Рӯзи 9 августи соли 2021 бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон видеоконференсияи   байналмилалӣ дар мавзӯи “Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ(доир ба натиҷаҳои Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ”  баргузор гардид.

Ҳамоишро директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ифтитоҳ карда, иштирокчиёни  нишастро хайрамақдам гуфт. Сипас Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Язгулӣ Мамедов, директори Пажӯҳишгоҳи миллии тадқиқоти стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон  Уран Ахметов ва директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Зиёӣ суханронии табрикӣ намуданд  ва баргузории чунин ҳамоишро муҳим ва мубрам арзёбӣ намуданд.

Баъдан дар қатори намояндагони дигар кишварҳо дар бахши  якуми ҳамоиш таҳти унвони “Ҳамкориҳои минтақавӣ  дар соҳаи сиёсат, ва амният дар шароити муосир” (сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг) муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҳидоятзода ва дар бахши  сеюми ҳамоиш дар мавзӯи “Ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи фарҳангию гуманитарӣ” ректори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон  Тоҳир Хоҷазода ва директори Маркази таҳқиқоти геосиёии Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Гузел Майтдинова  ва дигарон  маърӯза карданд.

Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот, таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши иқтидори иқтисодӣ, транзитию нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф,  сайёҳӣ ва дар самти мубориза ба таҳдиду хатарҳои умумӣ ва амнияти минтақавиро  таъйид ва таъкид намуданд.

Видеоконференсияи байналмилалиро директори Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Анвар Насиров ҷамъбаст ва натиҷагирӣ карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда  доир гардид.

Хадамоти  матбуотии
Маркази
тадқиқоти стратегии  назди
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед