1.Дар самти зарфиятҳои мудофиавии кишвар.
Истиқлолияти давлатии бадастомада назди миллати бостонию тамаддунофари тоҷик масъулиятҳои басо муҳим ва тақдирсозро гузошт, ки умдатарини онҳо таъсису рушди Артиши миллӣ ва ҷузъу томҳои кишвар, мустаҳкам намудани пояҳои мудофиавии он, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсия, таҳкиму барқарорсозии сохти конститутсионӣ, тартибу низом, таъмин намудани сулҳу субот, бунёди давлати миллӣ, ба танзим даровардани қонунҳои амалкунанда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, баланд бардоштани мақому манзалати инсон дар ҷомеа буданд.
Давоми сӣ соли сипаригардида дар тамоми сохтор ва ҷабҳаҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дастовардҳои муҳимми сиёсӣ, мудофиавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии кишвар баҳри некуаҳволию осоиштагии мардум давра ба давра ҳаллу фасли худро ёфтанд.
Агар дастовардҳои кишварро тайи 30 соли охир дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳогузорӣ намоем, мустақиман ба фаъолияти созандагию бунёдкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагию пайвастагӣ доранд. Ҷонфидоиҳои ӯ дар масири таърихии таъсису рушди сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои мамлакат, таҳкиму барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҷорӣ намудани тартибу низом, таъмини амнияту суботи кишвар, волоияти қонун нақши калидиро асос гузоштааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо талошу дастгирии неруҳои солими ҷомеаи кишвар, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар эҳёи давлати соҳибихтиёри мо нақши калидӣ дорад. Баъди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз Ҳукумати конститутсионӣ барқарор шуда, яке аз аввалин тасмимҳои он қабули Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки 18-уми декабри соли 1992, таҳти №3, қабул гардида, заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
Моҳи июни соли 1993 Иҷлосияи Шӯрои Олии кишвар қонунҳои зеринро “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, “Дар бораи мақом, кафолати ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо” ба тавсиб расонид.
Мутобиқи қонунҳои ба тавсибрасида соли 1993 асоситарин ва сершумортарин навъи лашкар–Қӯшунҳои хушкигард, сохторҳои марказии Вазорати мудофиа, Қувваҳои ҳарбӣ–ҳавоӣ, Коллеҷи олии ҳарбӣ, Шифохонаи марказии ҳарбӣ ва як қатор сохторҳои дигар қисм, аз ҷумла ҷузъу томҳо ва корхонаю муассисаҳои ҳарбӣ таъсис ёфтанд.
Моҳи декабри соли 1994 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира кардани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи чораҳои таъхирнопазирӣ минбаъд беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, амният ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои мақомоти қудратӣ–ВМҶТ, ВКД, КДАМ, Горди президентӣ тибқи муқаррароти Конститутсия аз нав таъсис ва мукаммал гардонида шуда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
–Соли 1995 Барномаи таъсиси бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳала ба марҳала таҳия гардид ва ду давра солҳои 1995–1997 ва 1998–2000-умро дар бар гирифт. Барномаи мазкур ба пояҳои Артиши миллӣ асосҳои илмӣ гузошт, ки баъдан дар назди Донишгоҳи ҳарбӣ маркази таълимии тайёр кардани мутахассисони хурди умумиқӯшунӣ ташкил карда шуд.
Моҳи апрели соли 1996 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфт.
Дар санаи 24 июли 1998 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тадбирҳои ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расид.
Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тағдирсоз борҳо тавонистанд садоқати худро ба Ватан ва миллати худ собит созанд.
Ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар дар самти боло бурдани иқтидори мудофиавии кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба неруи асили муҳофизи марзу бум табдил дод. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои мавҷудияти худ дар муҳорибаҳо ба муқобили дастаи мусаллаҳонаи исёнгарон, қумондонҳои саҳроии саркаши мухолифин, гурӯҳҳои фитнаҷӯ ва бегонапараст, фаъолона ширкат варзида дар таъмини амният ва осоиштагии мардум саҳми арзанда гузоштанд.
Баҳри ҳимояи сарҳад Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мукаммал гардонида, соли 2000 масъулияти пурраи ҳимояи ҳифзи сарҳади давлатӣ ба зиммаи он вогузор карда шуд.
Ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии кишвар бо Вазорати мудофиаи Русия, Беларус, Қазоқистон, Чин, ИМА, Фаронса, Ҳиндустон, Олмон, ҳамкории низомиро боз ҳам рушду тақвият бахшид. Тибқи созишномаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ҳамасола беш аз садҳо муҳассилини донишгоҳҳои кишвар барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия, Қазоқистон,Ҷин ва Ҳиндустон фиристода мешаванд.
Дар таърихи 23 феврали соли 2003 бо Фармони Президенти мамлакат дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон навъи нави қӯшун – Қӯшунҳои зудамал таъсис ёфт.
Аз соли 2005 то соли 2007 бо иштироки гурӯҳҳои фаврии зудамали давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар кишвар машқҳои муштараки ситодию фармондеҳӣ, таҳти унвони “Марз – 2005”, “Марз –2006”, “Ҳифз-2007” баргузор гардиданд.
Айни замон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо созмонҳое аз қабили СААД, ИДМ, САҲШ, СММ, Ташкилоти Паймони Аҳномаи Атлантикаи Шимолӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва ғайра ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, як қатор меморандумҳои ҳамкории ҳарбиро ба имзо расонидааст. Мақсади асоси баргузории чунин чорабиниҳо муқовимат бар зидди терроризм–экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби барои ҷомеа хатарнок ва дар маҷмӯъ, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Имрӯзҳо низ вобаста ба вазъи мураккаб ва ҳассоси ҷаҳони муосир – авзои шадиди геополитикии сайёра, афзоиши таҳдиду хатарҳои минтақавию умумиҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, густариш ёфтани падидаҳои нангину хатарноки терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар назди ҳайати шахсиии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифаҳои ниҳоят муҳим гузошта шуд, ки иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, хизмати ҳушёронаи шабонарӯзӣ, фидокорӣ ва мутобиқсозии оқилонаву муассири фаъолияти неруҳои дифоии мамлакатро тақозо мекунад.
Таваҷҷуҳи асосии Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар миллат барои дар сатҳи баланди омодагӣ нигоҳ доштани ҳамаи ҷузъу томҳои низомӣ равона карда шудааст. Баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳадамоти идоракунанда, дараҷаи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, таҳия намудани нақшаҳои оперативӣ дар самтҳои хатарнок, ҷорӣ кардани усулҳои нави истифодаи қӯшунҳо ҳангоми ташкил ва баргузории амалиётҳои муштараки сохторҳои низомии мамлакат бо неруҳои ҳарбии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба таҳким ёфтани тайёрии мудофиавии кишвар мусоидат намуданд.
Бо мақсади таъмини идоракунии муассири ҳифзи сарҳади давлатӣ ду сохтори низомӣ–Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳайати он Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис дода шудааст. Мустаҳкамӣ ва ҳимояи марзи кишвар ба дӯши ин ду сохтори низомӣ вогузор карда шудааст.
Гузаронидани машқҳои муштарак бо иштироки ҷузъу томҳои Вазоратҳои мудофиа, қӯшунҳои сарҳадӣ ва Горди миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, сафарбарии қувваҳои захиравӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҷумлаи чорабиниҳои муҳимме буданд, ки ба болоравии маҳорату малакаи ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо мусоидат менамояд.
- Тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ–сиёсӣ ва таҳдиду хатарҳо ба амнияти мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар сиёсати имрӯзаи худ вазъи умумии ҷаҳонӣ ва минтақаҳоро хеле мураккабу печида пешгӯйинашаванда меҳисобанд. Онҳо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вусъатёбии экстримизм–терорризм, радикализм, экстримизми динию мазҳабиро вабои аср ҳисобиданд. Кишваре нест, ки дар дохили он таркиш ё кушторе ба вуқӯъ наомада бошад. Ҳамарӯза тариқи расонаҳо мушоҳида менамоем, ки чунин ҳодисаҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам рух дода, теъдоди талафоти ҷонию молӣ, даргириҳо ва харобиҳои ба бор оварда, муташанниҷии вазъи сиёсии баъзе кишварҳо аҳолии осоиштаи сайёраро нигарон мекунад.
Амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи муносибати роҳбарияти кишвари ҳамсоя Афғонистон ва хатарҳои эҳтимолии дар дохили он фаъолият дошта вобастагии ногусастанӣ дорад. Ҳодисаҳои даҳсолаи охир дар таърихи кишвари Афғонистон баёнгари он аст, ки тамоюлҳо дар мавриди ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии ин кишвари дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле мураккабанд ва барои расидан ба суботи сиёсӣ, саҳм ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз хатарҳои ҷойдоштаи дохилии Афғонистон ва дигар таҳдидҳои аз ин кишвар бароянда нигаронанд.
- Хатарҳои эҳтимолӣ.
Хавфи хатаҳои гурӯҳҳо ва ташкилотҳои ифротию террористии гуногун дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сукунатдошта ба сарзамини муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама, Ҳаракати Толибон, ДОИШ, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Ал–Қоида, Ҳизби Таҳрири Исломӣ, Ҷамоати Ансуруллоҳ ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар эҷод карда метавонанд. Аз ин рӯ, омодагии доимии ҷузъу томҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ҳамеша дар мадди аввал ҷой дода мешавад.
Мавҷудияти фаъолияти пинҳонкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар дохили кишвар, аз қабили ТЭТ Паймони миллии Тоҷикистон, ҲНИ, Гурӯҳи-24, Ҳизби Таҳрир, ҳаракати Салафия, ҳалқаҳои пинҳонкори ДОИШ, хатари дигарест, ки метавонад ғайричашмдошт суботи ҷамъиятии Тоҷикистонро халалдор намояд.
Аз ин рӯ, чорабинии муҳимме, ки таҳти унвони “Марз–2021” санаи 22 июли соли 2021 гузаронида шуд, нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст дар ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсоя барои таъмини амният дар минтақа саҳмгузор бошад. Аз ҷониби дигар, чорабинии мазкур собит намуд, ки ҳадафи асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳифзи сулҳу оромӣ дар дохили кишвар ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаи худро дар арсаи ҷаҳонӣ пайгирона идома дода, дар таъмини амнияти минтақавӣ саҳми арзандаи худро мегузорад.
С.Акбаров, сармутахассиси
Раёсати омӯзиши масъалаҳои
амнияти минтақавии МТС назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон