Ватани аслии Наврӯзи оламафрӯз сарзамини Ориёни бостонӣ, яъне Эронзамини таърихӣ (Аҷам) мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки ин ҷашни бостониро Наврӯзи Аҷам низ меноманд. Номи Наврӯз, ки калимаи форсии тоҷикӣ мебошад ва ба маънои Рӯзи нав аст, аз он шаҳодат медиҳад, ки мардумони ориёитабори форсу тоҷик асосгузори ин ҷашни фархунда мебошанд ва дар ин ҷойи шакку шубҳае нест ва тайи қарнҳои гузашта як қатор қавмҳои ғайриориёӣ, бахусус туркнажодон, ин ойини бостонии моро чун суннати миллии худ пазируфтаанд ва онро таҷлил мекунанд.

Далели дигар ин аст, ки Наврӯз дар рӯзгори ҳеҷ ягон халқи дигари ҷаҳон ба андозаи ақвоми ориёитабор, ба вижа тоҷикону эрониён бо тамоми ҷузъиёту куллиёти суннатҳояш мақом надорад ва маърифати зиндагии онҳоро ифода намекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз бо тору пуди мардуми мо танида шудааст ва пеш аз ҳама, орзую омол ва зиндагию ҷаҳонбинии моро ифода мекунад.

Далели сеюм он аст, ки Наврӯз густариши ҳусну зебоӣ дар табиат, ҷомеа ва тафаккуру андешаи одамӣ мебошад. Сарзамини Ориёни бостонӣ асосаш кӯҳистон аст, хосса ватани тоҷикон. Кӯҳистон макони оби тоза, сарчашмаи пиряхҳои нодир, барфистон, ҷангалистон, сарчашмаи рӯдҳо, лонаҳои парандагону ҳайвоноти нодири олам, кони лаълу сарватҳои нодири ҷаҳон, яъне ҳар он чи ки асл асту асолатро парварида. Ҳатто хоки кӯҳистон саду як рангубор дорад, онро бо роҳи сунъӣ наметавон ҳосил кард. Оби кӯҳистон шифобахшу ҷонпарвар аст. Ин ҳама нишонаҳои зебоӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки агар зодгоҳ ва меҳани Наврӯзро кӯҳистон ҳисобем, дар нисбати водию дашту саҳро ғалат нахоҳад шуд.

Як далели дигар. Вақте ки адабиёти халқҳои ҷаҳонро варақ мезанем, дар ҳеҷ кадоми онҳо ба андозаи адабиёти форсу тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо тамоми зебоию шаҳоматаш тавсиф ва тараннум нагардидааст. Аз ин ҷо ногузир ба хулосае меоем, ки умри Наврӯз бо умри сухан ва ҳусну малоҳати зиндагӣ баробар аст, яъне Наврӯз бо каломи зебо ва умуман, зебоӣ пайванди азалӣ дорад. Бинобар ин, мардуми ориёӣ ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки гӯяд: «Зодгоҳи Наврӯз сарзамини қавмҳои ориёист» ва пеш аз ҳама, Тоҷикистони азиз аст. Сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таҳқиқоти пажӯҳишгарон дурустии ин ҳақиқатро собит намудаанд.

Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани ҳақиқати ҳол мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».

Дар тӯли таърих замонаҳо ва зимомдорони он тағйир ёфтаанд, давлатҳои абадқудрат ва тоҷу тахти шоҳони ҷаҳонхоҳ вожгун гардид, вале Наврӯзи оламоро дар сайёраи Замин то ба ин замон боқӣ монд, зеро он ба мазҳабе ва ба миллате вобастагӣ надорад, баръакс, парварандаи некиҳои зиндагӣ, ризқу рӯзии мардум, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагии инсон аст. Ҳар он чи ки бар зарари зиндагию инсон аст, миранда ва нестшаванда хоҳад буд. Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку ғанӣ ва сабзу хуррам нигоҳ медорад, пайваста ба сарзаминҳои нав ба нав доман паҳн мекунад ва густариш меёбад ва ҷаҳонӣ мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки 18 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор ёфт. Дар қатъномаи СММ гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Соли 2016 ба қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки рӯзҳои 28 ва 2 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид. Дар ин кори хайру наҷиб саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Худи Пешвои миллат дар ин мавриди мақоми байналмилалӣ гирифтани ҷашни Наврӯз барҳақ чунин изҳори андеша намудааст: “Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудию шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд.

Бояд гуфт, ки ҳар ҷашну маросим ҳикмат ва баракате дорад. Хусусан Наврӯз, ки маҷмӯае аз андӯхтаҳои ҳакимонаи халқу миллатҳои куҳанбунёд мебошад, ҷашнест, ки зиндагию рӯшноӣ, некию накукорӣ, сулҳу созандагиро меситояд ва мақоми инсонро азизу гиромӣ медорад.

Мо бисёр хушҳолу сарбаланд ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашни воқеан мардумиро чун дастоварди бузурги хиради башар пазируфтааст ва итминон дорем, ки он воситаи пуртаъсире барои таҳкими сулҳу субот ва оромию ободӣ дар дунёи муосир хоҳад буд». (Ниг. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе,21.03.2016, сомонаи интернетӣ: www. president.tj).

Наврӯзи ҷаҳонафрӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки бо фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказӣ низ бо ҳамин ном гузаштааст. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз омада расидааст.

Дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ роҷеъ ба пайдоиши Наврӯз маълумоти гуногунро дода шудааст. Донишманди маъруфи эронӣ Ризо Шаъбонӣ ба асари «Ҷусторе чанд дар фарҳанги Эрон»-и доктор Меҳрдоди Баҳор такя карда, нишонаи аввалини Наврӯзро ба замони салтанати хонадони Ур, яъне дар ҳазораи сеюми пеш аз милод мансуб медонад. Ва ҳамчунин меафзояд, ки дар Эрони Бостон ду иди бузург вуҷуд доштааст, яке иди офариниш дар оғози пойиз (тирамоҳ) ва дигаре чун боззойӣ ва баракатбахш (баҳорӣ). (Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз. Душанбе: Пайванд, 2008, саҳ. 22)

Инчунин, доир ба пайдоиши Наврӯз ҳикояту ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Яке аз онҳоро ба дарахти найшакарро дарёфтани шоҳ Ҷамшед ва тавлиди шакар вобаста медонанд. Дигаре чунин аст, ки гӯё дар Батиҳа (шаҳре дар миёни Басра ва Васит) вабое падид меояду мардум саросар нобуд мешаванд ва макони зисташонро тарк мекунанд. Худо бороне мефиристад, ҳама офият меёбанд ва ба зистгоҳашон бармегарданд ва подшоҳи замон он рӯзро Наврӯз меномад.

Ҳамчунин, эрониён пайдоиши Наврӯзро ба зодрӯзи Каюмарсу Ҳушанг, шоҳи Пешдодиён, Зардушт, девонро мағлуб кардани Таҳмурас, Эронзаминро бо писаронаш Эраҷу Сому Тӯр тақсим кардани шоҳ Фаридун ва ғайра нисбат медиҳанд. Донишманди маъруфи эронӣ Меҳрдоди Баҳор дар ин маврид қайд кардааст: “Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар адабиёти динии зардуштӣ сухане аз Наврӯзу Меҳргон ва идҳои бузурги миллӣ нест ва ин ҷашнҳои миллӣ ё бумӣ пеш аз асри ориёӣ будааст” (ниг. Ризо Шаъбонӣ. Одоб ва русуми Наврӯз. Душанбе: Пайванд, 2008, саҳ. 22).

Муаллифони рисолаи «Ҷашни Наврӯз» собиқаи ин идро бештар аз чаҳор ҳазор сол, Саъдии Қосимӣ ва Бобоҷони Ҳабибуллоҳ бештар аз се ҳазор сол меҳисобанд. Ризо Шаъбонӣ пайдоиши Наврӯзро бист қарн пеш аз милод тахмин задааст. Албатта, ин гуна маълумот тахминӣ буда, табиист, ки соли пайдоиши онро муқаррар кардан, азбаски ба солшумориҳои гуногун вобастагӣ дорад ва хеле қадимӣ мебошад, мушкил аст.

Аз мазмуну мантиқи ин ҳама маълумот ду нуктае бармеояд: Наврӯз ҷашни қадимаи мардуми ориёитабор аст, он оғози зиндагии нав, ҷавонии ҷаҳон, ғалабаи гармию рӯшаниро ба сардию торикӣ ифода менамояд. Муҳим ин аст, ки аз ҷумлаи нишонаҳои фарҳанги миллии мо будааст ва аксар сарчашмаҳои қадим поягузори ин ҷашни фархундаро шоҳаншоҳи бузурги Эрон–Ҷамшед донистаанд. Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар боби пайдоиши Наврӯз дар замони Ҷамшед мегӯяд:

Ҳама карданиҳо чу омад падид,
Ту гуфтӣ ҷуз аз хештанро надид.
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нишохт.
Ки чун хостӣ, дев бардоштӣ,
Зи ҳомун ба гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво,
Нишаста бар-ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гуҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Сари соли нав–Ҳурмузи фарвадин
Баросуда аз ранҷтан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.

 Тоҷикон аз қадимтарин мардумони ориёӣ мебошанд, ки дар сарзамини Варорӯд (Мовароуннаҳр) сукунат варзида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург доранд. Гузаштаҳои таърихӣ ва фарҳангии муштараки онҳо бо халқҳои ориёӣ аз пайвандҳои устувори фарҳангиашон бо мардумони Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон ба шумор меравад. Унсурҳои ин муштаракоти фарҳангӣ маросим ва ҷашнҳои анъанавист ва Наврӯз аз шукӯҳмандтарин ва волотарини онҳост. Суғдиён, ки аз қавмҳои бостонии ориёӣ мебошанд ва аз гузаштагони аслии тоҷиконанд, ҷашни Наврӯзро аз қадимулайём бошукӯҳ ва тантанаи хос таҷлил менамуданд.

Тибқи маълумоти китоби «Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо», Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик мебошад. Бешубҳа, имрӯзҳо тоҷикон онро беҳтар аз ҳамаи дигар ориёитаборон баргузор мекунанд. Наврӯз дар миёни тоҷикон аз даврони бостон барҷой мондааст, ки афсонаҳо ва ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад. Дар қадим мардуми Бухоро бист рӯз пеш аз Наврӯз ва соли нав «наврӯзбозор» тартиб медоданд. Дар ин бозор аз ҳар ҷо маҳсулот барои фурӯш меоварданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз мардум бар марги Сиёвуш сӯгворӣ мекарданд. Маъмулан, ин ва дигар ойинҳои наврӯзӣ дар ҷашнгоҳҳо ва ҷойҳои кушода барпо мегардиданд ва бо созу наво ва рақсу бозӣ ҳамроҳ буданд. Ойини Чоршанбесурӣ, ки акнун дар миёни эрониён ривоҷ дорад, дар миёни тоҷикон низ вуҷуд дошт. Ин ойинро мардум дар ҷашнгоҳ барпо мекарданд. Онҳо гулхан меафрӯхтанд, ки равшании он то дурдастҳоро равшан мегардонид.

Дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон баргузории ҷашни Наврӯз мамнӯъ буд. Он ба ҳайси ҷашни фарорасиии фасли баҳор ва мавсими кишту кор таҷлил карда мешуд. Бо вуҷуди ин, мардум ҷашни наврӯзиро ба таври пинҳонӣ баргузор мекарданд. Рӯшанфикрони тоҷик аз даҳаи 1960-уми милодӣ сар карда, Наврӯзро бо унвони «Ҷашни оғози кишту кори баҳорӣ», «Ҷашни деҳқонон ва эхёи табиат» муаррифӣ мекарданд. Мувофиқи навиштаи Мирбобо Мирраҳим, Ҳукумати Шӯравӣ танҳо дар соли 1980 баргузории аввалин ҷашнро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дод.

Бо эъломи Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 ин ҷашни бостонӣ дубора эҳё шуд ва ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз василаи баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузаштаи миллат табдил ёфтааст. Соли 2012-ум Наврӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷашни байналмилалӣ баргузор гардид.

Ин гуна гузариш аз “наврӯзситезӣ”-и ҳокимони шӯравӣ ба «наврӯзмеҳварӣ» ба осонӣ ба даст наомадааст. Новобаста ба он ки дар замони Шӯравӣ мардум худсарона Наврӯзро ҷашн мегирифтанд, кӯшиш мешуд, ки ин ойинро аз ёду хаёли мардум зудуда кунанд. Ҳадди аксар, Наврӯз дар он давра чун ҷашни кишоварзӣ ё «Бобои Деҳқон» муайян карда мешуд ва ба дигар расму боварҳои марбут ба он чун бозмондаҳои феодалӣ мубориза мебурданд. Аз ҷумлаи суннатҳое, ки дар даврони Шӯравӣ иҷро мешуданд, сабзонидани гандум, пухтани суманак ва намоиши «Арӯси баҳор» буданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо Наврӯз ва ойинҳои куҳану маҳаллии он ҷашн гирифта ва эҳё карда шуданд, балки бо мусоидати мақомоти давлатӣ дар мавриди бозшинохт ва аз ин роҳ эҳё кардани ойину рамзиёти аслиии ин ҷашн олимони тоҷик корҳои арзандаеро ба анҷом расониданд.  (Ниг. Наврӯз: дирӯз, имрӯз, фардо.–Душанбе: «Дониш», 2013, саҳ. 73–74).

Оре, ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақому манзалати баландеро соҳиб гардид ва дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаомат таҷлил карда мешавад. Дар эҳё ва пайдо кардани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хидмати Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ин ҷашни бостонӣ на танҳо дар сатҳи кишварию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз тайи чанд соли охир дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбеи Тоҷикистон, Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон ботантана ва шукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Аз ин нуқтаи назар Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро метавонем «Эҳёгари Наврӯз» номем.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар ҳар минтақаи Тоҷикистон вижагиҳои хос дорад, вале аз ҳама бештару асилтар ин ҷашни миллии ориёӣ дар байни мардумони навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мондааст. Донишманди тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Д.Карамшоев дар осори арзишманди илмии худ дар ин бора маълумоти арзишманд додааст. Ӯ қайд кардааст, ки дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшони Бадахшон дар гузашта дар остонаи ҷашни Наврӯз (17–18 феврал) маросиме таҳти унвони «Ҷашни хурд» ва «Ҷашни атола», баргузор мегардид. Тибқи тақвими кишоварзие, дар он рӯзҳо мутобиқи аъзои бадан шумурда мешуд, пас аз чиллаи зимистон навъи ҳисобе бо номи «Офтоб дар мард» (аз нохун то фарқи сар) оғоз мешуд ва чун ҳисоб ба камару миён расад, ин замонро дар дараи Хингов «камарбанди Наврӯз» меноманд. Бояд гуфт, ки мардуми ориёинажоди осетин низ як ҳафта пеш аз Наврӯз ҷашне доранд, ки онро «Цин-пурс» меноманд. Профессор А.К.Писарчик дар осори илмии худ зикр намудааст, ки ҳам мардуми Аврупо ва ҳам Осиё чанд навъи дарахтро муқаддас шумурда, дар ҷашнҳои баҳорӣ ҳамчун рамз ба кор мебаранд. Аз ҷумла барои насрониён арчаи ҳамешасабз ва барои мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, бед нишони оғози соли нав шумурда мешуд. Дарахти бедро дар Варзоб «азизи Худо» меноманд. Дар Бадахшон низ дарахти бед муқаддас шумурда шуда, зебу зинати амокини муқаддас аст ва баргу шохаҳои онро зери по кардан гуноҳ дониста мешавад. Аз шохаҳои бед сихҳои борик тарошида, ба сари онҳо пахта печонда, дар маросимҳои динӣ (идҳои Рамазону Қурбон ва маросими «Чароғравшан») дармегиронанд. Дар навоҳии Шуғону Рӯшон дар остонаи ҷашни Наврӯз шохаи сабзи бедро бурида, бо корд пӯсташро тасма-тасма мебуранд, то шабеҳи зулф шавад, ки онро «каҷак» меноманд. Пас онро ба даст гирифта, «Шогуни баҳор муборак!» гуфта, вориди хона мешаванд ва соҳиби хона дар ҷавоб «Бар рӯйи шумо муборак!» мегӯяд ва каҷакро гирифта, ба тоқе гузошта, то соли дигар нигоҳ медорад. Дар навоҳии Ишкошиму Вахон ҳам дар Наврӯз чун нишони сарсабзӣ навдаи бед ва ҳам каҷакро вориди хона мекунанд. Профессор А.К.Писарчик зикр кардааст, ки маросими муқаддас донистани бед дар кӯҳистони Бадахшон ба ҷашни кишоварзии «Верба»-и мардуми аврупоӣ ва славянӣ шабеҳ аст. Аз назари этимологӣ низ вожаҳои «верба»-и славянӣ ва «бед»-и рӯшонӣ умумият доранд.

Ҷашни Наврӯз дар Бадахшон хусусиятҳои хоси худро дорад. Қабл аз давраи Шӯравӣ дар бисёре аз навоҳии ин диёри кӯҳистон Наврӯз дар се марҳала ҷашн гирифта мешуд. Ин ҷашн дафъаи аввал дар моҳи ҳут (17-20 феврал) бо номи «Ҷашни атола» ё «Ҷашни боҷ», дафъаи дуюм (20-21 моҳи март) бо номи Шогун ва дафъаи сеюм дар рӯзи оғози кишти баҳорӣ (вобаста ба шароити иқлим) бо номи Разбед дар Шуғону Рӯшон баргузор мегардид. Шароити табиъию иқтисодии кӯҳистони Бадахшон имкон додааст, ки ин ҷашнҳои бостонӣ то замони мо дар байни мардум ҳифз шаванд. Абӯрайҳони Берунӣ дар асари “Осор-ул-боқия дар бораи ҷашни Наврӯз дар байни мардуми ориёӣ сухан ронда, хусусиятҳои ин ҷашнро дар байни эрониёни шарқӣ ва ғарбӣ зикр карда, нишон додааст, ки ойинҳои наврӯзии хоразмиёну суғдиён ба ҳам шабеҳ буда, аз мардуми Порс (Эрон) фарқ мекунад. Тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, маъмулан, Наврӯз 20–21 март таҷлил мешуд, аммо ин сана на дар ҳама ҷо риоя мегардид. Масалан, дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он иди Наврӯз қабл аз эътидоли шабу рӯз 15–16 март таҷлил мегардид. Дар баъзе аз кишварҳои аҳди бостон ҷашни наврӯзӣ ҳатто дар аввалҳои моҳи феврал баргузор мешуд.

Мардумшиноси маъруфи рус академик М.С. Андреев зикр намудааст, ки дар Ванҷу Дарвоз ҷашни наврӯзӣ соле ду бор дар рӯзҳои баробар гардидани шабу рӯз бо номҳои “Наврӯзи баҳор” ва “Наврӯзи тирамоҳ” баргузор мешуд, аммо Наврӯзи тирамоҳ ба тадриҷ аз байн рафта, танҳо Наврӯзи баҳор боқӣ мондааст. Дар Шуғнон қабл аз Наврӯз се рӯз “Ҷашни офтоб дар зону”, ки мувофиқи тақвими аъзои бадан сурат мегифт, баргузор мешуд, ки мардумшиносон онро боқимондаи ойинҳои бостонӣ мешуморанд. Наврӯзи дуюму севум дар Шуғнон «Ҷашни Бузург» дар Хуфу Баҷув «Ҷӯякронӣ» ва дар Рӯшону Бартанг «Ғамонд» номида мешавад. Вожаи «ғамонд» дар Рӯшон ба шакли «ғамонденк» ва «моҳи ғамонд» истеъмол мешавад, ки бо номи моҳи суғдии «зимонданч» ҳамреша аст. Маросими таҷлили ойини «Ғамонд» ба рӯзи оғози кишти аввал рост меояд ва вобаста ба шароити иқлими маҳал дар навоҳии мухталиф дар рӯзҳои гуногун баргузор мегардад. Ҷашни «Батайём» ё «Боҷайём» се рӯз идома мекард ва дар ин рӯзҳо одамон ҳангоми вохӯрӣ ба ҷойи салом ба ҳамдигар мегуфтанд: “Шогуни баҳор муборак! Ба рӯйи шумо муборак!”

Дар ин се рӯз занону духтарон барои об ба сӯйи чашмаву рӯдҳо рафта, пеш аз он ки кӯзаи худро аз об пур кунанд, ба он хитоб карда мегуфтанд: «Эй оби соф, шогуни баҳор муборак бошад!»

Вожаи “шогун” дар Бадахшон хеле маъруф буда, ҳатто бисёр номи мардону занон аз ин калима пайдо шудаанд: Шогун, Шогунӣ, Шогунбек, Шогунбайг ва ғайра. Маъмулан, тифлеро чунин ном мегузоранд, ки дар иди Наврӯз таваллуд шуда бошад. Ин калима дар Шуғнону Рӯшон дар шакли «хогун» низ низ ба кор рафтааст ва дар дигар забонҳои эронӣ низ мустаъмал аст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чунин омадааст: Шугун–фоли нек, муборак шумурдани чизе; шугун гирифтан гирифтан фоли нек шумурдан». Садриддин Айнӣ дар асараш «Фарҳанги нимтафсилии забони тоҷикӣ» ин калимаро чунин тавзеҳ додааст: «Шугун 1. Фоли нек; муборак шумурдани чизе; 2. Савдои аввалӣ дар хариду фурӯш». Ӯ дар қавсайн таъкид кардааст: «Ин калима дар забони зиндаи тоҷикӣ ба шакли «шавгун» кор фармуда мешавад».

Қобили зикр аст, ки дар лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ Бобои Деҳқон–шахсеро, ки рӯзи оғози кишту корро таъйин мекунад, «шавгунӣ» низ меноманд. Дар «Луғати тоҷикӣ–русӣ» низ вожаи “шавгун”-ро хоси сабки гуфтугӯйӣ гуфтаанд, ки ба назари мо саҳеҳ нест. Дар «Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро» зикр шудааст: «Шавгун–фоли нек, муборак шумурдани чизе, табрик кардан». Дар «Фарҳанги ҳиндӣ–русӣ» зикр гаштааст: “Шакун–хороший праздник, хорошее презнаменование; благоприятный момент. Ин калима дар забони пушту низ дар шакли «шагун, шугун» роиҷ аст. Забоншиноси маъруфи рус И.М.Стеблин-Каменский вожаи мазкурро дар фарҳанги этимологии худ дар забонҳои мухталиф ба шакли зайл овардааст: вахонӣ–шогин, шогун; яғнобӣ–шайғун; форсӣ – шугун; тоҷикӣ – шугун; кҳоварӣ–шугун; вершикӣ – шогун (унвони суруди солинавӣ); ҳиндии бостон –шакуна (паранда; фоли нек) ва ғайра. Аз ин фарҳанг бармеояд, ки калимаи мазкур ғайр аз маънии «фоли нек» ба маъниҳои «соли нав, ҷашни соли нав, суруди солинавӣ, нияти нек, барори кор, хосияти нек» низ ба кор рафтааст…

Ҷашни дигари марбут ба Наврӯз “Разбед” ном дорад, ки бо он кишти баҳорӣ оғоз меёбад. Ин маросим низ хусусиятҳои худро дорост. Шахсияти ин маросим Бобои Деҳқон–соҳиби замину бахшандаи рӯзӣ мебошад. Академик М.С.Андреев дар китоби машҳури худ «Тоҷикони водии Хуф» муроҷиати барзгари хуфиро ба Бобои Деҳқон ва замин ҳангоми пошидани тухмӣ чунин овардааст: «Ё ҳазрати Бобои Деҳқон, як дона ҳазор, аз ҳазор ҳам бешумор, каҳ камтар, дона бештар, насибаи ҳалолхӯр гардад». Деҳқон пас анҷоми кишт, дар рӯзи охирини кишту кор ба мегӯяд: “Аз мо ҳаракат, аз Худо баракат!”. (Ниг. Карамшоев Д. Русум ва истилоҳи Наврӯз дар Бадахшон//Номаи Пажӯҳишгоҳ, №3. –Душанбе: «Пайванд», 2003, саҳ. 104–112).

Хулосаи калом, Наврӯзи Аҷам яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро тоҷикони минтақаҳои Бадахшону Зарафшон, Хатлону Вахш, Қаротегину Ҳисор, Хулозу Вахё, Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд.

Имрӯз мо дар давраи ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад. Дар чунин шароит Наврӯз чун мунодии сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамкории халқҳо моро боз сӯйи рӯзгори нек, сулҳу субот ва кӯшишу талош барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳони ҳамдигар, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманди диёри мо анъанаи неки ниёгонамонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.

Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.

Дар робита ба суннатҳои неки Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бояд тазаккур дод, ки онҳо бо ҳадафу ормонҳои волои созандаи халқи мо, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон–35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангии комил доранд. Боиси сарфарозист, ки дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои стратегии худ–бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати миллӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллиро идома дода, азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздиктарин истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро комилан таъмин намоем, Тоҷикистони азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем ва амнияти озуқавории онро таъмин созем.

Ҳадафҳои стратегии дар ин самтҳо муқарраргардида тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, бо неруи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мост.

Аз ин нигоҳ, Наврӯзи имсола аҳамияти хос дорад, зеро таҷлили он дар рӯзҳое сурат мегирад, ки мардуми ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон тақдирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастаанд. Мардуми ватанпараст, бунёдкор ва заҳматпешаи Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ неруи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва неруи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои олӣ ноил хоҳем гашт.

Имсол низ мардуми кишвари азизамон Наврӯзи хуҷастапайро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо неруи дучанд барои ободониву пешррафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тараққӣ додани соҳаи туризм, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дар соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019–2021-ро “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Ҳамзамон, дастуру супориш доданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорону ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монд. Бо мақсади ҳавасмандкуниии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз якуми январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи навъҳои андоз озод карда шуд. Қонуну қарорҳои дахлдор низ дар вақташ қабул ва ба тасвиб расиданд. Аз мардум танҳо ғайрати ватандӯстона ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зарур аст. Бояд дар ҳар хона доштани намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ низ ба анъанаи миллӣ табдил дода шавад. Ташаббуси наҷиби солҳои 2019–2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудан, на танҳо ба кишварамон фоидаи бузурги иқтисодӣ овард, балки барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, ки як ҷузъи муҳимми фарҳанги миллии халқамон мебошанд ва ба муаррифии таъриху тамаддуни Тоҷикистон, аз ҷумла ҷашни бостонии Наврӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳаматарафа мусоидат кард. Дар Тоҷикистон барои рушди туризм, ҷалби сайёҳон ва ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ имкониятҳои мусоид мавҷуданд. Аз ҷумла ёдгориҳои таърихии оламшумул таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб месозанд. Танҳо барои сайёҳон шароитҳои мусоиди фароғату истироҳат фароҳам овардан лозим аст. Аз ин ҳисоб садҳо нафар мардум, бахусус занони хонанишин, соҳиби ҷойи кор ва маоши иловагӣ мешаванд ва сатҳи зиндагии худро баланд мебардоранд.

Наврӯз ҷашнвораи миллӣ мебошад. Мо ба василаи Наврӯз метавонем фарҳангу тамаддуни бостонӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, табиати зебо ва хизматрасонии худро дар сатҳи байналмилалӣ таблиғу ташвиқ намоем. Наврӯзро ҳамчун ҷашнвораи сатҳи олӣ ва ҷолиб ташкил бояд кард, то сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ бештар ҷалб гарданд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар саросари кишварамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон Наврӯзро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд. Махсусан, деҳқонони асили кишварамон дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати дастархони наврӯзии мо мебошад, кӯшишу талош доранд. Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, тозаву озода гардонидани хонаву манзил ва хиёбону маҳалли зист аз ҷумлаи корҳое неке мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон анҷом диҳем.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани наврӯз аст.

 Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Рӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар,
Ҳама дар пироҳани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 Ном Наврӯзу насаб Наврӯз аст,
Исми ҳар бахтталаб Наврӯз аст,
Фасли армоншикани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 Сабзгун пуштаву саҳрои Ватан,
Сабзпӯш аст ҳама ҷойи Ватан,
Сабза ҷон дар бадани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 Бо муродаш ҳама дилдор расад,
Ба ҳама бахти худодода расад,
Ҳама ҷо анҷумани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Қиёмиддин Сатторӣ,
котиби матбуотии
 Маркази тадқиқоти стратегии назди
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Чоп кунед