Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон шуруъ аз 13 январи соли 1993, яъне аз замони имзои “Созишнома дар бораи асосҳои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” равобити дипломатии худро ба роҳ монда, дар тули беш аз 30 сол дар низоми ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба дастовардҳои хеле баланди сиёсӣ, иқтисодӣ  ва тиҷоратӣ ноил гардиданд. Дар ин муддат беш аз 150 адад созишномаи  дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамокорӣ миёни ду кишвар ба имзо расонида шуданд, ки қариб тамоми соҳаҳои муҳимтарин ва самтҳои афзалиятноки ҳар ду кишварро фаро мегиранд.

Қобили зикр аст, ки муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила густариш меёбанд. Муносибатҳои ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш ва дигар бахшҳои муҳимтарин фаъолона идома доранд.

Инчунин, ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ хеле муваффақона пеш меравад. Ҳар ду кишвар дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ, МҲТБО, Маркази минтақавии иттилооти ва ҳамоҳангсозии зиддимухадиротӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ робитаҳои хеле самаранок дошта, дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи хеле шабеҳу муштарак доранд.

Яке аз далелҳои муваффақияти Тоҷикистону Қазоқистонро дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ин ҷойгиршавӣ дар ҷуғрофиёи ягона, ҳамзистии таърихӣ, умумияти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангии халқҳои ду кишвар ва таҷрибаи ҳосилшудаи ҳамкориҳои неку дӯстона дар даврони Шуравӣ номидан мумкин аст. Омилҳо зиёданд, вале ба назари муҳимтарин омилҳои дӯстию шарикӣ нуктаҳои болозикр мебошанд.

Дар равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзои “Созишномаро дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” аз 14 сентябри соли 2015 гардиши хеле тозаро ба бор овард. Ин созишнома сатҳ ва сифати эътимоди тарафайнро хеле баланд бардошта, уфуқҳои навро дар низоми робитаҳои ҳасана боз намуд.

Тавре аз муқаррароти созишномаи мазкур бармеояд, ҷонибҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, эҳтиром, эътимод ва дастгирии ҳамдигар, баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиатҳои куллии халқҳои ҳарду ҷониб комилан ҷавобгӯ саъй намуда, баҳри татбиқи ҳамаҷонибаи тамоми зарфияти мавҷудаи дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.

Бояд зикр намуд, ки ба шарикии стратегӣ иктифо накарда, ҳар ду кишвар равобити дуҷонибаро ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расониданд. Бояд қайд кард, ки санаи 4 майи соли 2023 миёни ду кишвар “Эъломияи ҳамкории иттифоқӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон” ба имзо расид, ки он аз сатҳ ва зинаи боз ҳам баланди робитаҳои дуҷонибаро гувоҳӣ медиҳад. Дар эъломияи мазкур гуфта мешавад, ки Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар асоси ба назар гирифтани манфиат ва баробарҳуқуқии тарафайн дар доираи ҳамкориҳои иттифоқӣ баҳри ба зинаи баландтар баровардани робитаҳои гуногунсоҳа ва гуногунҷанба кӯшишишу талош хоҳанд намуд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки самараи ин талошҳо дар амалияи робитаҳои дуҷониба хеле назаррас аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ҳолати шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 575 миллион долларро ташкил дода, аз ҷумла содироти молҳои ҷониби Қазоқистон тақрибан 20% афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин яке аз самтҳои стратегии ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо муносибатҳои об ва энергетика мебошад. Дар соли 2023 бошад ҳаҷми гардиши мол 1 миллиарду 148 миллиону 700 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, дар сохтори тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 Қазоқистон бо суръати баланд (бо ҳиссаи 13,8 дарсад) дар ҷойи 4-ум қарор гирифт. Яъне Қазоқистон дар низоми умумии робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон имрӯз мақоми пешсафро доро мебошад.

Тавре ба ҳамагон маълум аст санаи 25-уми августи соли 2023 зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва мулоқоташон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев изҳори итминон намуданд, ҷонибҳо қодиранд нишондиҳандаҳои солонаи тиҷоратии дуҷонибаро дар ояндаи наздик то ба 2 миллиард доллар расонанд. Баробари соҳаи тиҷорат, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои коркарди маҳсулот, саноати кӯҳӣ ва сабук, нақлиёту коммуникатсияҳои транзитӣ, энергетика, маҷмааи агросаноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд мебошанд.

Минбаъд низ ҷоннок кардани ин ҳамкориҳо барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Аз ҷумла, ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба кишварҳои дигар низ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳамкории бо Ҷумҳурии Қазоқистон минбаъд низ, илова ба самтҳои қаблан ҳамоҳангшудаи афзалиятнок, ҳамзамон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштамъу аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи хосса равона мекунад.

Тавре маълум аст, рӯзҳои наздик сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар остонаи ин сафар аллакай як силсила чорабиниҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда истодаанд. Инчунин, рӯзҳои 20-21 август дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Қазоқистон баргузор мегарданд, ки дар он намоиши силсилаи филмҳо дар назар аст. Айни замон дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардидааст, ки  ин ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, ба рушди  ҳамкориҳои дуҷониба дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли  масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд. Ҳадафи асосӣ ва вазифаҳои ин форум ба тақвияти ҳамкориҳо байни ташкилотҳои ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ду давлат равона карда мешавад.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор хоҳад шуд, ки ҳадафи баргузории он  ин таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳар ду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон арзёбӣ мегардад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту дидор бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳо ва фазои ҳамкориҳои боз ҳам беҳтарро барои густариши робитаҳои дуҷониба фароҳам хоҳад овард.

САИД Саидов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷииМаркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед