Дар таърих ва сарнавишти инсоният асри XXI бо фазои ғайриоддӣ, махсусан воқеоти дар худ фарогирифтааш аз ҷумлаи асрҳои гузашта фарқ карда меистад. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта зодаи танҳо ин аср нестанд, аммо дар баробари асри нав ҷомаи навро ба худ гирифтаанд, яъне ҳар як падида шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кард. Терроризм низ падидаи нав нест. Нишонаҳои  он  дар давраҳои пеш  мавҷуд буд, аммо дар замони муосир он тарзу усули хосаи худро ба вуҷуд овардааст. Терроризм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рўз аз рўз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад. Ҳаррўза амалиётҳои гуногуни террористӣ дар гўшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала боиси ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Дар воқеъ дар шароити муосир батадриҷ густариш ёфтани тафаккури экстремистиву террористӣ бештари давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Амалҳои харобиовару даҳшатафкан, қатлу куштор, бераҳмиву ғоратгарӣ, дуздӣ, аз ҷумлаи фаъолияти террористону экстремистон мебошад, ки ҳамарӯза дар ҳар гушаву канори олам инсонҳои бегуноҳро ба доми худ афканда, мавриди ҳамла қарор медиҳанд. Бештари муҳаққиқон экстремизму терроризмро вабои аср ва хатарноктар аз бомбаи атомӣ барои тамоми сайёра арзёбӣ менамоянд. Хатару таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Бинобар ин, дар шароити пешомада танҳо сафарбарсозии тамоми имкониятҳои моддиву маънавӣ ва ба роҳ гузоштани як набарди умумимиллӣ метавонад роҳи дурусти мубориза бо ин тафаккур ва ин қувва бошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки экстремистону террористон тафаккури диниро такягоҳи худ қарор дода, ҳадафҳои ғаразноки худро амалӣ мегардонанд. Бояд қайд кард, ки терроризм ба асли дин тамоман бегона буда, ба он рабте надорад. Мутаассифона, бархе аз ашхос ва гурўҳҳои сиёсӣ зери ниқоби дин баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ, мафкураи одамонро заҳролуд намуда, ғояҳои диниро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва онҳоро ба роҳи ифротгароиву хурофотпарастӣ равона мекунанд. Таъкид намудан муҳим аст, ки ғояҳои ифротиву террористӣ ба ягон дин алоқамандӣ надошта, он маҳсули ғарази гуруҳҳои муайян аст. Аз ҳамин лиҳоз ҷомеа бояд, огоҳ бошад, ки террористону экстремистон ба хотири амалӣ намудани барномаҳои худ дин ва афкори диниро ҳамчун восита ба таври васеъ истифода менамоянд. Дар ҳақиқат таҳлили маводҳои илмиву матбуотӣ дар масъалаи мазкур нишон медиҳад, ки ин зуҳуроти номатлуб натиҷаи манфиатҳои кишварҳои абарқудрати  ҷаҳон мебошад. Мутаасифона, тайи чандин соли охир терроризму ифратгароӣ дар ҷомеа башарӣ рушд намуда кишварҳоеро ба монандӣ Афғонистон, Яман, Ливия, Ироқу Сурия, ба гирдоби ҳалокатбори худ кашид, ки акнун ба ҷойи шаҳру деҳоти обод харобазору вайронаҳо боқӣ мондаанду халос. Мутаасифона ба вуҷуд омадани давлати ба ном Исломии Ироқу Шом дар чанд соли охир, амалҳои террористиро дар ҷаҳон ба қадри баландтарин даҳшату ҷаҳолат оварда расонид.

Албатта,  яке аз самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар муҳити ҷамъиятӣ пешгирӣ намудани он мебошад. Роҳандозӣ намудани як қатор нақша чорабиниҳо, аз ҷумла вохурӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, бо кормандони дин ва адибону олимон дар байни ҷавонон хело бамаврид буда, баҳри васешавии ҷаҳонбинии диниву сиёсии ҷавонон мусоидат мекунад.

Дар роҳи дастгирӣ ва ҳамовозӣ ба давлати худ имрӯз таълуму тарбияи фарҳангии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, зеро ҷавонон неруи пешбар ояандаи ҷомеа буда, аз ақлу хирад ва донишу ҷаҳонбинии онҳо инкишофи минбаъда давлату ҷомеа вобастагӣ дорад. Дар ин раванд нақши падарону модарон, зиёиён ва ҷамъи бузургоне, ки пастию бландии зиндагиро хуб медонанд бояд дар таълиму тарбияи насли наврас нишонрас бошад, моро лозим меояд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандустиву хештаншиносӣ, худогоҳиву хирадсолорӣ ва фарҳангпарварӣ бо истифода аз мероси маънавии миллатамон тарбият намоянд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ масъалаи мубориза бо экстремизму терроризмро дар ҷойи аввал қарор додааст. Ҳануз аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатї мамлакати мо бар зидди ин ду падидаи манфури ҷомеа, муборизаи дастаҷамъонаро ба роҳ монда дар самти пешгирии он бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ мондааст. Албатта, таваҷҷуҳ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи пешгирии падидаҳои терроризму экстремизм дар ҷомеа огоҳона ва оқилона аст. Дар ин самт дар мамлакат то имрӯз як қатор қонунҳо ва стретегияҳои махсуси мубориза бо падидаи экстермзм ва терроризм қабул гардида, дар ҷомеа татбиқи худро ёфтаанд. Ҳамзамон, дар мамлакат пайваста кушиш мегардад, то корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа дар масъалаи пешгирии падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм, зарару оқибатҳои манфии он ба оммаи халқ фаҳмонда шавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун дар самти пешгирии ғояҳои ифротӣ ва мубориза бо ташкилотҳои террористӣ фаъолияти як қатор созмону ташкилотҳо ба монанди «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусалмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24» , ҲНИТ ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст. Манъ намудани фаъолияти ташкилотҳои мазкур ба хотири таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсии давлат мебошад. Имрӯз низ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа яке аз давлатҳои муваффақе ба ҳисоб меравад, ки дар самти мубориза бо ифротгароиву терроризм ташаббусҳои бузург нишон медиҳад. 

Мирзо Ашуров – корманди Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед