Рӯзи 9 июни соли 2022 бо ташаббуси Академияи муносибатҳои байналмилалии Чин дар назди Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар дар мавзуи «Роҳи демократӣ ба даврони нав» семинари байналмилалии видеоӣ баргузор гардид. Дар семинари байналмилалӣ намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҶМЧ, Котиботи СҲШ, инчунин коршиносону олимон аз як қатор давлатҳои аъзо, кишварҳои нозир, кишварҳои шарики муколамаи СҲШ ширкат варзиданд.

Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷабборов дар семинари байналмилалӣ иштирок намуда, дар мавзуи «Роҳи демократии рушди Тоҷикистон ва дурнамои он дар шароити муосири сиёсати ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки сарфи назар аз озмоишҳои душвор, дар даврони истиқлол, дар натиҷаи ислоҳот, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро фаро гирифта буданд, дар Тоҷикистон модели комилан нави идоракунӣ ба вуҷуд омад, ки аз сохти шӯравӣ ба куллӣ фарқ дошта, дар пояи арзишҳо ва принсипҳои ҷомеаи демократӣ шакл гирифтааст.

Аз ибтидо то имрӯз саъю талоши ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон пайваста ба он нигаронида шудааст, ки чунин модели ҷамъиятие дар кишвар бунёд карда шавад, ки дар он дар баробари татбиқи принсипҳои асосии демократия, шаклҳои анъанавии хоси муносибатҳо ва тарзи ҳаёти мардуми тоҷик нигаҳ дошта шавад.

Сипас Маъруф Абдуҷабборов аҳаммияти давлатии сохти демократиро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, бо мисолҳои мушаххас нақш ва мавқеи ин роҳро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар нишон дод.

Дар маҷмӯъ, дар семинар намояндагони беш аз 20 муассисаи таҳқиқотии кишварҳои узви СҲШ иштирок намуда, доир масъалаҳои мубрами равандҳои демократикунонӣ, аз ҷумла динамикаи рушди он, тамоюлҳо, дурнамо, чолишҳо ва хатарҳо табодули афкор намуданд.

Семинар дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед