Имрӯз 02.09.2021, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ барои тақдими мукофотҳои давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213 чор нафар корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукуфотҳои олии давлатӣ қадр карда шуданд.

Ҷурахонзода Саодат,  муовини директори Марказ бо медали “Хизмати шоиста ”.

Давлатов Зубайддуло Абдуллоевич, Сардори Раёсати Таъминоти иттилоотии Марказ бо медали “Хизмати шоиста”.

Додихудоев Хуршед Аъзамҷонович, сардори Раёсати амнияти минтақавии Маврказ бо “Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Нарзиева ойниёл Шарифовна, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Марказ бо “Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷоикистон” қадрдони карда шуданд.

Коллективи кормандони Марказ ҳамкорони ба мукофотҳои давлатӣ қадршудаи худро самимона табрик намуда ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва дар корҳояшон муваффақиятҳо хоҳонанд.

Мукуфотҳои олии давлатӣ муборак, ҳамкорони азиз!

Чоп кунед