Тоҷикистон як минтақаи хосест, ки дар он тафовутҳои табиӣ назаррас буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофии худ дар олам ҳамто надорад. Дар он 93 дарсади тамоми қаламравашро кӯҳҳо дар баландии аз 700 метр то 7000 метр аз сатҳи баҳр ишғол мекунанд, ки ба таври ҳақиқӣ зеботарин минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Релефи кӯҳсор ва иқлими гуногун сарват ва асолати шаклҳои олами набототу ҳайвоноти онро муайян мекунад.
Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, дар рушди ин минтақа саҳми назаррасро доро мебошад ва дар ин кишвар Роҳи Бузурги Абрешим (дар шароити имрӯз ин роҳ нақши калидиро дар иқтисодиёти худ ва дигар кишварҳо мебозад), масири корвони тиҷоратӣ, ки дар асрҳои миёна Шарқро бо Ғарб мепайвандад, нақши муҳим дорад. Сарвати Тоҷикистон на танҳо табиати дилрабою зебои кӯҳсор ва пиряхҳои боҳашамат, кулҳои тозаю чуқур, конҳои азими маъданҳои фоиданок дар кӯҳсор ва захираҳои дигари истифоданашудаи аз нигоҳи иқтисодӣ ғанӣ мебошад, ки талабгоронашон дар тамоми ҷаҳон мавҷуд мебошад, ки метавон гуфт сарчашмаи асосии манбаъҳои неруи сабз ба ҳисоб меравад.
Яке аз манбаъҳои асосии неруи сабз дар ин кишвар, мавҷудияти оби нӯшиданӣ ва барқароршаванда мебошад. Ин сарвати табииашро Тоҷикистон саховантмандона бо тамоми кишварҳои ҳамсоя якҷояистифода мебарад. Аз кӯҳҳои баланд чашмони кабуди зумурраддори кӯлҳо, ки ҳар яки онҳо бо асрору ривоятҳои ба худ хос фаро гирифта шудаанд, баръало намоён мешавад. Бояд тазаккур дод, ки беш 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Тибқи маълумот ҳаҷми умумии захираҳои обии Тоҷикистон 46 км3, захираи об дар кӯлҳо, захираи об дар пиряхҳо 460 км3, захираи обҳои зеризаминӣ 6,6 км3 ва маҷрои дарёҳои солона ба 56,8 км3 дар як сол ташкил медиҳад.
Бо ин мақсад аз самтҳои афзалиятноки роҳбарияти кишвар азхудкунии иқтидорҳои нодири гидроэнергетикӣ ва истихроҷи маъданҳо иборат аст, ки айни замон ба таври тоза аз ҷиҳати экологӣ ва хеле муфид рушд мекунанд. Асоси иқтидори энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гидроэнергетика (зиёда аз 95%) ташкил медиҳад, ки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ дорад, ки дар як сол 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Заир, Ҳиндустон, Конодо ва дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 8-ум, инчунин, аз ҷиҳати идоракунии самараноки захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Ин маънои онро дорад, ки 60 фоизи захираҳои оби минтақа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Мусаллам аст, ки самти дигари рушд ва манбаи неруи сабз мавҷудияти неругоҳоии обӣ барқӣ мебошад, ки рушди сармоягузорӣ дар ин соҳа имконият медиҳад, ки дар оянда якчанд маротиба даромади бештар ба даст ояд. Чунки иқтидори неругоҳҳои барқии Тоҷикистон аз талаботи кунунӣ ба нерӯи барқ дар тамоми Осиёи Марказӣ се маротиба бештар аст. Бо истифодаи самараноки ин захираҳо, ки то имрӯз ҳамагӣ 4-5 дарсад онҳо истифода шуда минтақаро бо неруи сабзи арзону тозаи экологӣ таъмин кардан мумкин аст. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 11 неругоҳи бузургу миёна ва ҳамчунин, беш аз 300 нерӯгоҳи хурд фаъолият мекунанд, ки иқтидори умумии онҳо беш аз 132 мегаваттро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, неругоҳи барқи обии “Норак”, ки сесад метри сарбанд дорад, аммо гавҳари аслии Тоҷикистон неругоҳи барқи обии “Роғун” дар оянда баҳисоб меравад, чунки бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Миёна мебошад ва иқтидори муқарраршуда 3600 мг/ват–ро ташкил медиҳад.
Фаъолияти ин неругоҳ соли 2008 оғоз шуда, муҳимтарин рӯйдод дар таърихи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт, зеро тавлид ва фаъолияти ниҳоии он на танҳо дархости Тоҷикистонро қонеъ хоҳад кард, балки метавонад ба як манбаи муҳими содироти неруи барқ табдил ёбад ва барои ояндаи пурфайз замина гузорад. Яъне содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя ду баробар афзоиш дода, ба рушди иқтисоди миллии на танҳо кишвар, балки афзоиши иқтисоди кишварҳои ҳамсоя низ мусоидат мекунад.
Рушди неругоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ба ҳалли яке аз мушкилоти имрӯза вобаста буда барои ҳадди ақал расонидани партовҳои гази карбон ба табиат нигаронида шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар соли 2015 “Созишномаи Париж” бо иштироки 156 кишваре сурат гирифт, ки барои маҳдуд ва коҳиш додани гармшавии глобалӣ розӣ шуданд. Набояд аҳолии сайёра имкон диҳанд, ки гармшавии глобалӣ то ба 2 дараҷа расад. Созишномаи Париж як созишномаест, ки дар доираи Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим тадбирҳоро барои коҳиш додани гази карбон дар атмосфера то соли 2020 танзим мекунад. Созишнома барои иваз кардани “Протоколи Киото” дар ҷараёни конфронси иқлимии Париж омода шуда буд ва бо консенсус 12 декабри соли 2015 қабул ва 22 апрели соли 2016 ба имзо расид. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки захираҳои барқароршавандаи неруи худро барои пешбурди неруи сабз, истеҳсоли маҳсулоти озуқавории аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дар умум, ба як кишвари сабз табдил ёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергияи худро барои пешбурди неруи сабз ва тоза на танҳо дар марзҳои худ, балки дар маҷмуъ, минтақаҳоро бо истифода аз ин неруи тоза таъмин кунад.
Фаромуш набояд кард, ки афзоиши самарабахши энергия ба истифодаи он дар саноат вобаста аст. Саноати Точикистон хеле тез тараққӣ намуда истодааст, ки яке аз корхонаҳои азими соҳаи саноат ин Ширкати Алюминийи Тоҷик мебошад ва яке аз камтарин соҳаҳои ҷаҳон аст, ки бо энергияи тозаи экологӣ фаъолият мекунад ва инчунин, дар байни корхонаҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунанд ва дар амал бо истифода аз талаботи бунёдии роҳбарияти мамлакат ба кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера аз фаъолияти истеҳсолӣ нигаронида шудааст. Ин комбинат, ки иқтидори лоиҳавиаш соле 517 хазор тонна мебошад, маҳсулоти софи сермасраф мебарорад.
Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръат таҳия шудааст, ки он рушди соҳаи истихроҷро таъмин менамояд. Бо дарназардошти ин метавон гуфт, ки барои сармоягузорони хориҷӣ низ фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳифзи он мавҷуд буда кафолати амнияти онро бар зимма дорад.
Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи сармоягузорӣ» ба тасвиб расонидааст ва моддаи 7-и он “Кафолати баробарҳуқуқии сармоягузор” мебошад. Давлат баробарҳуқуқии сармоягузаронии хориҷӣ ва ватаниро кафолат дода, ба поймолкунии ҳуқуқи сармоягузорон вобаста ба мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ намедиҳад ва дар моддаи 8 «Кафолати ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор», моддаи 9 «Кафолатҳо ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузорон», моддаи 10 «Кафолати ҳуқуқии истифодаи даромадҳо» кафолати сармоягузарон ҳимоя карда шудааст.
Рушди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки натанҳо дараҷаи даромаднокии сармоягузор афзун гардад, ҳамзамон, таъсири мусбати он ба рушди иқтисодии кишварҳои минтаққа ба амал омада саҳми худро дар рушди иқтисодиёти сабзи минтақа гузоранд. Ногуфта намонад, ки 8 дарсад рушди иқтисодӣ ва ба таври назаррас (аз 10 то 15 дарсад) афзоиш ёфтани ММД баёнкунандаи он аст, ки амнияти комили сармоягузориҳои калон дар ин кишвар таъмин мебошад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, омили дигаре низ мавҷуд аст, ки метавонад фазои хуби сармоягузориро таъмин намояд, ки ин мавҷудияти қувваҳои кории фаровон дар Тоҷикистон мебошад
Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ дар ин кишвар имрӯз зиёда 3 дарсад расида, 60 дарсади аҳолии то 30-сола ва қувваи корӣ бошад, дар Тоҷикистон то 65 дарсадро ташкил медиҳад, ин баёнкунандаи он аст, ки дар кишвар қувваи кории фаровон ва арзон мавҷуд мебошад. Сатҳи саводнокии қувваи корӣ бошад 95 дарсадро ташкил дода, зиёда аз ду забон суҳбат карда метавонанд. Бештаре аз ҷавонони он бошанд, бо се забони гуногун ҳарф зада, бо технологияҳои информатсионӣ кор карда метавонанд. Ҳукумати кишвар барои таъмини шуғли пурра ва пурмаҳсул дар байни солҳои 2022 ва 2026 кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки зиёда аз 500 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва афзоиш додани дараҷаи иқтисодиёти кишвар ва аҳолии он, ки яке аз омилҳои таъмини амнияти иқтисодии кишвар ва рақобатпазир будани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин иқтисодиёти рақамӣ ва гузаштан ба ҳисобаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад, чораҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир ба татбиқи иқтисодиёти рақамӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, таҳти № 642 Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати кишвар ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 дар самти татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» як қатор корҳоро ба сомон расонид. Имрӯз дар кишвар пардохтҳои ғайринақдӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта, хизматрасониҳои он осон ва мусоид гардида истодаанд.
Мусаллам аст, ки асоси иқтисодиёти кишварро гуногуншаклии моликият ташкил дода, барои фаъолияти озодӣ соҳибкорӣ ва рушди мусоиди фазои сармоягузорӣ шароитҳо муҳайё гардидаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ моликияти шахсӣ эътироф карда шуда ва он дар ҳимояи давлат аст (моддаи 12): « Давлат фаъолияти озодии иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла, моликияти хусусиро кафолат медиҳад».
Дар умум, метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда сарчашмаи асосии истеҳсоли неруи сабз ва макони татдбиқи лоиҳаҳои сабз дар минтақа боқӣ мемонад. То соли 2030 мамлакат имконияту муваффақиятҳои калон ба даст оварданро доро аст, ки барои бозҳам афзоиш ёфтани сармоягузориҳои хориҷӣ фазои мусоидтарро муҳайё месозад. То ин вақт захираҳои муосири он барои эҷоди ояндаи беҳтар ва ҳаракати пайваста дар ин давра истифода мешаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти пурра гузаштан ба кишвари сабзро дошта, нақши калидиро дар минтақа (дар самти пешгирии гармшавии саёра) бозида, рушди босуботи иқтисодиро таъмин менамояд.
Рустамдҷони С.Қ.,
н.и.и., сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқотии стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон