Рӯзи 4 июни соли 2020 дар доираи амалишавии марҳалаи сеюми лоиҳаи “Дар роҳи иҷрои Нақшаи муштарак оид ба амалиёт дар чаҳорчӯби Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ” вебмашварат дар мавзӯи “Таҳдидҳои нави терроризм ва экстремизми хушунатомез дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари пандемияи “Ковид–19” доир гардид. Машварати мазкур аз љониби Маркази минтаќавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказї (ММДБОМ) дар якљоягї бо Раёсати зиддитеррористии СММ (РЗТ СММ) баргузор шуд. 

         Дар бахши якуми ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтанд:

         –таъсири пандемия ба авлавиятҳои милливу минтақавӣ дар соҳаи амният ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ;

         –таъсири пандемия ба қишрҳои осебпазири аҳолӣ аз нуқтаи назари экстремизм, инчунин,  аз дидгоҳи табъиз ва риояи ҳуқуқи инсон;

         – таъсири пандемия ба муносибат ва ҳамкориҳоҳои минтақавӣ.

         Дар назди ҳозирин Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ,  Роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман, муовини Котиби генералии СММ,  роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ Владимир Воронков, Ёвари  Котиби генералии СММ доир ба масоили сиёсӣ Мирослав Енчи ва намояндагони ниҳодҳои тадқиқоти стратегии назди Президентҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон  доир ба масоили номбурда суханронӣ карданд. Дар њамоиш, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ вобаста ба рӯзномаи вебмашварат бо мавқеъгирии сиёсати байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тањти роњбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Сипас иштирокчиёни  ҳамоиш пиромуни масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи мазкур фикру андешаҳои худро баён намуданд.

         Дар бахши дуюми ҳамоиш масъалаи “Омодагӣ ба форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказӣ ва баррасии мавзӯъҳои банақша гирифташуда” мавриди муҳокима ва арзёбӣ қарор дода шуд. Намояндагони масъул ва дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар доираи ин масъала низ табодули афкор намуда, љињати мушаххас намудани мавзўи љаласаи навбатии Форуми солонаи коршиносии Осиёи Марказї, ки дар нимаи дуюми соли 2020 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, баррасї гардиданд.   

Ҳамоишро Намоядаи махсуси Котиби генералии СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ доир ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.           

 Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.      

  

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед