Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият мебошад. Ин дастовард, яъне пирӯзии сулҳ, оромӣ ва субот дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии давлат нақши созанда дорад. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гашт ва ин дастовардҳо барои рушди иҷтимоии шаҳрвандон тамоми шароитро фароҳам меорад.
Дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба сари Тоҷикистон воқеаҳои сангини ба ҳамагон маълум ба вуқӯъ пайвастанд. Баъзе аз қувваҳои бадхоҳи миллати тоҷик тамоми фаъолияти ѓаразноки худро ба он равона мекарданд, ки садди роҳи амалигардии орзуву ормонҳои мардуми шарафманди мо гарданд. Вале хушбахтона онҳо ба мақсадҳои нопоки худ нарасиданд.
Воқеан, Пешвои миллат барои расидан ба Ваҳдати миллӣ машаққатҳои зиёдро аз сар гузаронида, ҳатто ҷони худро дар хатар гузоштанд, то ки миллати азияткашидаи тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзул ва маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта ба по хезанд, сулҳу салоҳ ва тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Дар натиҷа, мардуми бо нангу номуси тоҷик аз қаҳрамонӣ, шуҷоатмандӣ ва хирадмандии Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ намуд ва имрӯз тамоми сокинони мамлакат зери парчами Ваҳдати миллӣ дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва таърихию фарҳангии миллат хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.
Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин неъмат ва муқаддастарин арзиши миллӣ мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт ва комёбиҳову муваффақиятҳои кишвар, инчунин рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз он маншаъ мегирад.
Бинобар ин, мо халқи шарафманди кишвар бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва моҳияти онро ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонем ва ба ояндагон ба мерос гузорем.
Малика Боқиева,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон