баъзе қавму миллатҳо, ки дар сад соли охир забони модарии худро аз гирдоби ҳалокат ба соҳили саломат кашида, ба он умри дубора бахшиданд, хилофи мақсад нахоҳад буд.

Вале дар маҷмуъ бояд гуфт, ки вазъи забони модарии миллатсоз ва ваҳдатофари мо дар рӯзгори имрӯзии бунёди давлати мустақили миллӣ ҳарчанд душвор аст, аммо чандон фоҷеабор нест. Забони модарии мо бо таҷриба ва ганҷинаи ғании луғавии тайи ҳазорон сол анбоштаву андӯхтаи худ барои истифода дар ҳамаи соҳаҳо имконоти кофӣ дар ихтиёр дорад. Илова бар ин, Истиқлоли миллӣ барои истифодаи забон дар ҳамаи ҷабҳаҳо раҳ боз намуда, Ҳукумати мамлакат барои пешрафти забон пайваста тадбирҳои амалии судманд меандешад.

Мавсуф таъкид намуд, ки дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни забон равона шудааст. Санаи 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул карда шуд. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Баъдан дар назди ҳозирин муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Зубайдулло Давлатов дар мавзуи ” Забон–ибтидо ва интиҳои ҳама гуна тамаддун ва фарҳанги миллист ” ва котиби матбуотии Марказ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Рамазонӣ Давлатов дар мавзуи “ Забони миллӣ таҳкимбахши пояҳои давлатдории миллӣ ” суханронӣ намуданд.

Суханронон дар бораи мақом ва манзалати забони давлатӣ, ҳифзу нигаҳдошти забони модарӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” ва дигар мавзуъҳои марбута ибрози назар карданд.

Ҳамоишро директори Марказ Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ҳайати кормандони муассисаро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Ҷамъомад дар вазъи тантанавӣ, самимият ва ҳусни тафоҳум доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед