Саннаи 27 июни соли 1997, яъне 25 сол пеш рӯзи имзо гардидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои таърихию муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки чоряк аср сипарӣ гардидаю рӯзи Ваҳдати миллиро дар кишвари азизи мо таҷлил намудааст. Маҳз таҳти азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи хирадмандонаю сулҳпарваронаи роҳбари давлат Пешвои муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва саъю талошҳои шабонарузиву музокироти тӯлонӣ созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон, ки ҳашт даври гуфтушуниди роҳбарияти кишвар бо ҳайати мухолифин баргузор гардид, натиҷаи дилхоҳ дод.

Бале, комёбиҳои миллат ва давлати мо зери сарварии Пешвои муаззами миллат хеле зиёданд. Фаромӯш набояд кард, ки таҳти роҳбарии ин шахсияти таърихӣ ва тадбиру талошҳояшон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, бақои давлат ва иттиҳоди миллат таъмин гашт. Масъалаи мазкур муҳимтарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Баъди ҳазорсолаҳо таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошанд. Агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали истиқлол ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. Зеро дар он ҷангҳои байниҳамдигарии мо хушку тар месӯхт, ба бешазорону манзилҳои истиқоматӣ оташ меафтод, лонаи парандагону пахтазорон месӯхт, одамон ва ҳатто хазандаю дарандагон ва ҳайвонҳо рӯ ба гурез буданд, мӯру малах, боғу майдонҳои гулпӯш зери суму сапал, хонаву дари мардум таги чархҳои мошинҳои ҷангӣ мемонданд, одаму оламро як ҳолати ногуворе фаро мегирифт.

Маҳз баъди ба Сарварии давлату ҳукумат омадани Пешвои миллат табиат ҳам аз нав зинда гашт, дар ҷойҳои сӯхта сабза дамид, гулу гиёҳҳо ҳифз шуданд, пахтазорҳо чаман – чаман ба шукуфтан оғоз карданд, гурезаҳо ба тамом ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд, барқароркунии харобаҳои ҷангӣ оғоз шуд, ҳазорон гектар боғу майдонҳои дарахтзор бунёд гашта, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ эҳё шуданд. Ободонию дурнамои рушди истеҳсолот дар ҷумҳурӣ босуръат пеш рафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари сиёсӣ тавонист, ки:

– кишварро аз ҷанги таҳмилии дохилӣ ва нобудӣ наҷот диҳад;

– дар мушкилтарин вазъ мардуми кишварро муттаҳид намуда, баҳри якпорчагии Тоҷикистони азиз хизматҳои шоён намояд;

– баҳри рушди кишвар, таъмини суботи ҷомеа, рушди бонизоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ мусоидат намуда, кишварро аз бунбасти иқтисодӣ барорад;

-дар маърифатноккунонӣ ва созандагию бунёдкории кишварамон устувории ҷиддӣ ба миён оварад…

Агар тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат худашон талош ба Ваҳдати миллӣ намекарданд, ягон қувва ё тарафи миёнрав онҳоро ба ҳам оварда наметавонист. Маҳз ҳамон шабу рӯз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ аз хориҷи кишвар ва истодагарии Президенти кишвар  дар баргардонидани охирин гурезаҳо дар таҳкими бақои давлату иттиҳоди миллат нақши калон бозид.

Фаромӯш набояд кард, ки аксарият аз зумраи баъзе фаъолону роҳбарон барои баргардонидани гурезаҳо муқобил буданду онҳоро барои ҷумҳурӣ шахсони нодаркор ва зараровар меҳисобиданд.

Хушбахтона, Пешвои миллат ба сухани онҳо гӯш накарда, худашон аввалин шуда ба пешвози гурезаҳо рафтанд. Соли 1993 ҳангоми дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Ёвон ифои вазифа намуданам, ҳамзамон, раиси комиссияи кор бо гурезаҳои ноҳияро ба уҳда доштам ва барои қабули гурезаҳои иҷбории сокинони ноҳия аз бандари Шерхон бо чашмони худ шоҳид шудам, ки Президенти муаззами кишвар худашон дар сафи пеш аввалин корвони гурезаҳоро, ки аз Давлати Исломии Афғонистон ба ватан баргаштанд, дар ноҳияи Шаҳритус пешвоз гирифтанд, ки ин ҷасорат ва халқпарварию мардумшиносии онҳоро нишон медод. Баргардонидани гурезаҳои иҷбориро барои худ шараф, номус, хештаншиносию мардумпарварӣ ва қарзи виҷдонӣ ҳисобиданду ваъдаи “то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам худамро орому осуда ҳис намекунам”-ро ҷомаи амал пӯшониданд…

Ҳадафу мақсади асоси Президенти кишвар баъди баргардонидани гурезаҳо ва ба эътидол омадани вазъ байни  мардум рафтану вохӯрӣ бо онҳо буд. Дар остонаи барқароршавии Ҳукумати конститутсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шудани маъракаҳои «Рӯзи ёдбуд ва сулҳу дустӣ» ба ҳукми  анъана даромада буд. Ин маъракаҳои муҳим барои ба пешвози якдигар омадани мардум ва дӯстиву рафоқат, амнияту оромӣ ва сулҳу субот асос гузошт. Пешвои миллат новобаста аз ташвишҳои зиёд ва нооромии вазъият, қариб дар ҳамаи маъракаҳои мардумӣ иштирок намуда, бо мардум аз наздик ва рӯбарӯ суҳбатҳои самимӣ доир карда, онҳоро ба якдигарфаҳмию якпорчагӣ, бахшиши ҳамдигар, оромии комил, барқарор намудани истеҳсолот ва самаранок истифода бурдани заминҳои президентӣ даъват намуда, барои якпорчагии давлату иттиҳоди миллат саҳми  бузург гузоштанд.

Дар ҳама ҳолат ба суханҳои бузургон такя карда, таъкид мекарданд, ки «Хунро бо хун намешӯянд, хунро бо об мешуянд», “Қувваи мушт дар панҷ ангушт”, “Бузургтарин кори хайр гузашт кардан аст”, “Ёр аҳл бошад, кор саҳл мешавад”, “Пароканда лашкар наояд ба кор”, Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст” ва садҳо чунин мақолҳоро асос оварда, мардумро барои пойдор мондани бақои давлату иттиҳоди миллат даъват менамуданд. Беҳуда ҳам бузургони Аҷам нафармудаанд:

Иттиҳоди қавм душманро шикаст овардан аст,

Хиштҳо якҷоя бардоранд бори хонаро.

Боиси хушнудист, ки бо шарофати иродаи ҷиддии Пешвои миллат хатари аз байн рафтани ҷумҳурӣ бартараф гашта, ягонагию муттаҳидии миллат таъмин карда шуд. Ин дастовардҳо ин шахсияти бузургро ҳамчун асосгузор-наҷотбахши давлату миллат ба оламиён муаррифӣ намуданд.

Боиси сарфарозист, ки дар назди Созмони Миллали Муттаҳид мактаби омӯзиши сулҳи тоҷикона барои давлатҳое, ки низои дохилӣ доранд, кушода шудааст ва ин мактаби бузург то имрӯзҳо ба оламиён хизмат мекунад. Ҳамчун як фарди сулҳпарвар, мардумшиносу таваҷҷуҳи инсонпарварона дошта, дар ҳамаи форумҳои умумиҷаҳонӣ ва Созмони Миллали Муттаҳид доир ба амнияту оромии кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Афғонистони ҷангзада пешниҳоду суханрониҳо мекунанд…

Гумон мекунам, ки бо мақсади омузиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва устувор намудани Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ таъсис додани Марказ ё Пажӯҳишгоҳи сулҳи тоҷикон аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ мешуморам, ки барои ҳифзи тамоми ҳуҷҷатҳои раванди сулҳи тоҷикон осорхона ва бойгонии сулҳи тоҷикон ташкил карда шавад.

Имрӯз  баҳои баландтарин  ба  фарзанди  фарзонаи  миллатамон  сазовор  шудан  ба  боварии  халқ ва маъво  гирифтан  ба  дили  ӯст, ки  хушбахтона,  ин  ба  Пешвои  маҳбубамон  ба  пуррагӣ  насиб  гаштааст.  Маҳз  бо  дарназардошти  хизматҳои  шоиста  баҳри  эҳёи  давлати  тоҷикон,  саҳми  бузургаш  дар  барқарор  кардани  сулҳ,  сарҷамъ  кардани  миллати  тоҷик  ва  ваҳдати  мардум  ба  фарзанди  фарзонаи  халқи  тоҷик,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  унвони  “Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  — Пешвои  миллат”  дода  шудааст.  Аз  ин  лиҳоз,  барои  мо  ҳаёту  корномаи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  намунаи  олии  ватандӯстӣ,  намунаи  беҳтарини  хизмат  ба  Ватан  ва  ҷомеа,  вафо  ба  қавлу  амал  мебошад. Дар байни мардум Пешвои миллат ҳамчун Муборакқадаму Мубораксимо ва Мубораксафою Мубораквафо мақому манзалат ва маъруфият пайдо намуданд.

Бале. Эмомалӣ Раҳмон Мардумсолор аст, ки халқро ба сӯйи ободӣ раҳнамун сохта, “Роғун”-ро бо шикастани ҳама шакку шубҳаҳои дӯсту душман сохт. Ӯ ҳамон Мушкилкушоест, ки ормонҳои чандинсолаи миллатро бароварда сохт. Ҳамчун Ваҳдаторо ва Пайғомрасон пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил карда, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст. Шахсияти барҷаста, ватандӯст, мардумшиносу халқпарвар, ваҳдаторову хештаншинос, нангорову баномус ва амсоли инҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Эмомалӣ Раҳмон Фарзонамард аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ  медорад. Зиҳӣ Ваҳдати миллӣ ва Эмомалӣ Раҳмон! Будани Шумо барои миллати мо ифтихор аст. Нахли парваридаи Шумо бигузор ҳамчун бақои давлату иттиҳоди миллат ҷовидонӣ кишвари моро барои ҷаҳониён ҳамчун давлати ваҳдаторову сулҳпарвар, шоистаи эҳтироми умум муаррифӣ намояд.

Миллати абарқудрати тоҷик тавонист, ки дар лаҳзаҳои душвору мураккаб бо ҳамдигар боз ҳам муттаҳид шуда, даст ба дасти ҳамдигар барои суботи устувор ва оромию осоиштагии ватанамон софдилонаву аҳлона заҳмат бикашад. Ба қавли бузургон:

Зӯри мушт аз ваҳдати ангушҳо ояд ба даст,

Аз парешонии ҷамъият нигоҳ дорад Худо!

Имомназари Каримиён,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон,
cардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед