Имрȳзҳо миллионҳо одамон дар гӯшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ру ба рӯ шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардидаанд.
Мувофиқи маълумоти Маркази иттилоотии гурȳҳи Ҷейн (Jane’s Information Group) оид ба омȳзиши масъалаҳои терроризм соли 2018 дар саросари ҷаҳон 15,3 ҳазор ҳамлаи террористӣ содир шудааст. Ин рақам дар соли 2017 8584 ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2018 6716 адад зиёд мебошад.
Терроризм ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ дар баробари дигар бахшҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо таъсири бузург мерасонад.
Масалан, амалҳои террористӣ дар Алҷазоир дар солҳои 1996-2001 ба иқтисодиёти ин кишвар дар ҳаҷми 16 миллиард доллари ИМА хисороти молиявӣ расонид.
Дар Индонезия, пас аз ҳамлаи террористӣ ба ҷазираи Бали дар соли 2002, ихроҷи азими сайёҳон ба амал омад. Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ин кишвар аз ҳисоби сайёҳон, тақрибан 500 миллион доллари ИМА фоида ба даст меовард, пас аз ҳамлаҳои терористӣ, соҳаи туризм дар як рӯз то 1 миллион доллари ИМА-ро аз даст дод.
Пас аз он, ки терористон ба киштии Фаронсавии (Лимбург) ҳамла карданд, ширкатҳои суғуртави тарифҳои киштиҳои ба бандари Аден воридшударо ду маротиба баланд бардошт.
Ҳамин тавр, арзиши воридшави ба бандарҳои Яман барои ҳар як киштӣ то 150 ҳазор доллари ИМА афзоиш ёфт. Ин боис гардиди, ки соҳибони киштӣ барои киштиҳои худ хатсайрҳои дигарро интихоб кунанд. Дар натиҷа, ҳаҷми боргардиши бандарҳои Яман ду баробар коҳиш ёфт ва зарари моҳона бошад, ба 3,8 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Қобил ба зикр аст, ки дар ҷараёни ҳамлаҳои террористии Ал-Қоида ба Ню Йорк ва Вашингтон, беш аз 3 ҳазор нафар кушта, тақрибан 6 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳамла ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати байналмилалӣ, таъсири бузургу назаррас расонид.
Ҳанӯз хисороти расонидашуда дар натиҷаи ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) маълум нест.
Тибқи арзёбии Хазинаи Байналмилалии Асъор, талафот аз ин ҳамлаҳо (бо назардошти талафи молу мулк ва талафоти ширкатҳои суғурта) 21 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст. Вале коршиносони Маркази миллии таҳлили сиёсӣ (The National Center for Policy Analisis) дар ин маврид хулосаҳои гуногун доранд, аз ҷумла онҳо чунин мешуморанд, ки маҳв (нобуд) ва хисорот ба бинову иншоот, аз даст рафтани ҷой ҳои корӣ ба иқтисоди ИМА, тақрибан 100 миллиард доллар зиён расонидааст.
Коршиносони Маркази номбурда хисороти расонидашударо бо чунин рақамҳои оморӣ тасдиқ менамоянд:
- маҳви 4 ҳавопаймо бо арзиши 385 млн. доллар;
- бинои маркази умуми савдо ва арзиши барқароркунии он 3,5 миллиард доллар;
- таъмири як қисми бинои Пентагон – 1 миллиард доллар;
- корҳои тоза кардани партовҳо – 1,3 миллиард доллар;
- хароб ва несту нобуд гардидани мошинҳои хусусӣ, полис ва сӯхтор, моликияти шахсӣ ва корпоративӣ зиёда аз 10 миллиард доллар;
- хароҷотҳо барои баланд бардоштани чораҳои амниятӣ дар фурудгоҳҳо – 41 миллиард доллар;
- пардохти маблағ ҳар як аъзои оилаи кушташуда аз 500 ҳазор то 3 миллион доллар.
Дар давоми як моҳи пас аз ҳамлаҳои терористии 11 сентябр ҳаҷми савдои чаканаи ИМА 2,1 дарсад, сандуқӣ фармоишҳои саноатӣ 6,8 дарсад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад, ба андозаи 1 дарасд коҳиш ёфт.
Аз ин рақамҳо хулоса мегардад, ки фаъолияти террористӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ низ таъсир манфӣ расонда, ба баланд гардидани арзиши аслии молу маҳсулот кор ва хизматрасонниҳо оварда мерасонад.
Аз руи арзёбиҳои Институти Милкен, дар натиҷаи ин ҳамлаи терористӣ ИМА 1,8 миллион ҷои корашро аз даст додааст. Илова бар ин, 50 ҳазор амрикоиҳо барои кӯмакпулӣ вобаста ба бекорӣ муроҷиат карданд.
Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи Индустриияи Туризми Амрико, панҷ моҳ пас аз ҳамлаҳои соли 2001 237 ҳазор нафар дар тиҷорати сайёҳӣ бе кор монданд.
Дар тӯли сол, бинобар таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ ва пурзӯр намудани тартиби қабули хориҷиён ба ИМА, сайёҳони хориҷӣ ба ин кишвар 20 дарсад кам шуда, ки ин вазъ ба соҳаи мазкур 15 миллиард доллар зарар ворид намуд.
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мушкилоти ҷиддӣру ба ру шуданд, зарари мустақими онҳо ба 30 миллиард доллар расид. Бузургтарин ширкати ҳавопаймоии ҷаҳон аз қабили US Airways дар сатҳи муфлисшавӣ қарор гирифт.
Зарари ширкатҳои суғуртаи ИМА 40-50 миллиард долларро ташкил дод. Террористон назар ба офатҳои харобиовари табиӣ ба суғуртакунандагон зарари бештар расониданд.
Мувофиқи маълумоти Институти иттилооти суғурта (Insurance Information Institute), тӯфони харобиовар Эндрю дар таърихи ИМА (августи 1992) ба суғуртакунандагон 15,5 миллиард доллар зарар овард буд.
Хулоса терроризм ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ дар баробари дигар бахшҳо ба вазъи иқтисодии кишварҳо низ таъсири бузург мерасонад. Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст, бо чунин ҳадафҳои пасипардагии онҳо аз наздик шинос аст.
Аз таҳлилҳомушоҳида мегардад, ки ташакулли доираи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи маблағгузорӣ ва дастгирии моддиву молиявии онҳо алоқаманд мебошад.
Бинобар ин, мубориза ба муқобили маблағгузории терроризм, маҳдуд ва бартараф намудани манбаъҳои онҳо яке аз роҳҳои муассири муқовимат бо он мебошад.
Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки оқибатҳои фоҷеабори терроризму ифротгароиро аз сар гузоронидааст, тайи солҳои зиёд дар самти муқовимат ба зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст.
Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намуду шаклҳои маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидаанд, ки ин далеҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори давлатӣ дар ин ҷода гувоҳӣ медиҳад.
Одинаев А.И.,
муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС-и назди Президенти Чумњурии Тоҷикистон
Беҳбудов Ф.Ҷ.,
мутахассиси Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии МТС