Рӯзи 17 июни соли 2021 бо ибтикори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси маҷозии байналмилалӣ бахшида ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (10–11 июни соли 2021) таҳти унвони “Ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, фазои боз–асоси пешрафти ҳамкориҳои Ӯбекистон ва Тоҷикистон”  баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт. Сипас саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимшо Искандаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ суханронии табрикӣ намуда, сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши равобити дуҷониба ва мутақобилан судманди ду кишвари ҳамҷавору дӯст муҳим ва арзишманд арзёбӣ карданд.

Дар бахши якум ва дуюми ҳамоиш таҳти унвонҳои “Тавсеаи робитаҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шароити муосир” (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг) ва “Таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чун омили муҳимми таъмини рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” мутахассисони Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Маркази таҳқиқоти геосиёсии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигарон суханронӣ  намуданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро  мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши иқтидори иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, сайёҳӣ ва дар самти мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавиро таъкид намуданд.

Видеоконфронси маҷозии байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ ва директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед