Рӯзи 30 ноябри соли 2022 бо ташаббуси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Мушкилоти амнияти иқтисодии минтақа дар шароити муосир” баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти демографии Маркази федеролии илмию тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо суханони табрикотӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, директори Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуруллоева Шафоат Файзуллоевна, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти демографии Маркази федеролии илмиву тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия Рязантсев Сергей Василевич, роҳбари шуъбаи тадқиқоти иқтисодии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акижанов Куат Балхашевич, номзади илмҳои таърих, дотсент сардори шуъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Дударёнок Антон Сергеевич ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфтанд.

Бахши якуми ҳамоиш таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои амнияти иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Беларус ва Федератсияи Русия” таҳти раёсати номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, мутахассиси пешбари Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирсаидов Аврор Бобоевич дар мавзуи “Механизмҳои таъмини амнияти моликияти зеҳнӣ”, намояндаи Ҷумҳурии Беларус, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисодиёт ва мудирияти Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Ҷумҳурии Беларус Биков Алексей Александрович ва номзади илмҳои фалсафа, сармушовири Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Беларус Демиров Виталий Викторович дар мавзуи “Амнияти иқтисодӣ: хусусиятҳои соли 2022”, намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон, роҳбари шуъбаи тадқиқоти стратегии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акижанов Куат Балхашевич дар мавзуи “Буҳрон ҳамчун имконият: таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди минтақавӣ дар шароити муътадилшавии навин”, намояндаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари шуъбаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Узоқов Мурод Тиркишбаевич дар мавзуи “Ҳамкориҳои минтақавӣ–омили муҳимми таъмини амнияти иқтисодӣ”, намояндагони Федератсияи Русия, коршиноси пешбари Маркази танзими таҳқиқоти Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегии Русия Трошин Николай Николаевич дар мавзуи “Доир ба таҳдидҳои иқтисодӣ барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи табодули геосиёсии муосир” ва ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Федератсияи Русия, профессори кафедраи тадқиқоти амрикоии Донишгоҳи гуманитарии Русия Додобоева Зарина Абдураҳмонова дар мавзуи “Муносибатҳои Русияву Тоҷикистон: мушкилоти ҳавзавӣ ва нуқтаҳои эҳтимолии рушд” ва дигарон суханронӣ намуданд.

Бахши дуюми ҳамоиш таҳти унвони “Мушкилоти муҳоҷирати иқтисодию иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба амнияти иқтисодӣ” доир гардид. Дар он узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои иқтисодӣ, директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти демографии Маркази федеролии илмиву тадқиқоти сотсиологии Академияи илмҳои Русия Рязантсев Сергей Василевич дар мавзуи “Тамоюлҳои нави муҳоҷират дар Авруосиё дар шароити ноустувории геосиёӣ”, намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи Тӯрони шаҳри Алмаатои Қазоқистон Алаева Гулноз Турсуновна дар мавзуи “Муҳоҷирати корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон: вазъи имрӯза ва танзими ҳуқуқӣ”, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Анвар Абдуллоевич дар мавзуи “Мушкилоти муҳоҷирати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаринаи амнияти иҷтимоию иқтисодӣ” ва дигарон маъруза намуданд.

Иштирокчиёни конфронс зимни суханрониҳо ва музокирот мавзуъҳои зеринро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор доданд:

 –Мушкилоти таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити муосир;

–Проблемаҳои мубрами иқтисодиёти минтақавӣ: иҷтимоию иқтисод, обию энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ;

  • Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар қаринаи ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ;
  • Таъмини амнияти иқтисодӣ ҳангоми мудирияти ҳайати кормандон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти минтақавӣ;
  • Таъмин амнияти молиявӣ дар шароити ҷорӣ намудани таҳримоти Федератсияи Русия ва буҳрони иқтисодӣ;
  • Амнияти иқтисодиии минтақа ва ҷаззобияти сармоягузорӣ: хусусият, алоқамандӣ ва мушкилоти баҳогузорӣ;
  • Проблемаҳои иқтимоию иқтисодии муҳоҷирати корӣ ва таъсири он ба амнияти иқтисодӣ;
  • Воридотивазкунӣ ҳамчун асоси амнияти озуқвории минтақа;
  • Назорати гумрукӣ пас аз истеҳсоли мол чун афзори таъмини амнияти иқтисодӣ.   

Видеоконфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

 
 Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед