“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хело муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин усули истифода сабақ биомӯзад, ба он пайрав ва пуштибон бошад”.

Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ

 

Боиси ифтихор аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи амалигардонии ҳадафҳои рушди ҳазорсола чаҳор ташаббуси ҷаҳонӣ намду, ки онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуданд: соли 2003 – “Соли оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 – “Соли дипламатияи об ё густариши ҳамкориҳо дар масоили об”, солҳои 2018 – 2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об баҳри рушди устувор”. Дар доираи ин ташаббусҳо Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳо қабул намуда, вазъи ҷомеаи ҷаҳониро дар масоили об аз дидгоҳҳои гуногун таҳлилу таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки бояд дар ин қазия кишварҳои ҷаҳон дастаҷамъона тадбирҳо андешанд, зеро дар кураи арз алҳол ягон давлате ёфт намешавад, ки дар ин ё он сатҳ муаммои об онро ба изтироб наоварда бошад. Азбаски Тоҷикистон дар ҳалли ин муаммо кишвари ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, биноан вақти он расидааст, ки аз лиҳози сиёсати экологӣ бо диди фарҳангӣ муҳтавои қатъномаҳои қабулшударо таҳлилу таҳқик намуда, вобаста ба замон нақши Тоҷикистонро дар ҳалли ин масоили глобалӣ баён намоем. Хусусияти хоси ин қатъномаҳо дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба истифодаи оқилонаи об даъват менамояд.

Имрӯз истифодабарии самараноки об ба яке аз масъалаи глобалӣ мубадал гашта, танҳо тавассути иқдомҳои дастаҷамъмона метавон онро як дараҷа ҳаллу фасл намуд. Айни замон, сиёсат вобаста ба об ба яке аз омилҳои муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфта, он дар муносибатҳои дипломатӣ ҳамчун омили стратегӣ шинохта мешавад. Имрӯз соҳае нест, ки дар он об истифода бурда нашавад. Аз ин ҷиҳат, таъсири он ба густариши истеҳсолоти саноату кишоварзӣ ва робитаи он ба шароитҳои зиндагии ҷомеа рӯз то рӯз зиёдтар ҳис карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки ин ташаббусҳо қимати умумибашарӣ дошта, самтҳои амалигардонии он феълан мавриди таваҷҷӯҳи аксар кишварҳои олам қарор дорад. Ин омил моро водор намуд, ки нақши ин ташаббусҳоро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Пеш аз он ки дар атрофи ин ташаббусҳо ҳарф занем, нахуст бояд ёдовар шуд, ки табиби ҳозиқу доно беморро табобат намекунад, балки як дараҷа сабабҳои ангезиши ин ё он бемориро ошкору пешгирӣ менамояд. Агар аз ин нуқтаи назар муҳтавои қатъномаҳои қабулшударо мавриди омӯзиш қарор диҳем, маълум мешавад, ки матлаб аз қабули онҳо пурра бартараф намудани ҳалли муаммоҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ набуда, балки як дараҷа паст гардонидани шиддати он дар байни кишварҳо мебошад. Дар ин асос, ҳадафи қабули ин қатъномаҳоро дар асоси муколамаи тамаддунҳо ҷустуҷуйи он афкор ва ғояе ташкил медиҳад, ки минбаъд манбаъҳои об ба манфиати тамоми аҳолии сайёра мавриди истифода карор гирад, чунки имрӯз нархи оби нӯшокӣ дар як қатор кишварҳо аз нархи сузишворӣ болотар рафтааст. Воқеияти зиндагӣ собит менамояд, ки агар мо дар масъалаи оқилона истифодабарии об муросою мадоро ва гуфтушунидҳои созандаро дар байни кишварҳои ҳамҷавор ба роҳ намонем, он оқибатҳои ногуворро ба бор меорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ ба ин мисол шуда метавонад.

Далел бар ин андеша он аст, ки тибқи маълумотҳо, ба туфайли қабули ин қатъномаҳо ҳоло дар сатҳи ҷаҳонӣ 1228 ташаббусҳои якҷоя оид ба истифодаи маҷрои дарёҳои фаромарзӣ ва 150 созишномаи байналмилалӣ ба имзо расиданд. Дар чунин вазъ, ҳадафи қатъномаҳоро аз як тараф муайян намудани дурнамои сиёсат вобаста ба об дар сатҳи байналмилалӣ баҳри беҳтар намудани дастрасии сокинони сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ташкил диҳад, аз дигар тараф, дар иртибот бо арзишҳои илмӣ ташаккул додани сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ маҳсуб меёбад.

Далелҳои сиёсати гузариш ба рушди устувори ҳар як кишварро дар ҷодаи истифодабарии оқилонаи об арзёбӣ намоем. Ба ибораи дигар, ҳалли ин мушкилот далелҳои экологӣ дорад, чунки натиҷагирии онҳо боиси бартарафсозии мушкилот мегарданд. Яъне, собит мегардад, ки ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар роҳи расидан ба рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ аз лиҳози манбаъҳои об заминаи боэътимод мегузорад. Муҳтавои ин ташаббусҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҳалли ин мушкилот кишварҳои дунёро ба адлу инсоф дар тақсимоти одилаи об даъват менамояд. Ин қатъномаҳо аз як тараф, нақши Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ таҷассум намояд, аз ҷониби дигар, зарурати ташаккул додани фазои илмиро дар ин ҷода барои ҳар як кишвар ба миён мегузорад. Ин нишондод як паҳлуи масъала буда, дигар паҳлуи он аз он иборат аст, ки муҳтавои ин ташаббусҳо арзишҳои волои халқи тоҷикро дар ҷодаи беҳдошти муҳити зист дар тамаддуни башарӣ нишон медиҳанд. Аз ин ҷиҳат, бо боварии том метавон гуфт, ки Сарвари давлатамон дар заминаи ин ташаббусҳо тарғибгари арзишҳои маданияти экологии халқи тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ маҳсуб меёбанд. Онҳо дар маҷмӯъ, раванди давлатдориии тоҷиконро дар сатҳи байналмилалӣ таҷҷассум менамоянд.

Метавон боифтихор ҳарф зад, ки Сарвари давлатамон нафарест, ки тавонист ба туфайли ташаббусҳои худ мардуми сайёраро дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ муттаҳид намояд. Ин паҳлуи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд таҳлилу таҳқиқи хоссаи илмиро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, бо боварии том метавон гуфт, ки қабули ин қатъномаҳо нақши давлатдории тоҷиконро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ инъикос менамояд. Аз ин ҷиҳат, қабули онҳо ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Муҳтавои ин ташаббусҳо аз як тараф далели пешсафии халки тоҷик дар ҳалли масъалаҳои глобалиро нишон диҳанд, аз тарафи дигар, онҳо арзишҳои волои халқи тоҷикро дар ҷодаи истифодабарии об таҷассум менамоянд. Оид ба ин масъала чӣ тавре ҳарф назанем, ҳадафи Сарвари давлати мо аз ин амалҳо беҳтар намудани ҳамкориҳо дар ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Арзёбии ҳисоботи дар ин самт таълифшуда ба мо имкон медиҳад, ки мавқеи Точикистонро дар ҳалли ин масоил ба таври дақиқ ифшо намоем. Дар шароити феълӣ, арзиши ин қатъномаҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар маҷмӯъ, нақши давлати тозабунёди тоҷиконро дар ҳалли муаммоҳои глобалӣ, минҷумла, об нишон медиҳад. Аз ин ҷиҳат, самтҳои амалигардонии он аввалан, дар асоси арзишҳои илмӣ дарёфти равандҳои самарабахш истифодабарии обҳои фаромарзиро ташкил диҳад, баъдан дар иртибот ба ин арзишҳо ташаккул додани сиёсати экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Сониян, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ифшо намудани муаммоҳои ин масоил дар сатҳи маҳалӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ва ба ин васила роҳандозӣ намудани муколамаҳои созанда дар ҷодаи истифодабарии об, инъикоси нақши давлати тозабунёди тоҷикон дар ҳалли ин масоили глобалӣ ва ба ин васила таҳқими сулҳ дар сайёра мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилаи судманд дар самти истифодабарии об буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, дар чорабинии сатҳи баланд дар доираи барномаи амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии дипломатияи об (ҳамоиши ҳалли масоили об) таъсис дода шавад. Бо боварии том метавон гуфт, ки таъсиси ин марказ баҳри ҳалли ин проблемаи глобалӣ заминаи боэътимод мегузорад. Далел бар ин андеша он аст, ки Тоҷикистон ба сифати узви созмони бонуфузтарини байналмилалӣ – СММ тавонист чандин маротиба бо пешниҳодҳои муҳим дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳи ҳалли масъалаи умумибашарӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар самти расидан ба ҳадафҳои рушди устувор аз лиҳози манбаъҳои об тадбирҳои ҷолиб пешниҳод карда истодааст, ки муҳтавои онҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи башариро ба давлатдории тоҷикон афзуда, эҳтироми онҳоро ба Сарвари давлати мо хеле зиёд намудааст.

 

Ҳасан АСОЕВ,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(бознашр аз маҷаллаи “Илм ва ҳаёт”, №3, 2021)

 

Чоп кунед