Чин ва Тоҷикистон асрҳо боз ҳамсоя буда, сарнавишти ягона доранд ва Роҳи бузурги Абрешим дар муддати беш аз ду ҳазор сол аз ин шаҳодат медиҳад. Дар сарзамини тоҷик дар замони сулолаи Хан, Чжан Тсян, роҳиби танӣ Сюантсзан ва дипломати минӣ Чен Чен нақши нек гузошта буданд. Тоҷирони суғдӣ масофаи ниҳоят тӯлониро дар минтақаи Авруосиё тай намуда, пули тиҷоратиро ба вуҷуд оварданд, ки он Чин, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Аврупоро ба ҳам пайваст ва ҳамин тавр, ин тоҷирон ба раванди табодули ҳамаҷонибаи байнитамаддунӣ ва ғанӣ гардонидани мардумон дар масири роҳи Бузурги Абрешим саҳм гузоштанд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Си ҶИНПИН

Дар замони муосир, ки раванди геополитикии ҷаҳон ҳамеша дар ҳолати таҳавул ҳаст, муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин як намунаи барҷастаи ҳамкории мутақобиланд судманд ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд Тоҷикистону Чин дорои таърих, фарҳанг ва системаи сиёсии мухталиф мебошанд, вале муносибатҳои дуҷонибаеро ба роҳ монданд, ки ҷавобгӯи манфиатҳои тарафайн мебошанд.

Аммо новобаста аз гуногуни ин ду давлати дусту бародар муштаракоти зиёди таърихиро соҳибанд. Ҳарду миллати қадимаанд ва собиқаи таърихии 5-6 ҳасорсола доранд. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин реша дар умқи таърих дошта ба “Роҳи бузурги Абрешим”, ки зиёда аз 2 ҳазор сол таърихро молик аст пайванди амиқу бевосита дорад.

Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа» мусоҳиба анҷом додаанд. Дар ин мусоҳиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд- як роҳ) дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи мавқеи Созмони Ҳамкории Шанхай барои муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ – Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин, дигар самтҳои равобити дуҷониба ба саволҳои хабарнигорони Чин посухҳои машаххасу пурмуҳтаво доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саволи хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа» ҷавоб дода аз ҷумла чунин қайд намуданд:

“Мардумони тоҷику чинӣ дар давоми асрҳои зиёд ҳамсояи вафодор будани худро борҳо исбот кардаанд. Аз ин рӯ, мо, ворисони ин дӯстии бузургро зарур аст, ки ин анъанаи некро идома дода, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем”.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шуданд. Ҳангоми мусоҳиба бо Агентии иттилоотии «Синхуа» Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки “боиси хушнудӣ аст, ки давоми беш аз 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамёрии Тоҷикистону Чин дар самтҳои ҳамсоягии наку, дӯстӣ ва дастгирию эътимоди мутақобила устуворона рушд менамояд”.

Боварии комил дорем, ки ҳамкориҳои гуногунсамтаи ду кишвари дусту бародар бо такя ба таҷрибаи таърихии то имрӯз мавҷудбуда минбаъд низ густариш ёфта ба манфияти ду давлат хизмат менамояд.

Соли 2017 ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаи баимзорасида ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бароварда шуд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар ҳошияи сафарашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” мақолаашонро таҳти унвони “Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон” ба нашр расониданд. Дар ин мақола аз ҷумла чунин қайд намудаанд “Дар ин рӯзҳои фараҳбахши тобистон ман бо даъвати Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари давлатӣ омадам. Ин сафари сеюми ман ба Тоҷикистони афсонавӣ хоҳад буд. Бори охир ман панҷ сол пеш ба Тоҷикистон сафар карда будам. Чунончи шоири маъруфи тоҷик Рӯдакӣ фармудааст: «Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон, Бартар аз дидори рӯи дӯстон». Ҳамин гуна дидорбинӣ бо Президент Эмомалӣ Раҳмон мехоҳам доир намоям, то ки уфуқҳои нави муносибатҳои Чину Тоҷикистон боз гардад”.

Дар мақолаашон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин сухан гуфта аз рушди ин муносибатҳо, ки барои ҳардуҷониб судманд мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуда, бо ифтихор ҷунин менигоранд: “Бо барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ 32 сол қабл Чин ва Тоҷикистон дар таърихи бисёрасраи дӯстӣ саҳифаи нав боз намуданд. Аз он давра дар муддати 32 сол муносибатҳои Чину Тоҷикистон аз ин имтиҳон дар айёми мураккаби байналмилалӣ гузашта, торафт мустаҳкам мешаванд ва аз ҳамсоягии нек ба шарикии беназири стратегӣ табдил меёбанд. Кушиши мо барои ташаккул додани ҷомеаи сарнавишти ягонаи Чин ва Тоҷикистон намунаи хуби барқарор намудани муносибатҳо байни кишварҳои ҳамсоя мебошад” .

Дар давраҳои мушкили вабои аср “COVID-19” Тоҷикистону Чин якдигарро дастгирӣ намуданд. Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 400 ҳазор ниқоби тиббӣ фиристод, Чин бошад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ваксина муқобили бемории ҳамагири “COVID-19” кумак расонид. Дар ин мақола Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки дар АМИТ “Ховар” ба нашр расидааст аз ҷумла чунин мегуяд: “Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем. Дар давраи пандемияи «COVID-19» мо паҳлӯи ҳам истода, ба вируси даҳшатнок муқовимат намудем ва якҷо ин мушкилиро паси сар кардем. Пешниҳоди тарафайни молҳои зиддиэпидемӣ, ба Тоҷикистон омадани гурӯҳи табибон ва мутахассисони Чин барои расонидани кумак дар мубориза бо пандемия, имконият доданд, ки пеши роҳи каронавирус гирифта шавад. Ба шарофати гуфтугӯи фаврӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада кори мунтазами гузаргоҳи Қаросу-Кулма таъмин гардид ва чун шоҳраги пайвасткунандаи Чин ва Тоҷикистон дар шароити пандемия якзайл фаъол буд.”

Рафти ҳамкориҳо дар равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳарду кишвари дуст ба он далел асос меёбад, ки баъди интихоб шуданашон ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сарони давлатҳои олам нахустин шуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳузур пазируфт. Дар сатҳи байналмилалӣ дар майдонҳои СММ, СҲШ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилаӣ Тоҷикистону Чин дар бисёр масъалаҳо мавқеи яксон ё ба ҳамдигар наздик доранд. Андешаи мазкур дар мақолаи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ба ин тарз баён шудааст: “Мо дар саҳнаи байналмилалӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем, ташаббусҳои якдигарро фаъолона дастгирӣ мекунем, низоми марказии байналмилалии СММ ва тартиботи ҷаҳонии ба ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро дар асоси талаботи Низомномаи СММ қатъиян дастгирӣ менамоем”.

Ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва ҳамкориҳо дар соҳаи бехатирию амният дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар СҲШ ба роҳ монда шудаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа» доир ба СҲШ чунин посух дод: “Бо натиҷагирӣ аз роҳи тайкардаи СҲШ дар давоми 23 соли мавҷудияти худ метавон ба хулосае омад, ки кишварҳои аъзои ин созмони фароминтақавӣ тавонистанд намунаи шарикии мутақобилан судмандро бунёд кунанд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи кишварҳо ва тасмимгириҳо дар асоси ризоияти муштарак таъмин карда мешавад. Принсипҳои «Руҳи Шанхай», ки эътимоду манфиати мутақобила ва баробарҳуқуқиро таҷассум мекунанд, дар муштаракоти мо дар доираи СҲШ асосӣ мебошанд.

Имрӯз дар назди СҲШ вазифаи душвор – таъмини рушди устувори минтақа ва муборизаи дастҷамъона бо хатару таҳдидҳои муқобили ҳамаи мо дар шароити мураккаби сиёсати муосири ҷаҳонӣ истодааст.

Табиист, ки дар фаъолияти СҲШ масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо қувваҳои «се бадӣ» аввалиндараҷа боқӣ мемонад.

Саҳми СҲШ дар бунёди сохтори амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сол аз сол бештар гардида, созмон ба намунаи татбиқи тасмимҳои амнияти устувор дар сатҳи минтақа табдил ёфтааст.

Имрӯзҳо талошҳои кишварҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ, сепаратизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ пайваста таҳким бахшида мешавад.”

Дар зарфи 9 моҳи соли 2023 дар раддабандии сохтори гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи 2-юм қарор дорад. Ҳиссааи Чин дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 20,7% ташкил медиҳад. Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Табодули мол миёни ду давлат ба тадриҷ афзоиш меёбад. Агар дар соли 1993 ҳаҷми муомилоти мол байни ду кишвар 10,7 млн доллари ИМА ва дар соли 2003 32,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, солҳои охир ин нишондиҳанда ба 2 млрд доллари ИМА расидааст.

Дар мусоҳиба бо Агентии иттилоотии «Синхуа» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон чунин иброз дошт: “Ба шарофати талошҳои муштарак иқтисоди Тоҷикистону Чин ҳамдигарро дар амал мукаммал менамоянд. Чанд сол пеш аз ин мо ҳатто тасаввур карда наметавонистем, ки тиҷорати тарафайни мо аз якуним миллиард мегузарад. Боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз муомилоти мол байни кишварҳои мо аллакай тақрибан ба 4 миллиард доллар расидааст.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад. Давоми даҳ соли охир ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи беш аз 4 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ҷалб шудааст, ки 1,5 миллиард доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Сармоягузориҳои Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, энергетика, нақлиёт, металлургия ва кишоварзӣ пайваста афзоиш меёбанд. Онҳо инчунин ба таъсиси паркҳои саноатӣ ва корхонаҳои муштарак нигаронида шудаанд. Айни ҳол дар Тоҷикистон дар ин бахшҳо беш аз 500 лоиҳа бо иштироки Чин татбиқ шуда, инчунин беш аз 700 корхонаи муштарак бо сармоягузории Чин фаъолият доранд.”

Раёсати таъминоти иттилоотӣ

Чоп кунед