Суботу оромии ҳамсоякишварамон — Афғонистон барои мо мисли обу ҳаво зарур аст ва Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ талош меварзад, ки дар ин кишвари дӯст сулҳи пойдор барқарор гардад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бо раванди мураккаб гардидани фазои сиёсии ҷаҳони муосир ва низоъҳои дохилидавлатии баъзе кишварҳои дунё, амнияту суботи инсоният зери хатар мондааст. Дар натиҷаи бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ва маблағгузории гурӯҳҳои манфиатдор густариши ҷараёнҳои террористию экстремистӣ ҳануз ҳам идома дошта, дар як минтақа қисман нобуд мешавад ва дар минтақаи дигар сар мебарорад. Мусаллам аст, ки агар як мамлакат ноамн бошад, ҳатман таъсири манфии он ба кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хоҳад расид. Аз ин ҷост , ки таҳдиду хатари терроризми байналмилалӣ дар замони муосир хусусияти фаромиллиро дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷумлаи он кишварҳост, ки алакай солҳои дароз ба майдони рақобати давлатҳои абарқудрат табдил ёфта, таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ кашидааст. Қариб рӯзе нест, ки расонаҳои хабарӣ оиди таркиш ё амали террористӣ дар қаламрави Афғонистон нагуфта бошанд. Афзоиши гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ва нуфузу таъсири онҳо ба ҳаёти сиёсию иҷтимоии Афғонистон, мушкилоти амниятии ин кишвар ва минтақаро дучанд кардааст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти расмӣ зиёда аз 21 гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз қабили “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”, “Ал–қоида”, Толибон, “Таҳрики Толибони Покистон”, “Сипоҳи саҳоба”, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқии Чин, “Сарбозони хилофат”–и Қазоқистон, ДОИШ ва ғайра дар қаламрави Афғонистон вуҷуд доранд, ки бевосита омили асосии бесуботии сиёсӣ дар ин кишвар ба шумор меравад.
Ҳузури ҷангиёни ба ном “давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистон нооромиро дар ин кишвар густариш дода, ба давлатҳои минтақа низ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Бояд гуфт, ки интиқол ёфтани гурӯҳи террористӣ аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон таҳти нақша ва сарпарастии неруҳои хориҷӣ сурат гирифта, ҳадафашон на танҳо Афғонистон, балки ноором сохтани кишварҳои минтақа мебошад, зеро аксарияти ҷангиёни ДОИШ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Дар баробари ин, теъдоди зиёди ҷавонони Афғонистон низ ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайвастаанд ва шумораашон дар ҳоли зиёдшавӣ аст.
Бояд қайд кард, ки агар имрӯз бо гурӯҳи террористии ба ном “давлати исломӣ” дар Афғонистон муборизаи қатъӣ бурда нашавад ва густариши фаъолияти он пешгирӣ нагардад, эҳтимоли зиёд аст, ки дар ояндаи наздик ин гурӯҳи террористӣ ҷойгузини ҳаракати террористии “Толибон” дар Афғонистон хоҳад шуд. Чуноне, ки 25 сол пеш “Толибон” ҷойгузини гурӯҳи “муҷоҳидини афғон” шуда, вориди саҳнаи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон гардиданд, ҳеҷ кас интизор набуд, ки баъди чанд сол он ба як гурӯҳи мусаллаҳи қавие табдил мешавад ва ҳудуди зиёдеро таҳти назорат мегирад. Аз ин хотир, хатари густариши гурӯҳҳои террористии ба ном “давлати исломӣ” низ дар Афғонистон аз эҳтимол дур нест.
Барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон масъалаи актуалии байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор дар ҳамсоякишавари Афғонистон аст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ тамоми кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳониро ба он даъват менамоянд, ки нисбати қазияи Афғонистон бетараф набошанд ва ҳар чи бештар кӯмаку талошҳои худро барои истиқрори сулҳ дар ин кишвар равона созанд, зеро амнияти Афғонистон кафили суботи минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле бузург аст.
Нуқтаи муҳими дигаре, ки Пешвои миллат ба он таъкид мекунанд, ин аст, ки кишварҳои абарқудрат дар роҳи мубориза бо терроризму экстремизм бояд “сиёсати духураро” истифода накунанд. Махсусан омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии терроризми байналмилалӣ бояд аз байн бурда шаванд.
Инчунин, мавқеъи кишвари мо ин аст, ки мубориза бо терроризму экстремизм танҳо роҳи ҳалли низомӣ надошта, барои ҳарчи зудтар ба сулҳ расидани Афғонистон, ба ҷанбаи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Густариши ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсоя, яке аз омилҳои калидии таъмини рушди устувори иҷтимоии Афғонистон ба шумор меравад. Давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша дар фаъолияти амалии хеш барои таҳкими амнияти Афғонистон ва гузаштан ба зиндагии шоистаи мардуми азияткашидаи ин кишвари ба мо дӯсту бародар ҳамеша талош кардааст. Мардуми шарафманди Афғонистон аз ҷангу хунрезӣ хаста шудаанд ва ташнаи сулҳ ҳастанд. Албатта ягон халқият намехоҳад, ки дар кишвараш оташи ҷанг аланга занад.
Умед аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманду самарабахши минбаъдаи кишварҳои ҷаҳон дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, Афғонистон дар наздиктарин фурсат ба сулҳ хоҳад расид ва суботи комилро ба даст хоҳад овард.
Фирӯзи Рамазон,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон