Рӯзи 10  майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд бо  ташаббуси   Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон видеоконфронси маҷозӣ таҳти унвони “Рушди диаспораҳо–омили муҳимми рушди устувор” баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, доктори илмҳои таърих, профессор А.Г. Муминов ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон Иномҷон Маҷидов, директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров, раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамбек Қурбонов,  роҳбари намоядагии Бунёди Конрад Аденауэр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ронни Ҳайне, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов,  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, ректори Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон Ҷумамират Гурбангелдиев, Президенти Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия  (РГГУ),  узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Ефим Пивовар,  директори Пажӯҳишгоҳи кишварҳои Осиё ва Африқои ба номи Михаил Ломоносови Федератсияи Русия Алексей Маслов суханронии табрикӣ намуда, баргузории чунин нишастро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавии  давлатҳои Осиёи Марказӣ  муҳим ва муфид арзёбӣ карданд.

Дар  бахши  пленарии  ҳамоиш доктори илмҳои таърих, профессор Донишгоҳи милиии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Д. Иноятова  дар мавзуи “Рушди диаспорашиносӣ дар Ӯзбекистон  дар замони муосир”,  доктори илмҳои таърих, профессор,  муовини директори пажӯҳишгоҳи Нордости  Донишгоҳи Гамбурги Олмон В.Деннингхаус дар мавзуи “Ақаллиятҳои миллӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои бистум: муайянсозӣ, моҳият ва авлавиятҳо”, доктори илмҳои таърих, сармутахассиси шуъбаи тарбиявии  Осорхонаи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Гдаски Ҷумҳурии Лаҳистон Д.Панто дар мавзуи “Шаҳрвардони лаҳистонӣ  дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939–1945), доктори илмҳои таърих, профессор, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти осиёии Донишгоҳи давлатии Қазоқистон Г.Ким дар мавзуи “Махлуткунии ҳувият  ва ташаккули диаспораҳо”, дотсенти Донишгоҳи миллии Қирғизистон   ба номи Юсуфи Балосағунӣ Н.Қосимова дар мавзуи “Тамоюли равандҳои муҳоҷират дар Осиёи Марказии муосир”, дотсенти Донишгоҳиии миллии авруосиёии Қазоқистон ба номи Л.Гумилёв  С.Раздиков дар мавзуи “Вазъи диаспорашиносӣ дар Қазоқистон” суханронӣ намуданд.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни конфронс дар панҷ бахш–бахши аввал таҳти унвони “Диаспораҳои Осиёи Марказӣ: таърих ва замони муосир” ва   бахши дуюм: “Нақши диаспораҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва фарҳангӣ” ва дар бахши сеюм: “Хориқаи таҳаммулпазирӣ дар халқҳои Осиёи Марказӣ”,  дар бахши чаҳорум: “Равандҳои муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ”, дар бахши панҷум: “Модели ӯзбекистонии ризоят ва таҳаммулпазирӣ”  паҳлуҳои гуногуни мавзуи “Рушди диаспораҳо дар Осиёи Марказӣ- омили муҳимми рушди устувор”-ро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд.

Масъулони ҳамоиш  видеоконфронси маҷозиро ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос намуданд.

Конфронс дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид

      
Хадамоти  матбуотии  Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед