Санаи 31 октябри соли 2022 дар Муассисаи фарҳангии мутолиот ва таҳқиқоти байналмилалии Теҳрон вохӯрии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегӣ бо кормандон ва таҳлилгарони муассисаи болозикр доир гардид. Дар вохӯрӣ аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ директори Марказ Усмонзода Хайриддин, муовини директори Марказ Муҳаммадзода Парвиз ва муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Алиназар Ашуров иштирок намуданд.

Дар раванди вохӯрӣ ва мулоқот ҷонибҳо ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳ намуда, аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва пажӯҳиширо дар ҷаҳони муосир муҳим баҳогузорӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз афзоиши хатари терроризму ифротгароии байналмилалӣ, манфиатҷӯйи баъзе кишварҳои абарқудрат ва кӯшиши бесубот намудани минтақаҳои алоҳида ва ғайраҳо изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки таҳлил ва дидгоҳҳои марказҳои зеҳнӣ дар пешгирии чунин хатарҳо нақши бузург доранд.

Вобаста ба ин таҳлилгарони ду маркази зеҳнӣ ҳавасмандии худро ба таҳким ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таҳлилӣ изҳор дошта, қарор намуданд, ки минбаъд вобаста ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ конфронс ва дигар чорабиниҳои илмӣ ва таҳлилиро доир менамоянд.

Чоп кунед