Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо рӯзи Ваҳдати миллӣ воқеан як рӯзи муборак, таърихӣ ва сарнавиштсоз аст.     

Дар ин росто қобили зикр аст, ки соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар як халқи кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва таҳким бахшидани он боз ҳам мушкилтар аст. Ваҳдат пеш аз ҳама ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро барои оянда дилгарм месозад, ки ин заминасози талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои беҳтар аст. Маҳз бо ҳамин мақсад, то ки миллати тоҷик ба ояндаи гулафшон ва пурбор умеди қавӣ пайдо кунад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии хеш ва Ҳукумати навтаъсисшудааш эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ барои муттаҳид шудан дар атрофи ғояи ваҳдат таклиф намуд. Ва ҳамон рӯз қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд.

Воқеан, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯзҳои равшану дилпур  душвориҳои зиёде пушти сар шуданд, вале ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад, ки ба  монанди дастовардҳои дигари миллӣ ниёз ба ҳифз дорад.

Солҳои сипаригардида барои миллати созанда ва ваҳдатофари тоҷик лаҳзаҳои тақдирсозу дастоварди назаррас ва нотакрори таърих буд. Имрӯз халқи тоҷик хуб дарк менамояд, ки ваҳдат асоси ҳастии ҳаёти онҳост ва бидуни мавҷудияти он наметавонанд истиқлолияти худро таҳким бахшанд. Ваҳдати миллӣ василаи бақо ва пойдории Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон гардид, ки ба шарофати он ободиву созандагӣ беш аз пеш вусъат ёфта истодааст.

Сулҳу субот дар сарзамини тоҷикон саҳифаи нави рушд ва ташаккули Тоҷикистони ҷавон ва мустақилро боз кард. Нақшаи чорабиниҳо барои демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, пешрафти иқтисодӣ ва дигаргунии иҷтимоӣ дар ҷамъияти тоҷикон, барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоии он, суръатбахшии ислоҳоти иқтисодӣ, беҳбуди ҳаёти аҳолӣ ва рушди минбаъдаи он идома пайдо кард.

Хуллас, дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон решаи мустаҳкам давонд ва мисли дарахти мевадор боровар гардид ва нашъунамои худро ҳоло ҳам идома медиҳад. Аммо мо бояд бидонем, ки ин дарахт ниёзи ҳамешагӣ ба обёрӣ ва нигоҳубин дорад ва бигзор обёрӣ аз чашмаи ҷон ва қалбҳои пур аз муҳаббати ҳар яки мо бошад ва мисли гавҳараки чашм мо онро ҳифз ва  нигоҳдорӣ намоем.

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст.

Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст…

                                                                                   

Ф.И. Худойдодова,

   Муовини сардори

Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ

 

Чоп кунед