Дар сомонаи интернетии «Бобмдод», ки бо нашри ахбори бардурӯғ ё таҳрифшуда хеле машҳур аст, як маводе бо номи «Нақшаи ба Рустам супоридани курсии Президент боз ба қафо афтод!» чоп шудааст, ки бори дигар аз беҳунарӣ ва беистеъдодии соҳибону бо ном «коршиносони» ин сомона шаҳодат медиҳад. Инро бо чанд нукта мухтасаран чунин собит намудан мумкин аст.

Аввалан, дар маводи нашршуда сухан дар бораи «супоридани курсии Президент» меравад, ки пурра ба воқеияти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон мухолифат дорад. Аз коҳилию танбалии худ муаллифони маводи «Бомдод» ҳатто ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат накардаанд, то бидонанд, ки тибқи он Президенти ҷумҳурӣ дар кишвари мо чӣ гуна ба сари қудрат меояд. Агар хондан наметавонед, шарҳ медиҳем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи он Президент интихоб мешавад, на ин, ки «супоридани курсии Президент» сурат мегирад. Айб аст, ки ашхосе, ки аз худ рӯзноманигору коршинос метарошанд, чунин ҳақиқатҳои оддиро надонанд.

Дуюм, дар ҳарзагӯиву фолбинии бо ном «коршиносони» «Бомдод» омадааст, ки як омили асосие, ки нақшаи «супоридани курсии Президент»-ро ба қафо андохт, маҳз тағйироти сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон аст. Ба қавли ин ҳарзагӯён гӯё толибон аз он сӯ таҳдид кардаанд, ки Тоҷикистонро дар 24 соат хоҳанд гирифт. Бори дигар такрор мекунем, ки айб аст, ки аз коҳилию танбалии худ муаллифони маводи «Бомдод» бо воқеияти муосир ошноӣ пайдо накарда, ҳарзагӯӣ мекунанд. Дар ин самт бояд зикр намуд, ки 6 ноябри соли ҷорӣ сухангӯи ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи «Толибон» – шахсе бо номи Забеҳуллоҳ Муҷоҳид иброз намуда буд, ки онҳо мехоҳанд бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо ҳамкориҳои хуб дошта бошанд. Ин мавқеъ бозгӯи он аст, ки мавқеи ҳамаҷониба санҷидашуда ва устувори давлати мо ва Сарвари он дар робита ба мушкилоти минтақа, хусусан вазъ дар Афғонистони ҳамсоя аз ҷониби аксарияти давлатҳои дунё пуштибонӣ мешавад ва Тоҷикистон мустақилона ва бо дастгирии шарикони минтақавӣ ва байналмилалии худ қодир аст, ки ҳар гуна хавфу хатарро ба давлату мардуми худ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф намояд. Аз ҷониби дигар, барои Тоҷикистон вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар худи Афғонистон ва ҳалли масъалаҳои дохилии ин кишвар муҳим аст, на мушкилоти дигар.

Сеюм, ҳарзагӯёни «коршиноси» «Бомдод» ба ин назаранд, ки гӯё аз ҳисоби ҳалли масъалаи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон ва пуштибонии бечунучарои тоҷикҳои Афғонистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтингашро дар  байни мардум ба таври фавқулодда боло бурдааст. Ба самъи ин ҳарзагӯён, ки ба замми ҳама нуқсонҳои худ боз сифати нобиноию ношунавоии сиёсӣ ҳам доштаанд, мерасонем, ки Президенти кунунии ҷумҳурӣ ба ягон омили иловагии тақвиятдиҳандаи обрӯю нуфузаш миёни мардуми Тоҷикистон ниёз надорад. Интихоботе, ки соли гузашта доир гардид ва сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллие, ки имрӯз дар кишвар ҳукмфармост инро ба ҳамагон нишон доданд ва омодагии шахсии Президент барои ҳифзи Ватану миллат дар ҳар лаҳзаву дар ҳар макон ин мақоми ӯро дар ҷомеа ҳамчун шахсияти пешраву пешбар боз ҳам болотар бурдаанд.

Чорум, фолбинӣ ва нобиноии сиёсии “Бомдод” ва “коршиносонаш” махсусан дар суханҳои овардаашон дар бораи мавқеъ ва мақоми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба авҷи аълояш расидааст. Ба қавли муаллифони “Бомдод”, ки аз воқеияти ҷумҳурии мо ба сабаби фирор аз Ватану аз марзи падру бобоӣ аз пайи пайдо кардани чанд пайсаи хоҷиашон хеле дур мондаанд, гӯиё нуфузи ин ду шахсият дар кишвари мо танг шуда буду аз нав боло рафт. Ба маълумоти шумо барин нобиноёну ношунавоён мерасонем, ки ҳам Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.С. Ятимов ва ҳам Сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Х. Ҳафиззода аз кормандони касбии сатҳи баланд дар мақомоти қудратии кишвар буда, дар кадом вазифае, ки набошанд, солиёни дароз аз манфиатҳои Тоҷикистону мардуми он пуштибонӣ кардаанд ва ҳамчун сарсупурдагони миллат лаҳзае ҳам мақоми худро байни ҳамкорону роҳбарияти кишвар бо сабаби касбияти баланд аз даст надодаанд.

Дар охир мехостем таъкид намоем, ки тибқи андешаи мутахассисон ва донишмандон “илм одамизодро хирадмандтарин мавҷуди олам намуд, фолбинию пешгӯиҳои беасос бошад, онро ба беақлтарин махлуқ табдил доданд”. Ин аст, ки «супоридани курсии Президент»-ро ҳарзагӯён ва фолбинони «Бомдод» дар гузориши худ то тирамоҳи соли 2022 мавқуф гузошта, кӯрию карии сиёсӣ ва беақлию бедонишии худро ба ҳамагон дар маърази тамошо гузоштанд, ки метавонад танҳо боиси хандахариш дар нисбати чунин “коршиносон” бошад.

 

Акбарҷон Маъруфзод
сиёсатшинос

Чоп кунед