Ватандӯстӣ эҳсоси олии инсонӣ буда, дар ҷаҳорчӯби арҷгузорӣ ба таърихи миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муҳаббат ба фарҳанги миллӣ асос меёбад. Ватандӯст шахсест, ки дар сатҳи миллӣ меандешад ва дар миқёси миллӣ фаъолият мекунад. Дар ин замина қобили зикр аст, ки ҳисси ватандӯстӣ танҳо хусусияти психологӣ надошта, дарки амиқи масъулияти инсонро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар баробари хусусияти эҳсосии ватандустӣ, шахси ватандӯст як зумра амалҳоеро анҷом медиҳад, ки баёнгар ва ё нишондиҳандаи ин эҳсосот дониста мешавад. Ҳифзи марзу буми ватан, риоя ва ташвиқи арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги миллӣ, аз он нуктаҳое мебошанд, ки сатҳ ва дараҷаи ватандӯстии инсонро нишон медиҳанд.

Ҷаҳони имрӯза дар шароити рушди босуръати технологӣ ташаккул меёбад. Ин хусусияти рушди глобалӣ бевосита сохти анъанавии башариро тағйир дода, сарҳадҳои фарҳангию тамаддуниро аз байн мебарад. Дар чунин раванди ҷаҳонишавӣ арзишҳои милливу тамаддунӣ зери таҳдид қарор гирифта, фарҳанги хориҷӣ ба фарҳанги миллӣ фишор меорад. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамҷун ҷузъи равандҳои байналмилалӣ аз ин таҳдидҳо эмин буда наметавонад. Рушди технологӣ ва дастрасии васеъ ба интернету иттилооти хориҷӣ, раванди шиносоии ҷомеаи тоҷикистониро ба арзишҳои хориҷӣ ба вуҷуд оварда, таъсири онҳоро ба сатҳи тафаккур ва шинохти миллӣ меафзояд. Дар ин раванд, бинобар хусусиятҳои психологӣ ва таҷрибавӣ, махсусан, қишри ҷавонони мамлакат осебпазир дониста мешаванд. Бо назардошти он, ки махсусан ҷавонон аз назари мафкуравӣ ва интихоби роҳи ҳаёт дар як марҳилаи шаклгирӣ қарор доранд, гароиши онҳо ба арзишҳо ва фарҳанги бегона осонтар сурат мегирад. Вобаста ба ин, кишварҳои манфиатдор маъмулан ба ин усул такя намуда, тарғиби идеологияи худро мақсаднок ба ҳамин қишри ҷомеа равона месозанд.

Дар ин замина, надонистани таърихи миллати худ, арзишҳои миллӣ, забони миллӣ ва нашинохтани фарҳанги миллӣ аз он омилҳоест, ки дар шаклгирии ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон таъсири манфӣ хоҳад дошт. Бинобар ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи давлат ба ҳисоб мераванд ва ба ин қишри ҷомеа бояд тавваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Бо ин мақсад, китоби ҷаҳоншумули “Тоҷикон” бо супориши махсуси Пешвои миллат нашр гардида, ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим карда шуд. Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба арзишҳо ва фарҳанги бегона ҳукумати мамлакат як қатор иқдомҳои ҷиддиро дар ин самт амалӣ намуда истодаанд. Таблиғ ва ҷашнгирии бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ, аз қабили “Наврӯз”, эҳёи идҳои анъанавии миллӣ аз қабили ҷашни Сада ва Меҳргон, тарғиби либоси миллӣ ва пешгирии пайравӣ аз либосҳои ба фарҳанги мо бегона, таблиғи забони тоҷикӣ ва даъват ба омӯзиши адабиёти тоҷик аз он иқдомҳое ба ҳисоб мераванд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд.

Дар баробари ин, нақш ва ҷойгоҳи мактабу маориф дар тарбияи насли наврас ва ташаккули эҳсоси солиму фарогири ватандӯстӣ беандоза аст. Маҳз мактаб сарчашмаи дониши бунёдӣ буда, дар доираи он донишу тафаккур ва эҳсосу худшиносӣ замина мегирад.

Таълиму тарбияи миллӣ яке аз масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи замони муосир ба ҳисоб рафта, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимиоию сиёсиро фаро мегирад. Махсусан, мактаб дар таълиму тарбияи миллӣ ва азхудкунии арзишҳову баландбардории худогоҳии миллӣ нақши муҳим мебозад. Имрӯз дастовардҳои даврони истиқлолият водор месозанд, ки сохторҳои масъул барои баланд бардоштани сатҳи дониши наслҳои оянда талош варзида, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт корҳои  таълимию тарбиявиро дуруст ба роҳ монанд. Махсусан, такмили сифати таълиму тарбия ва дигар усулҳое бояд корбурд шаванд, ки онҳо на танҳо дар муассисахои таълимӣ ба кор бурда шаванд, балки дар осорхонаю китобхона ва дигар муассисаҳои гуногуни  иҷтимоию фарҳангӣ пайваста ташвиқу тарғиб ёбанд.

Пеш аз ҳама, ба роҳ мондани сиёсати миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими таълиму тарбияи миллӣ мебошад, ки дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, хуввияти миллӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳад. Чунин шаҳрванд қодир аст, ки дар пояи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд, нисбати зуҳуроти манфии ҷомеа аз лиҳози танқидӣ назар кунад, ватани хешро дӯст дорад ва манфиатҳои онро ҳимоя намояд ва дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Мақсаду вазифаҳои ниҳоии тарбияи миллӣ ташаккули инсони комил, соҳиби нангу номуси миллӣ ва ифодагари симои зехнию маънавӣ, ахлокӣ, фарҳангӣ  ва арзишҳои дигари инсонӣ  бошад.

Маънои асосии тарбияи миллӣ –  ин тарбияи шаҳрвандони кишвар аст, ки бевосита ба сиёсати миллӣ вобастагӣ дорад. Сиёсати миллӣ бошад, сиёсати давлату ҳукумат барои  комёб гардидан ба сатҳи баланди зиндагӣ ва пешрафти кишвар мебошад, ки мақоми таълиму тарбия ва дӯрнамои рушди миллатро муайян менамояд.

Дар ин замина, бо дарёфти тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар руҳияи миллӣ, ки махсусан аз мактаб ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарчашма мегирад, дар онҳо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шинохти арзишҳои миллиро ташаккул дода, онҳоро ба ҳайси сипари манфиатҳои миллӣ ва гиромидошти фарҳанги милливу аҷдодӣ ба воя мерасонад.

Тавре иброз гашт, дар шароити мураккаби равандҳои сиёсии замони муосир ҳар як инсон зери таъсири омилҳои гуногуни идеологиву арзишӣ қарор мегирад. Гурӯҳҳои гуногуни носолим кӯшиш менамоянд, ки мафкураи инсонҳоро ба ҳавзаи мафкуравию ифротии худ қарор дода, онҳоро дар пешбурди манфиатҳои худ истифода намоянд. Дар ин радиф, махсусан ҷавонон ба қишри осебпазир тааллуқ дошта, бинобар заифии идеологӣ ва норасоии таҷрибавӣ ҷавонон метавонанд зери таъсири ин гуна ҳаракатҳо қарор бигиранд.

Бо дарназардошти ин, аз ҷониби ҳукумати марказӣ як қатор барномаҳову лоиҳаҳои мушаххас баҳри таҳкими мафкуравӣ ва огоҳии сиёсии ҷавонон роҳандозӣ карда мешавад. Таҳияи барномаҳои мақсадноки телевизионӣ, баргузор намудани семинар-машваратҳои таълимӣ ва анҷоми сӯҳбатҳову мулоқотҳо дар ин самт нақши муассир дошта, дар шаклгирии ҷавонон мусоидат менамоянд.

Бо назардошти хусусияти равандҳои муосир эҳсоси ватандӯстӣ бояд огоҳона ба роҳмонда шуда, дар асоси шинохти воқеии арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ сурат гирад. Маҳз дар сурати шинохти воқеии равандҳо, арзишҳо ва манфиатҳо, инсон ба сатҳи зарурии зиракии сиёсӣ ноил гардида, дар ҳифзи фарҳанг, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ нақши ҷиддӣ хоҳад дошт. Чунин гузариш аз сатҳи эҳсосӣ ба дараҷаи огоҳонаи ватандӯстӣ боиси ташаккули зиракии сиёсӣ гардида, ҷавонон ба объекти таъсири фарҳанг ва арзишҳои ба миллати мо бегона табдил намеёбанд.

Некрӯз Тағоймуродов,
мутахассиси Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед