Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.

Ба ҳама маълум аст, ки дар сарнавишт ва таъриху пешрафти Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ – ҳамчун омили таъсиррасон нақши калидӣ дорад. Зеро, аз таърихи сиёсии Тоҷикистон ба мо равшан аст, ки кишвар дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба вартаи ҷанши таҳмилии шаҳврандӣ кашида шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият фалаҷ гардиданд. Дар ин раванди мураккаб ва душвор бадхоҳони миллати тоҷик талош менамуданд, ки давлати тозаистиқлолро ба нобудӣ баранд ва аҳолии мамлакатро парешон намоянд. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи сарнавиштсоз зуҳури сарвари фарзона ва хирадманду ҷасур аз байни миллат ба хотири сарҷамъиву ваҳдатофарӣ барои миллату давлати Тоҷикистон ҳадяи бузурге буд, ки эътиқоду бовар ва умеди шаҳрвандонро ба ояндаи нек қавӣ намуд. Вақте, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дасисаҳои сиёсии гурӯҳҳои манфиатхоҳ суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда буданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барқарории сулҳу ваҳдат барои сарнавишти мардум ба саҳнаи сиёсат ворид гардида, фаъолияти худро оғоз намуд ва “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и  Пешвои миллат ҷомаи амал пӯшид.  Кӯшишу талошҳо ва ҷонифидоиву ҷасорати Пешвои миллат омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якмаромӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии маҳз ҳамин шахсият аст.

Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи муҳимми даврони соҳибистиқлолии кишвар барои муттаҳид намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.

Бояд зикр намуд, ки баъд аз барқарории сулҳ ва Ваҳдати миллӣ дар назди Сарвари давлат масъалаи таҳкими сулҳу ваҳдат ва ба василаи таъмини рушди кишвар пойдор намудани ваҳдати эҳёгардида ба вуҷуд омада буд. Дар ин самт Роҳбарияти олии давлат ба воситаи бунёди нақбу роҳҳои азими аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дошта, заминаи воқеии таҳкими Ваҳдати миллиро асос гузошт.  Азнавсозии роҳҳои мошингард ва бунёди нақбҳо дар он замони вазнин барои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалсафаи ҷиддии худро дошт. Маврид ба таъкид аст, ки тули ҳазорсолаҳо куҳҳо чун сангарҳои табиӣ, сабаби маҳдуд гадидани муносибатҳо байни минтақаҳои кишвар гардида, ягонагии ҷуғрофии мамлакатро халалдор менамуданд.  Дар синаи кӯҳҳои азим бунёд намудани нақбҳои бузург ва сохтани роҳҳои сарнавиштсоз омиле гардиданд, ки дар сарҷамъиву ягонагии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Ҳамакунун, бо гузашти солҳо мардуми Тоҷикистон амиқ дарк кардаанд, ки Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанг ба ҳисоб меравад. Имрӯз бисёр муҳим аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди ҳифзи истиқлол таҳким бахшанд ва нагузоранд, ки ба ин арзиши олӣ ва волои тоҷикон газанде расад.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити имрӯз ҳама дастовардҳои мардуми мо дар заминаи Ваҳдати миллӣ аст. Масалан, аз ҳифзи давлатдории миллӣ ва рушди он, таҳкими истиқлолу озодӣ, роҳандозии барномаҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ, муаррифии таърихи воқеии миллати тоҷик ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ҳама ба шарофат ва мавҷудияти Ваҳдати миллӣ аст.

Мусаллам аст, ки дар заминаи сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, муттаҳидии миллат тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд. Чунин таҷрибаро воқеияти сиёсии кишвари мо ба пуррагӣ собит намудааст. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як шаҳрванди кишварро зарур аст, ки дар ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ бештар талош намояд ва ба ин васила тавонад, ки рисолати миллии худро дар назди наслҳои оянда ба иҷро расонад.

Маврид ба зикр аст, ки вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон хеле мураккаб аст. Пайдоиши хатарҳои гуногун ба монанди экстремизму терроризм моро водор месозанд, ки дастоварди бузурги миллат – ваҳдату ягонагиро ҳамчун неъмати бузург  ҳифз намоем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар созем. Дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ аз ҷумла, таҳкими истиқлоли сиёсӣ ва ҳифзи Ваҳдати миллӣ ҳамеша ҳушёру зирак бошем. Дар ин раванд пайравӣ намудан ба сиёсати Ҳукумати кишвар, дастгирӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ваҳдатпарастиву муттаҳидӣ омиле мегардад, ки арзишҳои муқаддаси давлатдорӣ – истиқлол, ваҳдат ва субот аз дилхоҳ хатари ҷаҳонӣ ҳифз карда шавад.

Тағоймуродов Некрӯз,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷӣ

Чоп кунед