Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пароканда шудани давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатиро ба даст овард ва дар таърихи ташаккули давлатдории миллӣ давраи навро оғоз намуд. Худи ҳамон сол дар кишвари тозаистиқлоли мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид. Авзои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон то ҳадде мураккаб гардида буд, ки ҳатто роҳбарияти онвақтаи ҳукумат имконияти ба танзим даровардани вазъияти сиёсиро надошт. Дар натиҷаи бесарусомониҳои давомдор вазъияти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ то рафт мураккабтар мегардид. Аз ҷумла, беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон қурбон ва тақрибан 1 миллион нафар бесарпаноҳ гаштанд. Инчунин, зиёда аз 25 ҳазор нафар занон бешавҳар ва беш аз 55 ҳазор нафар кудакон ятим монданд. Ҳамзамон, беш аз 35 ҳазор манзилу коргоҳҳо сӯхтаву валангор шуда, ба кишвар зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА хисороти калон ворид гардид. Пас аз муборизаҳои зиёди мусаллаҳона ва ҷанги шаҳрвандӣ низоми давлатдорӣ пурра фалаҷ гардида, тамоми ҷомеаи кишварро ҳисси ноумедӣ фаро гирифта буд. Аксари зиёиёну ходимони давлатӣ худро бетараф дониста, роҳи гурезро интихоб карда буданд. Дар ин маҷро шахсияти сарсупурда, фидоӣ ва кафили сулҳу ваҳдати миллие лозим буд, ки миллатро аз вартаи ҷанг берун оварда, кишварро аз нобудшавӣ раҳо бахшад.
Дар робита ба ин, бо иқдом ва ташаббусҳои ҷомеаи солимфикр ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он дар таърихи ташаккули давлатдории навини тоҷикон саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Хушбахтона, болои миллати тоҷик ахтаре тобон шуд, ки бо ҷилову равшании тинати худ кишварро аз зулмот берун овард.
Дар тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикор ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ басо рамзист, зеро дар таърихи мардуми мо нодиртарин падидаи сарнавиштсоз ба шумор меравад. Гарчанде Истиқлоли ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд расонид, аммо баъд аз дастёбӣ ба сулҳу субот дар Тоҷикистон рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бо таври сифатан нав шуруъ гардид.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки рушди ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии кишвар маҳз аз самараи заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Зеро имрӯзҳо бо дастгирию ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ ва дар ин замина фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, сохта ба истифода додани роҳҳои мошингарду нақбҳои аҳаммияти байналмилалидошта, таҷдиду азнавсозии бинову муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохтмони неругоҳҳои азими барқи обӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҳамаи ин аз талошу кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат дарак медиҳад.
Дар робита ба ин, иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавонем ба таври мухтасар инъикос намоем. Аз ҷумла:
Муносибати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати дарҳои боз бо 185 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дошта, бо беш аз 100 кишвари дунё муносибати тиҷоратию иқтисодӣ ва ба 53 кишвари хориҷ маҳсулоти саноатию кишоварзии худро содирот менамояд. Ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои зарурӣ ва муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ ҳамасола талабот ба истеҳсоли маҳсулоти саноатию истеҳсолии Тоҷикистон берун аз кишвар бештар гардида, дар ин замина, дар доираи барномаи давлатии “Рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида, нишондоди истеҳсолу содиротиро дар заминаи роҳандозии иқдомҳои нав давра ба давра амалӣ менамояд.
Суръати рушди иқтисоди миллӣ. Дар шароити ниҳоят ҳассосу пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар мураккаб гардида, коҳиши дараҷаи нишондиҳандаҳои рушди иқтисодии аксари кишварҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад. Навобаста аз мушкилотҳои иқтисодии ҷаҳонӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1992 ММД 381 млн. долларро ташкил намуд, ки ин рақам дар соли 2023 ба 130,7 млрд. сомонӣ баробар гардид. Ҳамзамон, гардиши тиҷорати хориҷӣ аз 131 млн. доллари соли 1992 то ба 8,3 млрд. доллари ИМА дар соли 2023 зиёд гардидааст.
Бешубҳа, суръати рушди иқтисодии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб фарқкунанда буда, суръати рушди иқтисоди миллӣ солҳои охир ба ҳисоби миёна 7,5 дарсадро ташкил медиҳад. Навобаста аз болоравии арзиши маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ соли 2023 сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар ҳаҷми 3,8 дарсад нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ бошад ба 112,7 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Саноат. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ба кишвари содиркунанда табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери таваҷҷуҳи доимии худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани он Пешвои миллат зимни ҳар як сафарашон ба минтақаҳои кишвар бунёду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.
Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2024 дар якҷоягӣ бо соҳибкорон ба маблағи 36,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 (нуҳ моҳи соли 2023) беш аз 15 дарсад зиёд мебошад. Боисти зикр аст, ки дар ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли равон 3692 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 345 адад, коркард 3175 адад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво- 72 адад, таъминоти об ва коркарди партовҳо 100 адад фаъолият намудаанд. Аз ин шумора 1198 адад (32,5 дарсад аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 864 адад (23,4 дарсад) ба вилояти Хатлон, 794 адад (21,5 дарсад) ба шаҳри Душанбе, 699 адад (18,9 дарсад) ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 137 адад (3,7 дарсад) ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меояд.
Кишоварзӣ. Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ дониста шуда, ба ҳисоби миёна қариб чоряки маҷмуи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, ки баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо озуқаворӣ тавассути афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ барои такрористеҳсолкунӣ заминаи мусоид мегузорад.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли 2024 рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 111,4 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат ба 52 280,5 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи растанипарварӣ 39 177,0 миллион сомонӣ ё 11,9 дарсад ва дар чорводорӣ 13 103,5 миллион сомонӣ ё 9,8 дарсад таъмин гардидаанд.
Энергетика. Яке аз ҳадафҳои стартегии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли энергетикӣ муайян гардида, солҳои охир ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ неругоҳҳои хурду бузург бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гашта истодаанд. Масалан, агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги обӣ бо иқтидори 4,4 ҳазор мегаватт фаъолият менамуд, имрӯз хосатан дар кишвар 287 неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ бошад, 22 миллиард киловатт соат фаъолият карда истодааст.
Ноил гардидан ба истиқлоли пурраи энергетикии мамлакат тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегӣ ба шумор мераванд. Истифода аз ин имконияти бузурги обӣ моро ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии босуръати иқтисодиёт шарафёб хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани рифоҳи мардум пайваста саъю талош меварзад.
Гуфтан бамаврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода хоҳад дод. Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети мамлакат 5 миллиард сомонӣ барои бунёди ин неругоҳ ҷудо гардидааст.
Роҳу нақлиёт. Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, дар даврони истиқлол сохтани роҳҳои мошингард ва нақбҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори боркашонии он яке аз марҳалаҳои муҳимми ҳадафҳои рушди кишвар пазируфта шудааст. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон қайд карданд: “Дар робита ба ин, имрӯз дар кишвар бо 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ шуда истода, танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бо зиёда аз 300 миллион сомонӣ қариб 1000 километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, бунёду таҷдиди 41 пул ба анҷом расидааст”.
Ҳамин тавр, аз тамоюли нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бар меояд, ки татбиқи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор ва суръатноки иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, коҳиш додани вобастагии мамлакат аз бозори беруна, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ натиҷаи назаррас гузошта истодааст. Воқеан ҳам, нишондиҳандаҳои мазкур далели он ҳастанд, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаю созандаашон дар зарфи 33-соли соҳибистиқлолии давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон