Истиқлолияти давлатии бадастомада назди миллати бостонию тамаддунофари тоҷик масъулиятҳои басо муҳим ва тақдирсозро гузошт, ки умдатарини онҳо таъсису таҳким рушди Артиши миллӣ ва ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, мустаҳкам намудани пояҳои мудофиавии он мансуб меёбад.

 Агар дастоварди роҳи тайкардаро тайи си соли охир дар таҳкими Истиқлолияти давлати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар  баҳогузорӣ намоем, мустақиман ба фаъолияти созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад. Талошу ҷонфидоиҳои ӯ дар масири таърихи таъсису рушду сохтор таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъутомҳои мамлакат, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҷорӣ намудани тартибу низом, таъмини амнияту суботи кишвар, волоияти қонун нақши калидиро асос гузоштааст.

Агар ба роҳи тайкардаи таърих назар афканем, бо талошу дастгирии қувваҳои солими ҷомеаи кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми сиёсии кишвар  иваз карда шуд. Дар он фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар ин Иҷлосияи тақдирсозаввалин қонуну қарорҳои танзимкунанда ва барномаи давлатдории миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, роҳи ояндаи давлатдори ба тариқи зайл пешгӯйи гардида буд: “Ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ба даст овардани сулҳу ваҳдат, баргардонидани тамоми шаҳрвандоне буд, ки аз муноқишаҳои дохилӣ ватанро тарк карда ба хориҷӣ кишвар ё аз макони зисташон ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фирор карда буданд. Мақсади ягона дар ин лаҳзаҳои ҳасос пешгирӣ ва хомӯш гардонидани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба созишу мувофиқа овардани гурӯҳҳои яроқноки бо ҳам муқовиматдошта дар минтақаҳо ва ҷустуҷӯйи роҳҳои наҷот додани давлат аз нобудшавӣ ва парокандагии миллат равона карда шуд”.

–инчунин, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд;

–аз январи соли 1993 гурӯҳи кории кормандони сулҳовари СММ барои мусоидат дар танзими муноқишаҳои байни тоҷикон ҳамчун кафил, арзёбии вазъи ҳуқуқии инсон, баргардонидани шаҳрвандони макони зисташонро тарк карда, бозсозӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба Тоҷикистон омаданд;

 –дар ҷаласаи мазкур 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3, қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»қабул шуд, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард;

–бо даъвати Сарвари давлат баҳри истеҳкоми дифои сарҳад қувваҳои сулҳҷӯёнаи ИДМ, марзбонони қисмҳои ҳарбии хушкигарди дивизияи 201-и Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон сафарбар карда шуданд;

–заминаҳои асосии таъсиси сохтори ташкилию штатии Артиши миллии тоҷик таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангии он барои ҳифзи ҳимояи манфиатҳои миллӣ барқароркунии сохти конститутсионӣ гузошта шуданд. Аввалин паради ҳарбии Артиши миллии Тоҷикистон 23–уми феврали соли 1993 дар майдони “Дӯстӣ”–пойтахт баргузор гардид;

–июни соли 1993 иҷлосияи Шӯрои Олии кишвар қонунҳои зеринро “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Доктринаи ҳарбӣ”, “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи статус, кафолати ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳоро” ба тавсиб расонид;

–мутобиқи қонунҳои ба тавсиб расида соли 1993 асоситарин ва сершумортарин навъи лашкар–Қӯшунҳои хушкигард, сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Қувваҳои ҳарбӣ–ҳавоӣ, Коллеҷи олии ҳарбӣ, Шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор ҷузъутомҳо, корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфта ба фаъолият шурӯъ карданд;

Тариқи райпурсии умумихалқӣ 6–уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиноснома ва бахтномаи миллат  қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷати муҳими тағдирсоз барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик, расидан ба Ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гузошт. Бо қабули қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва танзимкунандаро барои таъсиси сохтору фаъолияти  мақомоти низомию қудрати фароҳам овард. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ин ҳуҷҷатҳо тартибу низом, дар ҳама сохторҳои қудратӣ марҳалаи навро қасб карда барои расидан ба имзои  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ заминаи мусоидро фароҳам овард. Аз ҳама муҳим барои мардуми мамлакат сулҳу субот, таъмини амният, бунёди давлати миллӣ, ба танзим даровардани қонунҳои амалкунанда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани мақому манзалати инсон дар ҷомеа буд .

 –моҳи декабри соли 1994 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи чораҳои таъхирнопазирӣ минбаъд беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расиданд;

–дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ шакли сохтори мақомоти қудратӣ тибқи муқаррароти Конститутсия аз нав таъсису мукаммал гардонида шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд: Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи президентӣ буд. Зарурати аз нав таъсису мукаммалгардонии чунин ҷузъутомҳо аз он иборат буд, ки дар дохилӣ кишвар гурӯҳҳои яроқноки мухолифин дар минтақаҳои ҷудогардида ба муқовиматҳои шаддид камин гирифта буданд, байни мардум овозаю нофаҳмиҳо, дудилагии хоҷагони хориҷӣ ва саҳмгузорони мухолифин ҷой доштанд. Пайваста тариқи расонаҳои хориҷиву дохилӣ овозаҳои фитнаангези кинаю адоват  паҳн мегардид.

 Дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Раёсати қӯшунҳои дохила (ОМОН) таъсис дода шуд, ки барои пешгирӣ кардани ҳама гуна низоъҳои тасодуфии дохилӣ кишвар сафарбар карда мешавад.

–соли 1995 Барномаи таъсиси бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури марҳала ба марҳала таҳия гардид ва ду давра солҳои 1995–1997 ва 1998–2000-умро дар бар гирифта, ба пояҳои таъсиси Артиши миллӣ асосҳои илмӣ гузошт;

–моҳи апрели соли 1996 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфт;

–дар натиҷаи гуфтушунидҳои давомдор, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Туркманистон баргузор гардида, муяссар шуд, ки дар маҷмӯъ, барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳи тарафайн 9 даври гуфтушунид, 6 мулоқоти сарони давлатҳои кафил ва 21 маротиба музокирот бо роҳбарони мухолифин анҷом дода шавад, ки дар натиҷа 40 санади муҳими тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд;

–27 июни соли 1997 аз тарафи ҳарду ҷониб Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Москва ба имзо расид, ки ба ҷангу даргириҳои чандинсолаи миллати тоҷик хотима гузошт;

–дар назди Донишгоҳи ҳарбӣ маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди умумиқӯшунӣ ташкил карда шуд;

–аз июли соли 1997 раванди қабули савганд, таъсиси баталиони муваққатии 25-ум, таъсиси  қисмҳои низомии размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифи тоҷик (ИНМТ) ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ шомил кардани онҳо оғоз гардид, ки яке аз санадҳои асосии созишномаи сулҳ ба ҳисоб мерафт;

–24 июли 1998 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тадбирҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ба тавсиб расиданд;

– натиҷаи ҳамаи корҳои ба анҷом расонида дар ин самт буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин ҳуҷумҳои дастаҳои мусаллаҳонаи исёнгарон, қумондонҳои  саркаши мухолифин гурӯҳҳои фитнаҷӯйи бегонапараст, ба монанди Ризвон Садиров,  Мирзо Зиёев, Раҳмон Сангинов, Алии Бедакӣ, Абдулло Раҳимов, Абдуҳалим Назаров, Ҷунайдулло Умаровро бо ҷонибдоронашон, ки аз солҳои 1992–1998 ва 2010–2015 пайваста вазъи сиёсии дохили кишварро бо муқовиматҳои шаддиди низомӣ, бо хунрезиҳо ва талафоти ҷонӣ ноором мегардониданд, бо ҷонфидоиҳо хотима бахшиданд;

–аз соли 1999 сафарҳои расмии Вазирони мудофиаи Федератсияи Русия, Чин, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон сурат гирифта ташкилу баргузориҳои машқҳои муштараки ҳарбӣ дар  қаламрави ИДМ бо номи “Сипари ҷанубии Иттиҳод”, СААД ташкил карда шуданд. Ҳамчунин, ҳамасола машқҳои муштараки таълимии ҳарбӣ ва ҷамъомадҳои омӯзиши бо ҳайатҳои роҳбарикунандаю фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гарда шуданд;

–ҳайати нозирони СММ дар Тоҷикистон муддати ҳафт солу чаҳор моҳ фаъолияти пурсамар намуда, дар ин раванд ҳамчун нозир ёрию саҳми арзандаи сулҳофарии худро барои амнияту суботи Тоҷикистон гузоштаанд;

– баҳри ҳимояи сарҳад Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ таъсису ҳаматарафа мукаммал карда шуда, соли 2000 масъулияти пурраи ҳимояи ҳифзи сарҳади давлатиро ба зиммаи онҳо вогузор карда шуд;

–ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати мудофиаи кишвар бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазорати мудофиаи Русия, Вазорати мудофиаи ИМА, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Олмон густариш ёфта, сафарҳои расмӣ ба тавсиб расонидани созишномаҳои ҳамкории ҳарбӣ дар самтҳои гуногун сурат гирифта, то имрӯз идома доранд;

–23 феврали соли 2003 бо Фармони Президенти мамлакат дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷузъи нав–Қушунҳои зудамал таъсис ёфт, ки тибқи созишномаи ҳамкориҳо баталиони махсуси десантӣ  дар ҳайати СААД ва САҲШ дар машқҳои муштараки низомӣ ширкат менамояд;

–инчунин, тибқи созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ҳамасола зиёда садҳо  хатмкардагони донишгоҳои мо барои хондан ва такмили ихтисос ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Ҷин ва Ҳиндустон фиристода мешаванд;

–тибқи анъана дар ташкили ҷашнвораҳои калони давлатӣ “Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ”, 5-10-15-20-25–умин солгарди ҚМҶТ гузашти паради ҳарбӣ бо намоиши техникаю лавозимоти ҳарбӣ баргузор карда  шуд;

–17 –уми октябри соли 2004 маросими расмии дар Тоҷикистон кушодашавии Пойгоҳи низомии Федератсия Русия аз нав ифтитоҳ бахшида созишномаи будубоши дарозмудат имзо шуд;

– солҳои 2005, 2006, 2007 дар ҷумҳуриамон машқҳои муштараки ситодию фармондеҳӣ, таҳти унвони “Марз–2005, 2006, Ҳифз–2007,” бо иштироки гурӯҳҳои фаврии зудамали мамлакатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, САҲШ баргузор гардиданд.

Айни замон бо созмонҳое, аз қабили СААД, ИДМ, САҲШ, СММ, Ташкилоти Паймони Аҳномаи Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра беш аз 60 аҳднома ва созишномаҳои дутарафа ва бисёрҷониба баста, ба имзо расонида шуда, ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳо ташкил карда шуда,   кумаку дастгириҳо барои мустаҳкамии ҷузъутомҳои низомӣ расида истодааст. Мақсади асоси баргузории чунин чорабиниҳо муқовимат бар зидди терроризм–экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Бо дастгириҳои пайгиронаи Сарвари давлат маҳз бо хизматҳои содиқона ва бошарафонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тағдирсоз борҳо  тавонистанд садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит созанд.

Саидхоҷа Акбаров, Мирзо Ашуров,

сармутахассисони Раёсати омӯзиши масъалаҳои  амнияти минтақави

ва Раёсати сиёсати дохилии Маркази  тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед