Устувории низоми ҳифзи иҷтимоӣ яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодӣ ва суботи сиёсии ҳар кишвар ба ҳисоб меравад. Беҳуда нест, ки дар ҳама давру замон сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҳар як кишвар маҳз аз рӯйи ҳифзи иҷтимоӣ, бахусус кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасониҳо иҷтимоӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ ва аз рӯйи сатҳи зиндагии аҳолӣ баҳогузорӣ мегардад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва системаи амалӣ намудани он аз меъёрҳои конститутсионию ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон маншаъ мегиранд. Мафҳуми «ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» инъикоску­нандаи муносибатҳои тарафайни давлат ва тамоми табақаҳои ҷомеа мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 ноябри соли 1993 ба Конвенсияи № 142 / 150  (1975) Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат “Дар бораи рушди захираи инсони” ҳамроҳ шуд, ки тибқи он давлат ба дӯши худ уҳдадорӣ гирифт, ки ҷиҳати таъмини зиндагии арзанда шароити мусоид фароҳам меоварад. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як фарди ҷомеа шароити мусоид ва арзандаи зиндагӣ ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Таъмини кафолат ва пардохти иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои зерини аҳолӣ расонида мешаванд: ҳангоми пиронсолӣ, беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, бекории муваққатӣ, маҳрум шудан аз сарпараст, бекорӣ, камбизоатӣ, таваллуди кӯдак, фавти инсон, солимгардонӣ ва ѓайра. Инҳо ҳолатҳое ҳастанд, эҳтимолияти дигаршавии ҳар як фард ба онҳо вудорад. Пас таъмини иҷтимоӣ хусусияти умумиҷамъиятӣ дошта, бо имкониятҳои баробар ҳар фард дар сурати ба миён омадани зарурат ва доштани асос, бояд аз навъҳои гуногуни таъминоти иҷтимоӣ истифода карда тавонад.

Ҳифзи иҷтимоии онҳо яке аз масъалаҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки тайи солҳои охир мунтазаман ҳаҷми умумии маблаѓҳои ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ батадрич меафзояд. Масалан, буҷети соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ҳашт соли охир аз 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ (соли 2013) ба 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (соли 2020) расидааст.

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки

–  ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд;

– дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд.

Имрӯз сатҳи сирояти хуруҷи бемории COVID-19 коҳиш ёфта, барои пешгирии мавҷи навбатии нав Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро андешидааст. Зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои кишт, аз ҷумлаи чунин тадбирҳост.

Бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони ҷумҳурӣ аз пардохти андози ягонаи замин дар соли 2021 ба муҳлати як сол озод карда шаванд.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки на танҳо нишондиҳандаҳои рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам беҳтару хубтар гарданд, балки сатҳи таъмини дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ѓизоӣ ба ҳар сар аҳолӣ ба маротиб зиёд гардида, боиси расидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими кишвар, таъмини амнияти  озуқаворӣ мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, ба хусус раванди маъюбиятро дар кишвар ба назари эътибор гирифта, онро ба “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ворид намуд.

Яке аз унсурҳои муҳим, ки раванди ба танзимдарории сатҳи зиндагии аҳолиро ба низом медарорад, кифоя будани даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки тайи солҳои истиқлолияти ҷумҳурӣ вазъи зиндагии маъюбон дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, ҳамасола андозаи нафақаи онҳо зиёд мегардад.

Ҷиҳати беҳтар намудани вазъи зиндагии маъюбон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 фоиз зиёд карда мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад.

Ф. Насриддинов  и.в. сардори Раёсати

  тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ     

Чоп кунед