Рӯзи 15 июни соли 2022 бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалӣ таҳти унвони “Вазъ ва дурнамои рушди шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия” баргузор гардид. Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт ва баргузории чунин нишастро дар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия муҳим ва муфид арзёбӣ кард.
Сипас муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомӣ С.А., Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лякин-Фролов, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия Саидзода З.Ш. суханронии табрикӣ намуданд.
Дар ҷаласаи пленарӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммадзода П.А. дар мавзуи “30 солагии шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Тоҷикистон ва Русия”, директори барномавии Клуби мубоҳисавии “Валдай” Бордачев Т.В. дар мавзуи “Суботи Осиёи Маказӣ дар шароити буҳрони аврупоӣ”, директори Маркази таҳқиқоти геосиёсии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Майтдинова Г.М. дар мавзуи “Ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия: вазъ ва дурнамо”, директори Маркази таҳқиқоти авруосиёии Институти Масквагии давлатии муносибатҳои байналмилалии (У) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, номзади илмҳои сиёсӣ Сафранчук И.А. дар мавзуи “Муносибатҳои стратегии Русияву Тоҷикистон дар қаринаи таҳаввули (трасформатсияи) системаи байналмилалӣ”, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Раҳимзода Ш.К., муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода К. суханронӣ намуда, ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Бояд тазаккур дод, ки тайи сӣ соли даврони Истиқлоли давлатӣ ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун байни Тоҷикистон ва Русия беш аз пеш густариш ёфтанд. Ҳар ду ҷониб ҳамкориҳои судмандро дар чаҳорчӯби механизмҳои гуногун, ба монанди СММ, СҲШ, СААД ва МҲТБО ва ғайра баҳри манфиатҳои мутақобилаи тарафайн ва рушди умумӣ тавсеа ва густариш доданд. Маърузачиён вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди баррасии амиқ қарор дода, минбаъд ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризм ва дар самти мубориза ба таҳдидҳои умумӣ ва амнияти минтақавиро таъйид ва таъкид намуданд.
Баъдан дар доираи ҳамоиши мазкур ду мизи гирд баргузор гардид. Дар мизи гирди аввал таҳти унвони “Ҳамкориҳои ҳарбию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамчун омили муҳимми амнияти минтақавӣ” (модератор муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳамадзода П.А.) узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода И.Т. дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар чаҳорчӯби СААД ва СҲШ чун омили суботи минтақа”, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Институти Москвагиии давлатии (У) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сучков М.А. дар мавзуи “Таҳдидҳои берунии Осиёи Марказӣ дар давраи муосир: фазо барои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон”, мушовири сардори Акдемияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, полковник Назарзода Н. дар мавзуи “Мукаммалгардонии ҳамкориҳо дар соҳаи фаъолияти маориф байни мактабҳои олии системаи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия”, корманди калони илмии ИМЭМО-и Академияи илмҳои Русия, номзади илмҳои сиёсӣ Притчина С.А. дар мавзуи “Дастовард ва дурнамои ҳамкориҳои Русияву Тоҷикистон дар соҳаи амният”, сардори кафедраи илмҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия Муҳаммад С. А. дар мавзуи “Ташаккули муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, таҳкими шарикии стратегии байнипарлумонӣ”, корманди пешбари илмиии Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалии Институти Москвагии давлатии (У) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Чернявский С.И. дар мавзуи “Русия ва Тоҷикистон: 30 соли шарикии стратегӣ”, сардори Сарраёсати мудофиаи гараждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Вализода Х.В. дар мавзуи “30 соли дастоварди шарикии стратегӣ ва иттиҳод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия”, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Х.Додихудоев дар мавзуи “Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар муқобила бо таҳдидҳои экстремизм ва терроризм: мушкилот ва имконоти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ”, мудири кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Меъроҷиддин Насриддин дар мавзуи “Ҳамкориҳои гуногуни бисёрсамтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ” суханронӣ намуданд ва ба саволҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои қаноатбахш доданд.
Дар мизи гирди дуюм (модератор профессор Майтдинова Г.М.) таҳти унвони “Ҳамкориҳои илмиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар замони муосир: вазъ ва дурнамо. Ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод”, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти авруосиёии Институти Москвагии давлатии (У) Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Жорниста В.Н. дар мавзуи “Нақши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва маърифатӣ дар таҳкими муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон”, директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадбекзода М.Ш. дар мавзуи “Доир ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати корӣ”, корманди пешбари илмии ИМЭМО-и Академияи илмҳои Русия Мигранян А.А. дар мавзуи “Фаъолияти муштраки иқтисодии Русияву Тоҷикистон дар шароити носуботии ҷаҳонӣ”, доктори илмҳои таърих, мудири бахши Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Савин И.С. дар мавзуи “Паҳлуҳои асосии ҳамкориҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия” суханронӣ намуданд.
Видеоконфронси байналмилалиро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии
назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон