Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақша чорабиниҳои тасдиқгардида санаи 29 майи соли 2024 конфронси илмӣ–амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушди соҳибкории занон: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» баргузор менамояд.
Ҳадафи баргузории конфронс таҳлилу арзёбии вазъи кунуни тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, дастрасии онҳо аз имтиёзҳою грантҳо ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ин самт ва дар ин замина пешниҳоду тавсияҳо барои рушди соҳибкории занон дар шароити имрӯза аст. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои дахлдори давлатию ғайридавлатии марбут ба соҳа, инчунин, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, мутахассисону коршиносони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ ширкат меварзанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи пайвастаи ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодиии ҷомеа, бахусус, соҳибкориро яке аз омилҳои пешбарандаи рушди босубот ва амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар медонад. Вобаста ба ин, муосидат ба рушди соҳибкории занон низ яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодии мамлакат дониста шуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои муфид роҳандозӣ мешаванд.
Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат соҳаи мазкурро дар «Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун неруи пешбарандаи рушди босуботи иқтисодӣ, воситаи асосии таъмин кардани ҳадафҳои миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароит ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирии соҳибкорӣ, бахусус, ба тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занонро муайян кардааст.
Дар суханрониҳо ба масъалаҳои арзёбии вазъ ва тамоюлҳои рушди фаъолияти соҳибкории занон, арзёбии сатҳи бархӯрдории занҳои соҳибкор аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта ва захираҳои қарзию молиявӣ, мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар самти таъмини рушди соҳибкории занон ва амсоли инҳо диққат дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои мушаххас шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар пайваста тамоюл ба афзоиш дошта, соли 2023-ум беш аз 356 ҳазор, аз ҷумла занҳои соҳибкор зиёда аз 85 ҳазор ададро ташкил намуда, нисбат ба панҷсоли қаблӣ тақрибан аз 5 то ба 10 дарсад зиёд мебошад. Инчунин, дар ҷараёни кори ҳамоиш дар робита ба вазъи кунунии фаъолияти соҳибкории занон, масъалаҳои ҳалталаб ва баъзе роҳҳои имконпазири ҳаллу фасли масоили ҷойдошта аз дидгоҳи коршиносон шунида мешавад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷики