30 декабри соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Консепсияи иқтисоди рақамӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Тасдиқи Консепсияи мазкур шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон бо назардошти равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии мамлакат заминаҳои бунёдӣ гузошта, тадбирҳои мушаххас  меандешад.

Дар асоси ин қарор ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳру вилоятҳои мамлакат дастур дода шуд, ки барои амалисозии Консепсия тадбирҳои мушаххас андешанд. Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар бархе  аз вазорату идораҳои мамлакат барномаю тарҳҳое, ки ба рушди рақамикунонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва дар маҷмӯъ ба густариши ҳукумати электронӣ дар мамлакат нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд. Ҷорӣ гардидани корти нақлиётии «City card» дар нақлиёти мусофиркашонии пойтахт, хизматрасониҳои бонкӣ, пардохтҳои андозию гумрукӣ  ва ҳоказо мисоли барҷастаи ин гуфтаҳоянд.

Дар иртибот ба рушди Консепсияи  иқтисоди рақамӣ дар  мамлакат  ва афзалияти он дар густариши иқтисодиёти миллӣ ва дигар паҳлуҳои ин санад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА бо сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ  Шаҳзода  ҚАЮМОВА суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Шаҳзода Тағоевна, лутфан бигӯед, ки иқтисоди рақамӣ чист?

Шаҳзода Қаюмова: Зери мафҳуми “иқтисоди рақамӣ”  фаъолияти иқтисодӣ дар асоси технологияҳои рақамии марбут ба тиҷорати электронии рақамӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, тақвияти истеҳсолоти рақамӣ  дар назар  дошта мешавад. Рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст.

Агар солҳои қаблӣ кишварҳои пешрафта табодули рақамиро дар доираи соҳаҳои алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медоданд, пас айни ҳол иқтисоди кишварҳои мутараққӣ пурра бо роҳи рақамӣ татбиқ мегардад. Рушди иқтисоди рақамӣ аз тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, бахусус кишоварзии рақамӣ ва комплекси агросаноатӣ, савдои рақамӣ, молияи рақамӣ, таҳсилоти рақамӣ, тибби рақамӣ, фарҳанги рақамӣ, экологияи рақамӣ вобастагӣ дошта, рақобатро дар ҳама самтҳо васеътар менамояд. Инчунин иқтисоди рақамӣ имкон медиҳад, ки тиҷорат ва хизматрасониҳои электронӣ бо дигар кишварҳо вусъат ёбанд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба иқтисодиёти миллӣ ва дар сатҳи иқтисоди ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани он Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019 тасдиқ гардид.

АМИТ «Ховар»: Дар шароити муосири рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ иқтисоди рақамӣ чӣ ҷойгоҳе дорад?

Шаҳзода Қаюмова: Бо пешрафти илму техника ҷаҳони иқтисод низ бомаром тағйир меёбад. Аз ин ҷост, ки солҳои охир бо дарназардошти тағйирёбии авзои иқтисодию сиёсии ҷаҳон нақши технологияҳои муосир ва навгониҳои электронию рақамӣ дар идоракунии давлатӣ  бештар меафзояд. Технологияҳои навтарин метавонанд самаранокии истеҳсолот ва равандҳои тиҷоратро баланд бардоранд ва  баробари ворид шудани технологияҳои нав ба тамоми самтҳо соҳаҳои нави фаъолияти инсон метавонанд тағйир ёбанд.

Солҳои охир рушди технологияҳои нав ба пайдоиши бозорҳои бузурги алоқаи мобилӣ ва хизматрасониҳои интернет оварда расонид. Технологияҳои нав ба баъзе паҳлуҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидории муқарраршуда таъсири тағйирдиҳанда ворид мекунанд, ки асосан аз иваз кардани механизмҳои андоз бо рақамӣ (ё унсурҳои рақамӣ) ва инчунин такомули минбаъда иборатанд.

Рушди иқтисодиёти рақамӣ аз афзоиши бозорҳои мустақим бо технологияҳои рақамӣ ва мобилӣ вобаста буда, тиҷорати онлайн (тиҷорати электронӣ), хизматрасонии молиявӣ (масалан, онлайн-банкинг), хидматрасонии интернети иҷтимоӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷараёнҳои онлайн, бозиҳои онлайнӣ), маориф, тандурустӣ (кортҳои электронии амбулаторӣ, саломатии рақамӣ), инчунин хизматҳои давлатиро дарбар мегирад.

АМИТ «Ховар»: Бигӯед, ки тибқи консепсияи зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ кадом тадбирҳоро меандешад?

Шаҳзода Қаюмова: Бо мақсади марҳала ба марҳила амалӣ намудани Консепсияи иқтисоди рақамӣ таъсиси Шӯро доир ба рушди иқтисоди рақамӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назар дошта шудааст, ки маҳз иҷрои механизмҳои рақамии пешбурди мониторинги вазифаҳои гузошташуда, қабул ва коркарди алоқаи баръакс, механизми санҷиш ва ҳисоботдиҳии электронӣ, арзёбии истифодабарандагони рақамӣ ва сифати хизматрасониро назорат менамояд.

Барои татбиқи иқтисоди рақамӣ дар Консепсия се марҳила муайян гардидаанд.  Марҳилаи якум то соли 2025 идома ёфта, он бо роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ дар ин се марҳила амалӣ карда мешавад. Дар ин раванд гузаштан ба модели идоракунии электронӣ тавассути муросилоти ҳуҷҷатҳо, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус, таъсиси модели идоракунии табодули рақамӣ, муайян кардани нишондиҳандаҳои калидии мақсадноки дастовардҳои табодули рақамӣ ва маблағгузорӣ барои ташаккули иқтисоди рақамӣ дар назар дошта шудааст.

Марҳилаи дуюм то соли 2030 идома меёбад. Дар ин давра  дастрасии фарохмавҷ, амнияти иттилоотӣ, кибернетикӣ ва технологияҳои абрӣ, таъсиси платформаҳо ва рушди хизматрасонии рақамӣ ва  оғози лоиҳаҳои пилотӣ бояд таъмин карда шаванд.

Марҳилаи сеюм ва ниҳоии табодули рақамӣ давраи то соли 2040-ро дарбар гирифта, ба таҳкими минбаъдаи асосҳои ғайрирақамӣ ва рақамӣ дар ҷумҳурӣ, оғози лоиҳаҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ мутобиқи афзалиятҳои дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 пешбинигардида, дар навбати аввал дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, телекоммуникатсия, нақлиёт, соҳаи хизматрасонӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, саноат, аз ҷумла истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва савдо  бахшида мешавад.

АМИТ «Ховар»: Бояд гуфт, ки дар масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт бисёре аз кишварҳои ҷаҳон муваффақ гардидаанд. Ба андешаи Шумо дар ин самт барои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи таҷрибаи кадоме аз давлатҳои хориҷӣ  манфиатноктар аст?

Шаҳзода Қаюмова: Бале, дуруст мегӯед, айни ҳол иқтисоди рақамӣ дар   Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Япония, Амрико, Дания, Финландия, Сингапур ва Эстония  хеле пеш рафтааст. Имрӯз мо бояд пеш аз ҳама таҷрибаи давлатҳои мазкурро таҳти омӯзиш қарор дода, ташаккули иқтисоди рақамиро дар мамлакат дар ҳама самтҳо дар сатҳи баланд ва замонавӣ ба роҳ монем.

Чуноне меедонем, технологияҳо  дар замони муосирн  бо суръати   хеле баланд  рушд мекунанд, ки истифодаи дурусти онҳо рақобатнокии миллиро дар асри ХХI  муайян менамояд. Тамоюли ивазшавии қолабҳои рақамӣ муайян менамояд, ки кишварҳои пешрафта қаблан табодули рақамиро дар доираи соҳаҳои алоҳида баррасӣ менамуданд, вале имрӯз иқтисоди миллии кишварҳои пешрафта пурра ба роҳи рақамӣ гузаштаанд. Ин тамоюл кишварҳои дигари рӯ ба рушд ва дар ҳоли рушд, бахусус Ҷумҳурии  Тоҷикистонро низ водор месозад, ки ба ҷараёни рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ гузаранд.

АМИТ «Ховар»: Барои рушди рақамикунонии иқтисодиёти мамлакат кадом заминаҳои мусоид мавҷуданд?

Шаҳзода Қаюмова: Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати техникии қишрҳо ва сохторҳои гуногуни ҷомеа ва ҳамаҷониба татбиқ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар иқтисоди миллии мамлакат як зумра  стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳо қабул ва мавриди амал  қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011тасдиқ гардидаанд.   Дар ин самт тадбиқи босамари Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳо дар  ҷиҳати ба вуҷуд овардани  иқтисодиёти рақамӣ мусоидат менамояд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст, ки «минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад».

Барои татбиқи босамари иқтисоди рақамӣ ширкати фаъолонаи мақомоти маҳал, сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону сармоягузорон, зиёиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои илмию таълимӣ ва дигар узвҳои фаъоли ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Масъалаҳои барои рушди миллӣ басо муҳим, ба монанди таъмини дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат, дар заминаи саноатикунонии ҷумҳурӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар ниҳоят рақобатпазирии Тоҷикистон дар шароити рақамисозии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, ба ташаккули захираҳои инсонӣ вобастагии калон доранд.

Бознашр: Амит “Ховар”

Чоп кунед