Рўзи 22-юми июни соли 2020 дар доираи омодашавӣ ба баргузории нишасти сеюми Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ вебмашварати корӣ бо иштироки намояндагони марказҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Вобаста ба он, ки санаи мазкур ба солгарди қабули Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» рост омад, бахши якуми ҷаласа ба арзёбии нақши Қатънома ба таҳкими ҳамгироӣ дар минтақа бахшида шуд.

Дар назди ҳозирин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ,  Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман  ва намояндагони ниҳодҳои тадқиқоти стратегии назди Президентҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон  доир ба масоили номбурда суханронӣ карданд. Дар ҷаласа директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ вобаста ба таъсири Қатъномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, мавқеъгирии сиёсати минтақавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Дар идомаи ҷаласа Намояндагони масъул ва дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи омодагӣ ба Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, мавзўъҳои банақшагирифташударо мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бобат махсусан зикр гардид, ки нишасти навбатии коршиносӣ аз ҷиҳати мазмун ва муҳтаво бояд фарогирандаи масоили мубрам ва фавқулода муҳимми минтақа буда, дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар замони баъд аз пандемия арзёбӣ намояд. Мавриди зикр аст, ки ҷаласаи навбатии Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ дар нимаи дуюми соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.

Вебмашваратро Намоядаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид. 

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед