Ташаккул ва рушди давлати миллӣ ва демократии муосир, махсусан системаи сиёсии онро бе мавҷудияти интихобот тасаввур кардан ғайри имкон аст. Чунки интихобот ҳамчун раванд ва падидаи сирф сиёсӣ дар самти таҳкими сохторҳои ҳокимият, таҷдиди элитаи сиёсӣ нақши бузург дорад. Маҳз интихобот ба шаҳрвандон имкон фароҳам меорад, то онҳо дар равандҳои сиёсӣ бевосита иштирок намоянд ва ҳамзамон дар амалигардии ҳокимият ширкат варзанд.

Интихобот падидаест, ки офаридгори ҳокимият аст. Бояд тазаккур дод, ки интихобот маъракаи оммавӣ-сиёсӣ аст ва дар доираи он шаҳрвандон дастаҷамъона ширкат меварзанд. Албатта, иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад. Бо ҳамин мазмун ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар Эъломияи умумии њуќуќи башар ҷойгоҳи хоса дошта, имкони иштироки онҳоро дар ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд. Таъкид кардан ба маврид аст, ки иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти давлатӣ бошад. Ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ, ки дар сурати мавҷудияти ҳақиқи интихоботи умумӣ ва баробар бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари интихоб, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамояд, ба амал бароварда мешавад. Бояд қайд кард, ки ҳокимияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иродаи халқ ташаккул ёфтааст ва ин нукта дар Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ба таври возеҳ нишон дода шудааст. Чуноне ки дар моддаи 6 он баён шудааст: Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Ба таври мушаххас бошад, ҳуқуқи иштирок дар интихобот дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам шудааст. Ин ҳуқуқ аз Конститутсия ибтидо гирифта, дар он муқаррар гардидааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот муайян намуда, ки шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштироку интихоб кардан дорад. Инчунин аз синни муқаррар намудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ҳуқуқи интихоб шудан дорад. Ин муқаррароти конститутсионӣ моҳиятан талаботро барои ширкат дар интихобот муайян менамояд.

Дар ҳақиқат, интихобот ин ифодаи иродаи халқи мост, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон самтҳои инкишофи иҷтимоиву иқтисодии ватанамон устувор гардид, ки он ҳама дар партави сиёсати роҳбарияти олї қарор гирифтааст. Ва ҳамаи интихоботҳои қаблӣ, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида шудааст бо ҳузури мушоҳидону нозирони зиёди байналхалқӣ ва намояндагони кишварҳои зиёди ҷаҳон барпо гардидаанд, ки шаффофу демократӣ гузаштани онро минбарҳои мухталиф изҳор ҳам овардаанд. Тоҷикистон тавонист ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки интихобот мутобиқ бо муқаррароту меъёрҳои демократии ҷаҳони муосир сурат мегиранд, ки гузаронидани интихобот ба таври демократӣ шаффоф баргузор шавад.

Таъкид кардан зарур аст, ки иштирок дар интихобот аз синну соли муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобастагӣ дорад. Чунон ки зикр гардид, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи интихоб намуданро доранд.

Дар давлати демократӣ меҳвари аслӣ халқ аст ва дар таҳия ва марому ниёзҳои пешгузоштаи халқ ҷараёни мунтазами пешрафту таҳаввулоти давлат ба роҳ гузошта мешавад. Ин раванду ҳолат дар таҷрибаи сиёсии давлати мо дар замони соҳибистиқлолӣ собит гардиданд. Халқ ба воситаи вакилони интихобкардаи худорзуву мароми худро баён намуда, дар симои онҳо шахси боэътимодро мебинад. Як падидаву мушоҳида мавриди таъкид аст, ки дар тамоми интихоботи баргузоргардида шаҳрвандони мамлакат иштироки фаъол ва масъулияти баланд нишон додаанд.

Бо иштироки васеи шаҳрвандон баргузории тамоми интихобот қонунӣ эътироф шудаанд. Ин пеш аз ҳама фазову муҳити созанда ва ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик аст, ки он сиёсати ваҳдатпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар ҳар кишваре, ки низоми демократӣ мавҷуд бошад, ҳизбҳои сиёсї кушиш мекунанд, ки сатҳи баланди рақобати сиёсиро таъмин намоянд. Ва дар кишвари мо ҳафт ҳизби сиёсие, ки дар Вазорати адлия расман ба қайд гирифта шудааст, дар интихоботи 1 марти соли 2020 номзадҳояшонро ба интихобот пешбарї намудаанд. Бояд дар раванди интихоботи дар пеш истода тамоми шаҳрвандон аз ҳар вақта дида бештар фаъолнокии сиёсӣ зоҳир намуда ба вакилони муносиби худ раъй диҳанд. Чунки иштироки фаъол дар интихобот ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки номзадҳои арзанда интихоб гарданд ва корҳои идораи давлатиро самаранок гардонанд. Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар шароити муосир нишон дода истодаанд, ки натиҷаи интихобот аз фаъолнокии шаҳрвандон беш аз пеш вобастагии ногузир дорад. Ба ҳамин хотир шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулият ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ дар интихоботи парламент ширкат варзида, саҳми арзандаи хешро дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоранд. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ аз 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».

Умуман интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсии дар рушди устувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат нақши бузург дорад ва дар шароити муосир ҳар яке аз моро зарур аст, ки ба хотири бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва демократӣ бо масъулият ва ифтихор дар ин маъракаи муҳим иштирок намоем.

Мирзо Ашуров, Коршиноси масоили

сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед